ИФТИХОРУ ФАХРИ АҲЛИ АНҶУМАН БОШАД ПАЁМ!
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсиву ҷамъиятии кишвар ба ҳисоб рафта, роҳҳои асосии рушди кишварро муайян карда, самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро нишон медиҳад.
Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои асосии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Яке аз самтҳои муҳим рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад, ки дар ин замина, саноатикунонӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, рушди энергетика ва дастгирии соҳибкорӣ ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ муайян гардиданд.
Ҳамзамон, дар Паём ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шуд. Таъмини шуғли аҳолӣ, афзоиши маошу нафақа, беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ва таҳкими ҳифзи иҷтимоӣ аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб мерафт.
Соҳаи маориф ва илм низ дар маркази диққати Роҳбари давлат қарор дошт. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки маориф омили асосии рушди ҷомеа буда, баланд бардоштани сифати таҳсил, омода намудани мутахассисони соҳибихтисос ва дастгирии ҷавонон вазифаи муҳим ба шумор меравад.
Инчунин, дар Паёми навбатӣ дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ таъкид гардид.
Илова бар ин, дар Паёми солона масъалаҳои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ низ баррасӣ гаштанд. Таъмини суботу оромӣ, мубориза бо таҳдидҳои замони муосир ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз самтҳои афзалиятнок мебошанд.
Хулоса, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳнамо барои фаъолияти минбаъдаи мақомоти давлатӣ ва ҷомеа хизмат намуда, ба рушди устувор, Ваҳдати миллӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар равона карда шудааст.
Шарофат ҚАЙСОВА,
муаллими калони кафедраи забони русӣ
Тоҷ
Рус
Eng