ПАЁМ - ТАҲЛИЛ ВА ОЯНДАБИНИИ РУШДИ ҶОМЕА
Яке аз омилҳои асосии пешравии тамоми соҳаҳои кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз паёмҳои ҳамасолаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии калон дорад. Худ қазоват намоед, ки дар ҳар як Паём Пешвои миллат дар бораи нақшаҳо маълумоти мушаххас пешниҳод менамоянд, ки саҳм ва сатҳи иҷтимоӣ-иқтисодии мардуми кишвар дар он ҷо қайд гаштааст.
Паём нақшаест, ки моро ҳамчун як фарди ин ватани биҳиштосо барои ноил гаштан ба мақсади хеш роҳнамоӣ менамояд. Паёмро мо метавонем дурнамои тараққиёти ояндаи кишвар тасвир намоем. Боиси фахр аз Сарвари давлат дар он аст, ки ҳар сол пешниҳодҳояшон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид садо дода, пазируфта мешаванд. Ин гувоҳи ҷасорату мардонагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фидокорию фарҳанги сулҳпарварона, тадбирандешии хиради азалӣ ва қалби саршор аз муҳаббату самимият ба халқу ватанро нишон медиҳад.
Дар ҳақиқат, ҳар як фарди ватандӯст ифтихор менамояд, ки дар тули солҳои Истиқлолият таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ қадар дигаргуниҳои куллӣ оид ба вазъи сиёсиву иқтисодӣ, дарёфти роҳҳои рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвару ҷаҳон ва бевосита баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба амал омадааст.
Хурсандиовар аст, ки дар ҳар Паёми Сарвари давлат бевосита самти илму маориф қайд гардида, беҳбудсозии он масъалагузорӣ карда мешавад. Соҳаи маориф имрўзҳо самти асосии сиёсати давлат гаштааст, ки асос тарбия ва таълими насли ҷавон мебошанд ва саҳмгузории ҳар яки мо дар ин ҷода қарзи ватандорист.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми қаблию навбатӣ қайд намуданд, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад.
Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,6 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 115 миллиард ба 173 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфт, ки аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 омада расидааст.
Тавре Роҳбари давлат иброз доштанд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат ва илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳаками онҳо имрӯз гузошта мешавад».
Дуруст аст, ки такрор ба такрор қайд мегардад, ки бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа мешавад.
Имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам овардааст, мо ҳамчун як фарди ҷомеа бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъол намуда, дар бозори меҳнат ва арсаи байналмилалӣ мавқеи хосро касб намоем. Вобаста ба ин, бо боварии комил бояд қайд намуд, ки ҳамчун пайравони сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ба ҳадафи мазкур хоҳем расид.
Хуллас, Паёми навбатии Президенти кишвар ҳар як фард ё худ тоҷикистониёнро ҳушдор месозад, ки аз таҳлил ва ояндабиниҳои пешниҳодгашта хулоса бароварда, худшиносии миллӣ, ватанпарастиву хештаншиносӣ, саҳмгузорӣ ба рушди босуботи кишварро шиори доимии худ қарор диҳем.
Рустам ХОЛОВ,
и.в. мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор
Тоҷ
Рус
Eng