Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ҳастаиро ба миён овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Раванди ҳодисоти чанд даҳсолаи охир дар бештари ҳолатҳо собит намудааст, ки аксар ҳодисаҳои марбут ба терроризм ё ба истилоҳ, даҳшатафканиро таҳиягарони гурӯҳҳои ифротӣ кӯшиш менамоянд. дар миёни ҷавонон татбиқ намуда, аз нерӯи бузурги онҳо ҳадафнок сӯйиистифода намоянд.

Ҳамагон шоҳидем, ки дар ҷаҳони пуртазод баҳсу талошҳои идеологӣ марҳила ба марҳила вусъат меёбанд. Аз ин рӯ, ҳар як миллату давлатро мебояд нисбат ба ҳифзи манфиатҳои миллии худ талош варзад. Дар ин замина, Тоҷикистон низ барои пойдории фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саъй менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, барои ҳар инсон шароити зиндагии мусоиду  арзанда фароҳам овардааст.

Ин матлаб дар оғози матни Конститутсияи кишвар дарҷ гардида, асоси идеологияи давлати моро ташкил медиҳад ва яке аз бахшҳои муқаддасоти миллии мо маҳсуб меёбад.

Мавриди зикр аст, ки кулли арзишҳои моддӣ ва маънавии мо дар асоси  ин матни конститутсия бояд ташаккул ёфта, манфиатҳои он ба таври қатъӣ аз тарафи шаҳрвандон, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба инобат гирифта шаванд. Иқдомҳои созандаи Роҳбарияти олии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини шаҳрвандон бо ҷои кор, рушди бемайлони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, риояи ҳуқуқи шаҳрвандон, бахусус озодиҳои эътиқодии мардум сутуданист. Аз ин рӯ, бо шукргузорӣ аз фазои мусоиди кору рӯзгор вазифаи ҳар шахси меҳанпарасту миллатдӯст, бахусус ҷавонон, аз он иборат аст, ки ба равияҳои номатлуби замони муосир, ба монанди радикализм, экстремизм ва терроризм майл накарда, баҳри ҳифз намудани якпорчагии ватани маҳбубамон, арзишҳои моддиву маънавии он, ҷомеаи озоду мустақили Тоҷикистони биҳиштосо ҳамеша саъю талош варзанд.

Аммо, мутаассифона, имрӯз бархе аз ҷавонони мо, ки саводи динии хуб надоранд, ҷиҳодро нодуруст фаҳмида, мазмуни онро дар тарконидану нобуд кардани худ ва дигарон  мебинанд, ки ин аз надоштани саводи кофии динӣ ва дунявии ҳамин шахсон дарак медиҳад. Аз ин лиҳоз, мо – насли солорро зарур аст, ки бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ зеҳнияти ҷавононро ба он равона созем, ки ҷиҳод мазмуни васеъ дорад, яъне ҷиҳод ба хондан, ҷиҳод ба зиндагии шоиста, ҷиҳод ба рушди ақли солим, ҷиҳод дар роҳи хидмати падару модарро маҳаки зиндагии шоиставу обод ва созандаи худ қарор диҳанд.

Бмноан, бо назардошти дарки моҳияти падидаҳои номатлуби ҷомеа ва ҳимояи арзишҳои волои ниёгонамон моро мебояд барои аз ҷониби гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ мағзшӯӣ нашудан дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакатамон эҳсоси баланди худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, таҳрик бахшидан ба андешаи солим, азхуд намудани донишҳои замонавӣ, омӯзиши касбу ҳунарҳои муосир ва дар умум, риояи волоияти қонунро ҷой намоем, то онҳо дар оянда низ ҳамчун фарзандони шоистаи Ватани азизамон ба камол  расанд.

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ