МАОРИФ ВА ИЛМИ ПЕШРАФТА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ
Имрӯзҳо барои рушду тақвияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳолии мардум зарурати мустаҳкам намудани соҳаи маориф ва илм ба миён омадааст. Яъне, маориф ва илм муҳаррики пешбарандаи ҳаёти ҷомеа буда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷомеаи имрӯза метавонад таъсир расонад.
Барои дастгирии ин соҳаи асосӣ ҳамасола аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муассир андешида мешавад. Ин аст, ки ҳамасола беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро маблағгузорӣ ба соҳаи мазкур ташкил менамояд.
Дар соли 2026 бошад, аз буҷети давлатӣ 14 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ ба ин соҳаи калидӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 ва нисбат ба соли 2015, яъне дар тули даҳсолаи гузашта панҷуним баробар зиёд мебошад.
Ин нишондиҳандаҳо инъикосгари он аст, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин соҳаи муҳим хеле зиёд буда, барои рушду равнақи соҳаи маориф ҳамаҷониба тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд.
Аз ин рӯ, таъмин намудани кадрҳои баландихтисос ва дорои донишҳои замонавии лозима ба зиммаи соҳаи мазкур во гузошта шудааст. Таълиму тарбияи насли ҷавон пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор мегирад, чунки он қисматҳои ҷудонашавандаи ташаккули инсон аст, ки ба ҳаёти он ва ҷомеа таъсир мерасонад.
Тавре дар Паёми Сарвари давлат қайд гардид, сол то сол аҳолии кишвар зиёд шуда истодааст, ки дар оянда ба мушкилоти норасоии муассисаҳои таълимӣ, кадрҳои омӯзгорӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилот ба мушкилиҳо оварда мерасонад. Аз ин лиҳоз, тибқи дастури Пешвои миллат вобаста ба масъалаи таъмини минбаъдаи хонандагон, ки мувофиқ ба таҳлилҳо тули 25 соли оянда ба 4 миллион нафар мерасанд, чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳлилу баррасӣ гашта, барои ҳадафҳои нави дар самти мазкур гузошташуда такмил дода хоҳад шуд. Вобаста ба рушду равнақ додани соҳаи мазкур аз байн бурдани омилҳои инсонӣ, ки метавонад ба сифати таҳсилот дар тамоми зинаҳои он таъсир расонад, зарур аст.
Инчунин, дар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар, аз ҷумла падару модарон ва омӯзгорон муроҷиат намуданд, ки дар масъалаи таълиму тарбия ва донишазхудкунии насли ҷавон ва нигоҳубини дурусти онҳо бо камоли масъулият муносибат намоянд. Чунки шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир талаби назорат ва дастгирии ҳамаҷонибаи насли ҷавонро тақозо менамояд. Насли ояндасоз бояд бо шароитҳои рақамӣ, инноватсионӣ ва аз моделҳои куҳнашуда дур таълиму тарбият гиранд. Донишҳои замони муосирро аз худ намоянд, то ин ки сармояи инсонии онҳо боло равад. Сармояи инсонӣ худ дар замони мо дороии гаронтарине мебошад, ки аз дигар дороиҳо ба монанди сарватҳои табиӣ ва сармояи ҷисмонӣ волотар аст.
Албатта, таълиму тарбия нақши муҳимро дар рушди ҷавонон ишғол менамояд, аммо барои боз ҳам ба шахсияти комил табдил ёфтани наврасону ҷавонон, бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва ҳимояи ин арзишҳои муқаддаси миллат тарбият намуд. Муҳимтар аз ҳама, тавре дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, сарҷамъии миллат ва дар канори ҳам будани мо метавонад миллати тоҷикиро ба тамоми дастовардҳо ва пешравиҳо расонад.
Вобаста ба нишондиҳандаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати асосии ҷомеаи имрӯза бояд ба пешрафт гардонидани соҳаи маориф ва илм равона карда шавад.
Шаҳноза АБДУЛЛОЕВА,
ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор
Тоҷ
Рус
Eng