Аз дастовардҳои сисола то дурнамои иқтисоди рақамӣ

Дар марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи иқтисодиёти рақобатпазир, саноатикунонии босуръат ва рақамикунонии ҳамаҷонибаи муносибатҳои иқтисодӣ қадамҳои устувор мегузорад, масъалаи омодасозии кадрҳои баландихтисос аҳамияти калидӣ касб намудааст.

Пешвои миллат дар Паёмҳои ҳамасолаи худ пайваста таъкид менамоянд, ки сармояи инсонӣ муҳимтарин омили рушди устувори давлат ва кафили пешрафти иқтисоди миллӣ мебошад. Маҳз бо ҳамин мақсад солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат муайян гардида, барои рушди муассисаҳои таҳсилоти олӣ, такмили сифати таълим, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва рушди неруи зеҳнии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.

Рушди иқтисоди миллӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ ва таҳкими низоми бонкӣ имрӯз ба мутахассисони баландихтисос, донишманд ва рақобатпазир ниёзи бештар дорад. Дар ин раванд нақши муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахусус факултетҳои соҳавӣ, хеле муҳим аст. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон солҳои охир ба яке аз марказҳои асосии омодасозии кадрҳои соҳаи иқтисод, молия, бонкдорӣ ва бозори сармояи инсонӣ табдил ёфтааст. Билхосса, факултети молия ва қарзи муассисаи таълимии мазкур тӯли 30 соли фаъолияти худ ҳамчун яке аз мактабҳои муҳими омодасозии мутахассисони соҳаи молия ва бонкдорӣ мавқеи устувор пайдо намуда, дар таҳкими низоми молиявии кишвар саҳми арзанда мегузорад. Дар давоми сӣ соли фаъолият ин боргоҳи илму маърифат ҳазорон нафар мутахассисони соҳибкасбро ба камол расонидааст, ки имрӯз дар рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими низоми молиявӣ ва татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ днацши бориз доранд.

Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ин боргоҳи илму маърифат сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия Маҳмадалӣ Очилдиев мо бо декани факултети молия ва қарзи ДДМИТ Баҳодур Ҷурахонзода атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолият, дастовардҳо ва дурнамои рушд суҳбати ихтисосӣ орост.

- Дар шароити ҷаҳонишавии иқтисод ва тағйирёбии низоми молиявии байналмилалӣ кадом самтҳои афзалиятноки рушди факултети молия ва қарзро Шумо стратегӣ мешуморед ва чӣ гуна онҳо ба талаботи бозори меҳнати муосир мутобиқ гардонда мешаванд?

- Имрӯз низоми иқтисоди ҷаҳонӣ дар марҳилаи таҳаввулоти амиқ қарор дошта, рақобат дар бозорҳои молиявӣ рӯз ба рӯз шиддат мегирад. Дар чунин шароит факултети молия ва қарз се самти стратегиро афзал мешуморад: аввал таҳкими пояҳои илмӣ ва назариявии иқтисоди молиявӣ; дуюм омодасозии мутахассисони дорои салоҳиятҳои амалӣ ва таҳлилӣ; сеюм густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ.

Имрӯз факултет яке аз воҳидҳои муҳимтарини Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба шумор рафта, мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои «Молия», «Фаъолияти бонкӣ», «Иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ» ва «Бозори фондӣ» омода менамояд. Ҳамзамон дар зинаҳои магистратура ва докторантура (PhD) низ омодасозии кадрҳои илмӣ бомуваффақият идома дорад. Ҳадафи асосии мо тайёр намудани мутахассисоне мебошад, ки тавонанд дар шароити рақобати бозор, рушди иқтисоди рақамӣ ва тағйироти босуръати низоми молиявӣ фаъолияти самаранок дошта бошанд. Дар баробари ин, барномаҳои таълимӣ пайваста бо талаботи бозори меҳнат ҳамоҳанг гардида, унсурҳои иқтисоди рақамӣ, идоракунии молиявӣ, таҳлили хавфҳо ва моделсозии иқтисодӣ ба онҳо ворид карда мешаванд.

- Бо назардошти рушди босуръати технологияҳои молиявӣ (FinTech) факултет чӣ тадбирҳо меандешад, то мутахассисони соҳа на танҳо донишҳои анъанавии молиявӣ, балки малакаҳои рақамӣ ва таҳлили додаҳоро низ аз худ намоянд?

- Рақамикунонии иқтисод имрӯз аз самтҳои калидии рушди ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Факултет бо дарназардошти ин раванд фанҳои марбут ба молияи рақамӣ, технологияҳои молиявӣ, таҳлили додаҳои калон (Big Data) ва моделсозии молиявиро ба барномаҳои таълимӣ ворид намудааст.

Баланд бардоштани сифати таълим барои мо вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Танҳо дар соли таҳсили гузашта зиёда аз 45 ҳазор соати таълимӣ иҷро гардида, тамоми машғулиятҳо тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот ва талаботи низоми кредитӣ ба роҳ монда шуданд. Дар факултет истифодаи технологияҳои рақамӣ сол ба сол густариш меёбад. Айни замон дар синфхонаҳо 17 тахтаи электронии замонавӣ насб гардида, омӯзгорон аз онҳо васеъ истифода мебаранд. Ин имконият медиҳад, ки дарсҳо бо усулҳои интерактивӣ ва ҷолиб баргузор шаванд. Ҳамчунин, тамоми барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо ва матнҳои лексионӣ аз ҷониби Шӯрои илмӣ-методӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, сифати онҳо пайваста такмил дода мешавад. Ҳамзамон, лабораторияҳои муосири таълимӣ таъсис ёфта, донишҷӯён имкони кор бо платформаҳои воқеии таҳлилӣ ва барномаҳои молиявиро пайдо мекунанд. Ҳадафи асосӣ ин омода намудани мутахассисони рақамии дорои тафаккури таҳлилӣ мебошад.

- Ҳамкории факултет бо бахши воқеии иқтисод, аз ҷумла бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва институтҳои молиявӣ дар кадом сатҳ қарор дорад ва чӣ гуна ин ҳамгироӣ ба баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии кадрҳо таъсир мерасонад?

- Робитаи таълим бо амалия ва бозори меҳнат яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти мост. Тӯли 30 соли фаъолияти донишгоҳ саҳми факултети молия ва қарз дар таҳкими низоми молиявии миллӣ чашмрас мебошад. Факултет бо бонкҳо, ташкилотҳои молиявӣ, ширкатҳои суғуртавӣ ва дигар сохторҳои иқтисодӣ ҳамкории судманд дорад. Дар се даҳсолаи фаъолият факултет ҳазорон мутахассиси соҳаи молия, бонкдорӣ, андоз ва аудитро омода намудааст, ки имрӯз дар сохторҳои муҳими давлатӣ ва бахши хусусӣ фаъолият доранд. Бисёре аз хатмкунандагон ба мансабҳои роҳбарикунанда расида, дар таҳкими низоми молиявии кишвар саҳми назаррас гузоштаанд.

Донишҷӯён таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломиро дар муассисаҳои амалкунандаи молиявӣ мегузаронанд. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда, пеш аз хатм таҷрибаи касбӣ пайдо кунанд. Имрӯз ҳамкории факултет бо бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва муассисаҳои молиявӣ дар сатҳи устувор қарор дорад. Ин ҳамкорӣ дар шакли таҷрибаомӯзии донишҷӯён, гузаронидани дарсҳои амалӣ, лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби мутахассисони амалӣ ба раванди таълим сурат мегирад. Чунин ҳамгироӣ робитаи назария ва амалияро тақвият бахшида, сифати омодасозии кадрҳоро ба таври назаррас баланд мебардорад.

Қобили тазаккур аст, ки ҳоло бисёре аз хатмкунандагони мо дар Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молия, Амонатбонк, ташкилотҳои қарзӣ ва дигар сохторҳои муҳими иқтисодӣ фаъолият доранд. Ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки факултет мактаби устувори илмӣ ва касбӣ бунёд намудааст.

- Бо назардошти афзалиятҳои сиёсати иқтисодии кишвар, махсусан дар самти устувории молиявӣ ва ҷалби сармоя, факултет кадом ташаббусҳои илмӣ ва таълимиро барои омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба ин ҳадафҳо амалӣ менамояд?

- Мо талош мекунем, ки донишҷӯён аз солҳои аввали таҳсил ба фаъолияти илмӣ ҷалб шаванд. Дар назди кафедраҳои факултет 18 маҳфили илмӣ, 8 семинари илмӣ ва зермаҳфили «Зеҳн» фаъолият мекунанд. Донишҷӯёни мо дар олимпиадаҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона доранд. Аз ҷумла, дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии «Маърифат ва амнияти молиявӣ» ду донишҷӯи факултет сазовори ҷойи аввал гардиданд, ки барои тамоми ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён мояи ифтихор аст.

Ҷавонони мо танҳо дар таҳсил пешсаф нестанд. Онҳо дар мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ низ фаъолона иштирок менамоянд. Дастаҳои факултет дар мусобиқаҳои футбол, волейбол ва дигар намудҳои варзиш аз худ маҳорат нишон дода, ҷойҳои ифтихориро соҳиб мешаванд. Соли ҷорӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявии шоҳмот ва бокс низ донишҷӯёни мо натиҷаҳои хуб нишон доданд. Ин дастовардҳо аз рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон шаҳодат медиҳанд.

- Илм ва таҳқиқот дар фаъолияти факултет чӣ ҷойгоҳ доранд? Кадом самтҳои тадқиқотӣ имрӯз барои олимон ва омӯзгорони факултет афзалиятнок ба ҳисоб мераванд?

Факултет барномаҳои таълимиро бо назардошти ҳадафҳои стратегии рушди кишвар, аз ҷумла таъмини устувории молиявӣ, ҷалби сармоя ва самаранокии идоракунии захираҳо такмил медиҳад. Илова бар ин, дар даврони соҳибистиқлолӣ факултет ба як маркази муҳими омодасозии мутахассисони соҳаи молия табдил ёфтааст. Курсҳои бозомӯзӣ, семинарҳои илмӣ ва барномаҳои муштараки таҳсилӣ бо муассисаҳои байналмилалӣ амалӣ мегарданд. Аз овони таъсисёбӣ нақши факултети молия ва қарз дар омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи молия назаррас буд ва имрӯз хатмкардагони факултет дар рушди иқтисоди миллӣ дар рушди низоми молиявии миллӣ, идоракунии бонкҳо ва сохторҳои давлатӣ саҳми фаъол доранд. Самтҳои асосии тадқиқотӣ масъалаҳои сиёсати молиявӣ, устувории низоми бонкӣ, иқтисоди рақамӣ, идоракунии хавфҳои молиявӣ ва самаранокии сармоягузориро фаро мегиранд.

- Масъалаи баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ имрӯз яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеа мебошад. Факултет дар ин самт чӣ ташаббусҳо ва барномаҳои маърифатӣ амалӣ менамояд?

- Факултет дар баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ тавассути семинарҳо, барномаҳои омӯзишӣ ва чорабиниҳои маърифатӣ саҳми фаъол мегузорад. Мо мутахассисоне омода месозем, ки тавонанд лоиҳаҳои саноатиро аз ҷиҳати молиявӣ таҳлил, баҳогузорӣ ва дастгирӣ намоянд. Инчунин, онҳо дар ҷалби сармоягузорӣ ва идоракунии лоиҳаҳои бузург нақши муҳим мебозанд. Ин раванд ба ташаккули тафаккури молиявии ҷомеа мусоидат мекунад.

- Агар ба фаъолияти 30-солаи факултет назар афканем, кадом дастовардро Шумо муҳимтарин муваффақияти ин боргоҳи илму маърифат меҳисобед ва барои оянда чӣ ҳадафҳо пешбинӣ шудаанд?

- Муҳимтарин дастовард ин ташаккули мактаби илмии устувор ва омодасозии кадрҳои рақобатпазир мебошад. Дар оянда, рақамикунонии пурраи раванди таълим, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани мавқеи илмии факултет дар сатҳи минтақавӣ дар назар аст. Зеро дар ҷаҳони муосир бе ҳамкориҳои байналмилалӣ рушди босифати таҳсилот имконнопазир аст. Аз ин рӯ, густариши робитаҳои хориҷӣ хеле муҳим ва самаровар мебошад. Ин аст, ки олимон ва профессорони маъруфи Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон пайваста барои баргузории лексияҳо ва семинарҳои илмӣ ба ДДМИТ ташриф меоранд ва омӯзгорони мо низ ба макотиби олии дигар кишварҳо дар доираи муносибатҳои мутақобилан судманд ҷалб мешаванд. Ин аст, ки омӯзгорони факултет дар конференсияҳои байналмилалӣ иштирок намуда, натиҷаҳои таҳқиқоти худро муаррифӣ карданд. Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ташкили муомилоти пулӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ» яке аз рӯйдодҳои муҳими илмии сол гардид.

- Дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон паёми Шумо ба омӯзгорон, донишҷӯён, хатмкунандагон ва ҷавононе, ки мехоҳанд касби молиячӣ ва бонкдориро интихоб намоянд, чӣ хоҳад буд?

- Истиқлолияти давлатӣ барои мо на танҳо арзиши сиёсӣ, балки заминаи устувори рушди илм, маориф ва иқтисод мебошад. Ояндаи иқтисоди миллӣ дар дасти ҷавонони босавод, соҳибмаърифат ва ватандӯст қарор дорад.

Илм заминаи асосии рушди донишгоҳ мебошад. Феълан дар факултет 34 нафар омӯзгор фаъолият доранд, ки аз онҳо 4 нафар доктори илм ва профессор ва 13 нафар номзади илм мебошанд.Аз ин рӯ, ҳоло дар назди мо вазифаҳои муҳим қарор доранд. Пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати таълим, зиёд намудани шумораи омӯзгорони дорои унвони илмӣ, ҷалби мутахассисони хориҷӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ ва мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи иқтисоди рақамӣ. Мо ният дорем, ҳамкориҳоро бо муассисаҳои молиявии кишвар ва хориҷ густариш дода, барои омода намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварем. Бовар дорам, ки факултети молия ва қарз минбаъд низ ҳамчун яке аз марказҳои пешбари омодасозии кадрҳои соҳавӣ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.

P/S: Факултети молия ва қарзи ДДМИТ имрӯз ҳамчун яке аз марказҳои калидии омодасозии мутахассисони соҳаи молия ва иқтисод мавқеи устувор дорад. Имрӯз ин боргоҳи таълимӣ танҳо маркази омодасозии мутахассисон набуда, балки мактаби воқеии ташаккули кадрҳои соҳибкасб, муҳаққиқони ҷавон ва шаҳрвандони фаъол мебошад. Дастовардҳои назаррас дар самтҳои таълим, илм, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ ва ҳамкории амалӣ бо бахши воқеии иқтисодиёт аз иқтидори баланди коллективи омӯзгорон ва роҳбарияти факултет шаҳодат медиҳанд. Дар шароите ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди иқтисоди рақамӣ ва навовариҳои молиявӣ ворид мегардад, нақши чунин марказҳои илмӣ-таълимӣ дар таъмини иқтисоди миллӣ бо кадрҳои баландихтисос боз ҳам бештар мегардад. Ҳамоҳангсозии таълим бо талаботи бозори меҳнат, рушди илм ва татбиқи технологияҳои муосир нишон медиҳад, ки бешубҳа, факултети молия ва қарз минбаъд низ баҳри таҳкими иқтисоди миллӣ нақши муассир хоҳад дошт.

саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.

 

Мусоҳиб: Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ