ЯКЕ АЗ САМТҲОИ МУҲИМТАРИНЕ, КИ ДАР ПАЁМИ НАВБАТӢ ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС ЗОҲИР ГАРДИД, СОҲАИ МАОРИФ БУД.
16 декабри соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ироа намуданд. Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки дар Паёми навбатӣ ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид, соҳаи маориф буд.
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки ояндаи давлат аз рушди илму маориф, тарбияи ҷавонон ва дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ парвариш ёфтани онҳо вобаста аст. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки рӯ овардан ба илму техника ва технологияи замони муосир имкон медиҳад, ки мамлакат мисли дигар кишварҳои мутараққӣ рушд намояд.
Роҳбари давлат иброз доштанд, ки аз рӯзҳои нахустини фаъолият ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоянд.
Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими таваҷҷуҳи давлат ба маориф афзоиши назарраси буҷети ин соҳа мебошад. Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025 дар 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл панҷуним баробар зиёд мебошад.
Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки давлат сармоягузории амиқро ба ояндаи мамлакат, яъне ба маориф ва таълиму тарбияи насли наврас анҷом медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд. Ин тадбир нишонаи эҳтироми давлат ба меҳнати омӯзгорон ва мураббиён буда, барои боло бардоштани шароити зиндагии онҳо равона гардидааст.
Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки вазъи амалишавии Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030-ро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, онро тибқи ҳадафҳои нави гузошташуда такмил диҳад.
Соли 2019 дар Паёми Роҳбари давлат солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шуда буд. Ин ҳадаф имрӯз низ идома дошта, ба густариши дониши илмии ҷавонон мусоидат менамояд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки омӯзиши пиряхҳо яке аз самтҳои муҳимми илми ватанӣ ва ҷузъи сиёсати давлатӣ мебошад. Бо пешниҳоди Тоҷикистон соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025-2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд. Ҳамаи сохторҳои дахлдор даъват мешаванд, ки фаъолияти илмӣ ва амалиро дар ин самт густариш дода, дастовардҳои худро дар арсаи байналмилалӣ васеъ муаррифӣ намоянд.
Яке аз ташаббусҳои муҳими байналмилалии Тоҷикистон қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» буд. Ин ташаббус нишон медиҳад, ки Тоҷикистон на танҳо ба маорифи анъанавӣ, балки ба маърифати ҳуқуқӣ низ аҳамияти калон медиҳад.
Роҳбари давлат дар Паём аз ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ ёдовар шуданд. Бо иқдоми давлати Тоҷикистон қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид. Ин нишон медиҳад, ки мамлакат дар роҳи рақамикунонии маориф ва истифодаи технологияҳои муосир қадами устувор мегузорад.
Дар доираи ислоҳоти маориф масъалаи гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим низ мавриди баррасӣ қарор дорад. Ин тағйирот барои мувофиқ гардонидани низоми маорифи Тоҷикистон бо стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини таҳсилоти босифати баробарҳуқуқ равона гардидааст.
Ҷавонон дар Паёми Президент ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа муаррифӣ шуданд. Маҳз онҳо метавонанд арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои давлатдориро ҳифз ва идома диҳанд. Худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон бояд тавассути иштироки фаъол дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ тақвият ёбад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025 нишон медиҳад, ки маориф ҳамчун асоси рушди миллӣ ва давлатдорӣ баррасӣ мегардад. Афзоиши буҷет, боло бардоштани музди меҳнати кормандон, такмили стратегияҳо, таваҷҷуҳ ба илмҳои муосир, рақамикунонӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи маориф мебошанд.
Амалисозии ин ҳадафҳо имкон медиҳад, ки Тоҷикистон қадами мустаҳкам ба сӯи ояндаи дурахшон гузорад ва ҷавонони тоҷикро ба муваффақиятҳои илмӣ, касбӣ ва иҷтимоӣ расонад.
Миралӣ ШОДМОНОВ,
н.и.ф-м., дотсент, мудири кафедраи умумидонишгоҳии математикаи олии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng