Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) яке аз рӯйдодҳои муҳим ва сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ба шумор меравад. Аҳаммияти таърихии ин иҷлосия дар барқарорсозии ҳокимияти давлатӣ, таҳкими сохти конститутсионӣ, таъмини қонуният ва муайян намудани самтҳои асосии рушди минбаъдаи кишвар хеле бузург мебошад. Иҷлосияи мазкур дар шароити ниҳоят ҳассоси сиёсӣ ва иҷтимоӣ, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ баргузор гардида, барои раҳоии кишвар аз буҳрони шадиди сиёсӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар ин иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд, ки минбаъд дар ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ нақши калидӣ бозиданд. Дар маҷмуъ, дар ҷараёни иҷлосия як қатор санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳо, қарорҳо ва фармонҳо қабул гардиданд, ки барои барқарор намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ, таҳкими асосҳои ҳуқуқии давлатдорӣ ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар аҳаммияти калон доштанд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор омилҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба вуҷуд омаданд, ки ба раванди ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ таъсири ҷиддӣ расониданд. Ин омилҳоро шартан ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: омилҳое, ки ба рушди истиқлолият ва таҳкими давлатдорӣ монеа эҷод мекарданд ва омилҳое, ки барои ҳифз, таҳким ва пешрафти он мусоидат менамуданд.

Аз ҷумла, моҷароҳои сиёсӣ, ноустувории вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, ихтилофҳои дохилӣ ва ниҳоят сар задани ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷумлаи омилҳои хатарноке буданд, ки истиқлолияти нав бадастомадаи кишварро зери таҳдид қарор доданд. Дар чунин шароити душвор зарурати қабули қарорҳои сарнавиштсоз, барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ташкили фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ ба миён омад.

Яке аз муҳимтарин иқдомҳо дар роҳи ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин иҷлосия ва санадҳои ҳуқуқии дар он қабулшуда дар ҳифзи давлатдории миллӣ, барқарорсозии сохторҳои давлатӣ ва рушди ниҳодҳои демократӣ нақши муайянкунанда бозиданд.

Роҳбарияти нави кишвар бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва дар асоси омӯзишу таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат барои аз буҳрони амиқ раҳо намудани давлат тадбирҳои заруриро амалӣ намуд. Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти онҳо такмили низоми қонунгузорӣ, барқарор намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини сулҳу субот ба ҳисоб мерафт.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи нави давлатдорӣ сабт гардидааст. Он барои хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва ташаккули давлати соҳибистиқлоли ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ заминаи муҳим гузошт. Ин иҷлосия дар таҳкими сулҳу амният, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар нақши муассир гузоштааст.

Фаъолияти созанда ва ташаббусҳои роҳбарияти нави сиёсии кишвар, бахусус муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз интихоб шудан ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави рушди давлатдориро оғоз бахшид. Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳои нахустини худ таъкид намуда буданд: «Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам».

Дар рафти иҷлосия роҳбарони кумитаҳо ва комиссияҳои Шурои Олӣ, Раиси Шурои вазирон ва ҳайати нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ин тадбирҳо барои барқарор намудани фаъолияти мунтазами сохторҳои давлатӣ ва ташкили низоми самараноки идоракунии давлатӣ заминаи зарурӣ фароҳам оварданд. Санадҳои қабулшуда ба таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлатдорӣ, ташаккули сохтори демократӣ ва таъмини суботи сиёсӣ мусоидат намуданд.

Яке аз дастовардҳои муҳимми давраи баъди иҷлосия таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ дар 6 ноябри соли 1994 мебошад. Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ самтҳои асосии фаъолияти ҳокимияти давлатиро муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат дод ва барои ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ заминаи устувор гузошт.

Дар байни санадҳои муҳими қабулшуда дар иҷлосияи мазкур қонунгузории марбут ба масъалаи гурезагон низ мавқеи махсус дошт. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон» барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шахсони маҷбуран кӯчонидашуда, таъмини амнияти онҳо ва фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати бозгашт ба маҳалли зисташон аҳаммияти муҳим дошт. Ин иқдом бори дигар нишон дод, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини сулҳу субот аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб мераванд.

Бояд таъкид намуд, ки марҳилаи нави қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз аз ҳамин давраи сарнавиштсоз оғоз гардид. Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ барои ташаккули низоми мукаммали ҳуқуқӣ ва рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Имрӯз низ сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона гардидааст.

Пас аз баргузории ин иҷлосияи таърихӣ маълум гардид, ки роҳбарияти нави давлат барои таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзии кишвар иродаи қавии сиёсӣ дорад. Дар шароите, ки вазъи мамлакат ниҳоят мураккаб ва душвор гардида буд, қисми зиёди сокинони кишвар дар ҳолати тарсу ҳарос қарор доштанд ва ба ояндаи давлат эътимоди кофӣ надоштанд. Ҳатто баъзе шахсони соҳибтаҷриба барои ишғоли мансабҳои давлатӣ омодагӣ надоштанд. Бо вуҷуди чунин мушкилот, роҳбарияти нав барои барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таъмини суботи ҷомеа тадбирҳои ҷиддӣ андешид.

Ба шарофати қарорҳои таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар муддати нисбатан кӯтоҳ барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва фаъолияти ниҳодҳои фалаҷшудаи давлатдорӣ заминаи зарурӣ фароҳам оварда шуд. Дар ин раванд сохторҳои асосии идоракунии давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ тадриҷан барқарор ва ташаккул дода шуданд. Ҳамзамон, рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун рукнҳои муҳими соҳибихтиёрии давлат мавқеи хос пайдо намуданд.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар иҷлосия қабулшуда ва иқдомҳои пайвастаи роҳбарияти нави сиёсӣ барои ба эътидол овардани вазъи кишвар, қатъ намудани хунрезиҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои оштии миллӣ, барқарор намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва оғози раванди созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузоштанд.

Яке аз хусусиятҳои муҳими Иҷлосияи XVI муттаҳид гардидани вакилони мардумӣ дар атрофи масъалаҳои ҳаётан муҳими давлат ва миллат буд. Дар он рӯзҳои тақдирсоз вакилон бо дарки масъулияти баланди таърихӣ қарорҳое қабул намуданд, ки барои муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди кишвар аҳаммияти бузург доштанд. Маҳз дар ҳамин иҷлосия ғояҳои ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оштии миллӣ, авфу бахшиши якдигар ва муттаҳидии ҷомеа ҳамчун самтҳои асосии сиёсати минбаъдаи давлат матраҳ гардиданд.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо аҳаммияти дохилидавлатӣ, балки аҳаммияти байналмилалӣ низ дорад. Қарорҳо ва санадҳои дар он қабулшуда барои ҳифзи давлатдории миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва барқарорсозии сохторҳои асосии давлат замина гузоштанд. Он дар шуури ҷамъиятӣ ҳамчун рамзи эҳёи давлатдории тоҷикон, оғози марҳилаи нави рушди сиёсӣ ва талоши муштараки мардум барои расидан ба сулҳу ваҳдат ҷойгоҳи махсус пайдо кардааст.

Ҳамзамон, ин иҷлосия барои эҳё ва барқарор гардидани давлатдории миллии тоҷикон, ташаккули ниҳодҳои асосии давлатӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолияти миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Таҷрибаи таърихии он нишон медиҳад, ки дар шароити буҳронҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳамдигарфаҳмӣ, масъулияти миллӣ, иродаи сиёсӣ ва қабули қарорҳои саривақтӣ дар ҳифзи давлат ва таъмини ояндаи устувори он нақши ҳалкунанда доранд.

Хулоса, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун рӯйдоди тақдирсоз ва марҳилаи муҳимми эҳёи давлатдории миллӣ боқӣ мемонад. Аҳаммияти он пеш аз ҳама дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташкили заминаҳои ҳуқуқии рушди ҷомеа ва фароҳам овардани шароит барои расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ифода меёбад.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва ободонии Ватан саҳми арзандаи худро гузорад. Зеро истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ неъматҳои бебаҳо буда, ҳифз ва таҳкими онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

 

А. ХУШВАХТОВ,

ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори ДДМИТ