Дар ҷаҳони муосир кам масъалаеро метавон пайдо кард, ки мисли коррупсия ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ расонад. Коррупсия на танҳо ҷинояти иқтисодӣ, балки зуҳуроти номатлуби иҷтимоию ахлоқиест, ки эътимоди мардумро ба давлат, адолат ва ояндаи ҷомеа коста мегардонад. Вақте шахс барои гирифтани хизмате, ки қонунан ба ӯ тааллуқ дорад, маҷбур мешавад маблағи иловагӣ диҳад, на танҳо ҳуқуқи ӯ поймол мегардад, балки пояҳои адолати иҷтимоӣ низ халалдор мешаванд. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия вазифаи танҳо мақомоти давлатӣ набуда, масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад.

Калимаи «коррупсия» аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънои фасод ва вайроншавиро дорад. Дар маънои васеъ коррупсия истифодаи ваколатҳои хизматӣ ба манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ мебошад. Шаклҳои маъмули он ришваситонӣ ва ришвадиҳӣ, тасарруфи маблағҳои давлатӣ, хешутаборбозӣ, сӯиистифода аз мансаб, тамаъҷӯӣ ва таъини кадрҳо бар асоси шиносоӣ ё манфиатҳои шахсӣ мебошанд.

Хатари асосии коррупсия дар он аст, ки аксаран пинҳонӣ сурат гирифта, тадриҷан дар тафаккури ҷомеа ҳамчун роҳи осони ҳалли мушкилот пазируфта мешавад. Маҳз ба як амали муқаррарӣ табдил ёфтани чунин рафтор яке аз паҳлуҳои хатарноки ин зуҳурот мебошад.

Сабабҳои пайдоиши коррупсия гуногунанд. Аз ҷумла, омилҳои иқтисодӣ, аз қабили бекорӣ ва сатҳи пасти даромад, омилҳои институтсионалӣ, аз ҷумла нокифоя будани шаффофият ва назорат, инчунин омилҳои ахлоқию фарҳангӣ, ба монанди паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва бетафовутии ҷомеа, барои паҳншавии он замина фароҳам меоранд.

Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда муносибати дугонаи баъзе шаҳрвандон ба коррупсия мебошад. Онҳо аз ришваситонӣ шикоят мекунанд, вале дар ҳолатҳои зарурӣ худашон барои ҳарчи зудтар ҳал намудани масъала маблағ пешниҳод менамоянд. Ҳамин рафтор заминаи идомаи ин зуҳуротро фароҳам оварда, доираи фасодро васеъ мекунад.

Оқибатҳои коррупсия ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсир мерасонанд. Дар соҳаи иқтисодӣ он рақобати солимро халалдор намуда, ҷалби сармояро маҳдуд ва истифодаи самараноки маблағҳои давлатиро мушкил мегардонад. Дар соҳаи иҷтимоӣ бошад, нобаробариро афзоиш дода, дастрасии баробари шаҳрвандонро ба хизматрасониҳои муҳим маҳдуд месозад.

Махсусан, коррупсия дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ оқибатҳои вазнин дорад. Вақте дониш ва маҳорати касбӣ ҷойи худро ба муносибатҳои ғайриқонунӣ медиҳанд, сифати омодасозии мутахассисон коҳиш меёбад. Мутахассисе, ки мақоми касбиро на бо дониш ва заҳмат, балки бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардааст, метавонад ба ҷомеа зарари ҷиддӣ расонад. Ҳамзамон, чунин ҳолат эътимоди ҷавононро ба донишомӯзӣ ва меҳнати ҳалол коста мегардонад.

Дар сатҳи сиёсӣ коррупсия обрӯю эътибори давлатро коҳиш дода, эътимоди шаҳрвандонро ба мақомоти давлатӣ заиф месозад. Ҷомеае, ки дар он адолат ва баробарӣ таъмин нест, барои рушди устувор ва пешрафти ҳамаҷониба ба мушкилот рӯ ба рӯ мегардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муқовимат ба коррупсия заминаҳои ҳуқуқӣ ва сохторӣ фароҳам оварда шудаанд. Қонунгузории миллӣ дар ин самт такмил ёфта, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Ҳамчунин, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ ва низоми «равзанаи ягона» барои коҳиш додани тамоси бевоситаи шаҳрвандон бо кормандони масъул ва маҳдуд намудани имкониятҳои ришваситонӣ мусоидат мекунад. Бо вуҷуди ин, мубориза бо коррупсия танҳо бо қабули қонунҳо ва татбиқи ҷазо маҳдуд намешавад.

Барои ба даст овардани натиҷаи назаррас муносибати маҷмӯӣ зарур аст. Пеш аз ҳама, шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла дар истифодаи маблағҳои буҷетӣ, харидҳои давлатӣ ва қабули қарорҳо бояд таъмин карда шавад. Дуюм, рақамикунонии хизматрасониҳо бояд густариш ёбад, зеро истифодаи технологияҳои муосир метавонад таъсири омили инсонӣ ва имкониятҳои сӯиистифода аз ваколатҳоро коҳиш диҳад. Сеюм, интихоби кадрҳо бояд дар асоси дониш, малака, таҷриба ва озмунҳои шаффоф амалӣ гардад.

Дар баробари ин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ахлоқии шаҳрвандон аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Муқовимат ба коррупсия бояд аз оила ва муассисаҳои таълимӣ оғоз шавад. Тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ростқавлӣ, поквиҷдонӣ, адолат ва масъулиятшиносӣ барои ташаккули ҷомеаи солим замина мегузорад. Ҳар як шаҳрванд бояд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донад, аз амалҳои коррупсионӣ худдорӣ намояд ва дар ҳолати ошкор гардидани чунин қонуншиканиҳо ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунад.

Таҷрибаи байналмилалӣ низ нишон медиҳад, ки шаффофияти фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, эъломияи даромаду молу мулк, ҳимояи шахсони хабардиҳанда дар бораи ҳолатҳои коррупсионӣ ва таъмини мустақилияти судҳо метавонанд ба коҳиш додани ин зуҳурот мусоидат намоянд. Ҳамкории байналмилалӣ дар самти пешгирии қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва баргардонидани дороиҳои аз роҳи коррупсия бадастомада низ аҳаммияти калон дорад.

Дар маҷмӯъ, коррупсия зуҳуроти мураккаб ва хатарнок аст, аммо мубориза бо он имконпазир мебошад. Барои решакан кардани ин падида иродаи қавии сиёсӣ, волоияти қонун, шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки фаъоли ҷомеа зарур аст.

Мубориза бо коррупсия аз ҳар яки мо оғоз меёбад: аз рад кардани ришва, интихоби роҳи ҳалол, иҷрои софдилонаи вазифа ва бетараф набудан нисбат ба беадолатӣ. Танҳо дар сурати ҳамкории давлат ва ҷомеа метавон муҳите бунёд кард, ки дар он дониш, меҳнат, поквиҷдонӣ ва адолат арзиши олӣ дошта бошанд. Зеро ҷомеаи бе коррупсия ҷомеаи дорои эътимод, адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи шаҳрвандон мебошад.

 

Нозанин БОШЕРЗОДА,

омӯзгори ДДМИТ