Дар ҳошияи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани лола ва сиёҳгӯш”

Дар зиндагии мардуми тоҷик гул ва зебоии он мақоми хосса дорад. Гул рамзи зебоӣ, тароват, муҳаббат, меҳру самимият ва зиндагии осоишта ба шумор меравад. Табиат бо рангу накҳати гулҳо ба зиндагии инсон ҳусну таровати тоза мебахшад. Тоҷикистон низ бо табиати нотакрор, кӯҳҳои сарбафалак, чашмаҳои мусаффо ва гулҳои рангоранги худ дар ҷаҳон шинохта шудааст. Гулҳои зебои диёри мо яке аз сарватҳои бебаҳои табиӣ буда, таҷассумгари ҳусну зебоӣ ва рангорангии кишвари азизамон мебошанд.

Боиси ифтихор ва хушнудист, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи табиат, гиромидошти арзишҳои миллӣ ва тарғиби зебоиҳои Ватани маҳбубамон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Дар ин замина, гулҳои лола ва сиёҳгӯшро ҳамчун гулҳои миллӣ эълон намудан иқдоми муҳимму арзишманд ба ҳисоб меравад. Ин ташаббус барои тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба табиати диёр ва ҳифзи мероси табиии кишвар аҳаммияти калон дорад.

Қобили зикр аст, ки таърихи ҳар як миллат дар саҳифаҳои китобҳо, ёдгориҳои бостонӣ ва осори хаттӣ, дар расму оинҳо, ривоятҳо, ҷашнҳои мардумӣ ва муносибати он ба табиат таҷассум меёбад. Табиат аз замонҳои қадим барои миллати тоҷик сарчашмаи зиндагӣ, илҳом, зебоипарастӣ ва ҷаҳонбинии маънавӣ ба шумор мерафт. Кӯҳҳои сарбафалак, водиҳои сабзу хуррам, чашмаҳои мусаффо ва гулҳои рангоранги баҳорӣ дар ташаккули фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷик нақши муҳим бозидаанд. Дар миёни ин ҳама зебоиҳои табиӣ гулҳои лола ва сиёҳгӯш ҷойгоҳи хосса доранд, зеро онҳо бо фасли баҳор, ҷашни Наврӯз, суннатҳои мардумӣ ва хотираи таърихии ниёгони мо пайванди ногусастанӣ доранд.

Боиси тазаккур аст, ки 21 октябри соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имзои Фармон таҳти №1231 гулҳои лола ва сиёҳгӯшро гулҳои миллӣ эълон намуданд. Тибқи фармони мазкур, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидааст, ки ҷиҳати тарғибу муаррифии гулҳои миллӣ дар чорабиниҳои дохилидавлатӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешад. Ҳадафи асосии ин иқдом тарғиби мероси таърихию фарҳангии кишвар ва муаррифии бештари он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Эълон гардидани гулҳои лола ва сиёҳгӯш ҳамчун гулҳои миллӣ дорои аҳаммияти гуногунҷанба мебошад.

Пеш аз ҳама, ин иқдом барои муаррифии мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Гулҳои миллӣ метавонанд ҳамчун рамзҳои табиии кишвар дар намоишгоҳҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ, барномаҳои сайёҳӣ ва дигар иқдомҳои муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ истифода шаванд. Ин ҳадаф дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид гардидааст.

Дуюм, иқдоми мазкур барои густариши таҳқиқоти илмӣ дар самти омӯзиши олами наботот ва анъанаҳои мардумӣ аҳаммияти калон дорад. Омӯзиши навъҳои лола ва сиёҳгӯш, муҳити табиии нашъунамои онҳо, минтақаҳои паҳншавӣ ва хусусиятҳои биологиашон метавонад ба ҳифзи гуногунии биологии кишвар мусоидат намояд. Ҳамзамон, ҷамъоварӣ ва таҳқиқи ривоятҳо, сурудҳо, эҷодиёти мардумӣ ва хотираҳои таърихии марбут ба ин гулҳо барои ҳифзу гиромидошти мероси ғайримоддии фарҳангӣ муҳим мебошад.

Сеюм, гулҳои миллӣ метавонанд воситаи муассири тарбияи ватандӯстӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ бошанд. Вақте насли ҷавон дар бораи таърихи гулҳои диёри худ, робитаи онҳо бо ҷашни Наврӯз ва ҷойгоҳи ин гулҳо дар фарҳанги мардумӣ маълумот пайдо мекунад, дар зеҳни ӯ эҳтиром ба табиат, арзишҳои миллӣ ва мероси ниёгон бештар ташаккул меёбад.

Чорум, чунин рамзҳои миллӣ барои рушди сайёҳии фарҳангӣ ва экологӣ имкониятҳои нав фароҳам меоранд. Манзараҳои зебои лолазорҳои баҳорӣ, ҷашну маросимҳои мардумӣ ва табиати нотакрори Тоҷикистон метавонанд таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро бештар намоянд. Албатта, рушди ин самт бояд бо риояи меъёрҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ сурат гирад, то зебоиҳои нотакрори табиати кишвар аз таъсири манфии фаъолияти инсон эмин монанд.

Эълон гардидани гулҳои лола ва сиёҳгӯш ҳамчун гулҳои миллӣ нишонаи арҷгузорӣ ба зебоиҳои табиии кишвар, ифодагари масъулияти бештари ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист мебошад. Мо бояд кӯшиш намоем, ки ин гулҳои зебо аз нобудшавӣ эмин нигоҳ дошта шуда, барои наслҳои оянда низ боқӣ монанд. Чидани худсаронаи гулҳои худрӯй, осеб расонидан ба муҳити табиӣ ва беэътиноӣ нисбат ба олами наботот метавонад боиси камшавии захираҳои табиии кишвар гардад. Аз ин рӯ, ҳифзи гулҳо, сарсабзу хуррам нигоҳ доштани маҳалҳои зист ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ вазифаи муҳимми ҳар яки мост.

Ҳамзамон, ин иқдоми наҷиб барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои табиӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Хонандагону ҷавонон бояд аз хурдсолӣ дӯст доштани табиат, нигоҳубини гулу гиёҳҳо ва ҳифзи сарватҳои миллиро омӯзанд. Зеро табиати зебо ва муҳити солим неъмати бебаҳо буда, ҳифзи онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як инсон мебошад.

Хулоса, гулҳои лола ва сиёҳгӯш зебу зинати табиати Тоҷикистон, рамзи ҳусну тароват, фарҳанг ва сарвати табиии диёри азизамон мебошанд. Арҷгузорӣ ба ин гулҳо маънои эҳтиром ба Ватан, табиат ва арзишҳои миллиро дорад. Бинобар ин, ҳар яки мо бояд дар ҳифзу нигоҳдории гулҳои миллӣ саҳми арзандаи худро гузошта, барои боз ҳам зебову сарсабз гардидани Тоҷикистони маҳбубамон талош намоем.

Бигзор, гулҳои зебои миллии мо ҳамеша шукуфон бошанд ва ҳусни табиати биҳиштосои Тоҷикистонро боз ҳам афзун гардонанд!

 

Манучеҳр ЗАРИФОВ,

номзади илмҳои таърих, омӯзгори ДДМИТ