Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ ба эҳёи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Сиёсати давлат дар ин марҳила ба таври возеъ бар пояи арҷгузорӣ ба мероси таърихӣ ва илмии халқ таҳия ва татбиқ гардид. Таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмӣ ба дастовардҳои муҳим ноил гашт.

Дар ин замина, мероси таърихӣ ҳамчун пояи асосии худшиносии миллӣ ва яке аз сарчашмаҳои таҳкими ваҳдати ҷомеа мавқеи марказиро ишғол намуд. Аз оғози истиқлол, бо вуҷуди мушкилоти ҷанги шаҳрвандӣ, эҳёи рамзҳои давлатӣ, эҳёи ҷашнҳои миллӣ ва рушди сиёсати илмӣ аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим ба шумор меравад. Ин иқдомҳо дар асоси таҳқиқоти илмӣ ва сиёсати ҳадафманд ба роҳ монда шуда, на танҳо барои таҳкими ҳувияти миллӣ, балки барои барқарорсозии сулҳу субот ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ нақши муассир бозиданд.

Таҳлили адабиёти илмӣ ва воқеияти имрӯза оид ба ташаккули идеяи миллӣ ва ҳувияти миллӣ дар шароити ташкилёбии муносибатҳои нави иҷтимоӣ дар ҷумҳурии мо ба он ишора мекунанд, ки дарки ҳувияти миллӣ аз ҷониби мардуми тоҷику тоҷикистонӣ хеле муҳиму масъалаи ҷиддӣ буда, дар таҳкими давлати соҳибистиқлоли миллӣ муҳим аст. Он танҳо дар асоси шинохти амиқу тарҳрезии идеяи миллӣ муяссар мегардад.

Бояд гуфт, ки ҳувияти миллӣ яке аз ҷузъҳои ҳувияти фард аст, ки он марбут ба эҳсоси мансубият доштани вай на фақат бар миллату фазои муайяни фарҳангию иқтисодӣ, балки бар кишвару давлати муайян низ мебошад. Ҳувият - хусусияти равонии инсон аст, ки он тасаввуроти мутамаркази шахсро оид ба мутааллиқ будани вай ба гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ нишон дода, дар баробари умумияти забонӣ, касбӣ, мазҳабию нажодӣ, сиёсию фарҳангӣ доштан, он, инчунин, ташаккули умумияти этникии худогоҳеро, ки дар фазои ягонаи иқтисодӣ майли ҳамдавлатӣ, ҳамватанӣ, якпорчагӣ ва фаъолияти иҷтимоии дастҷамъона намуданро баҳри ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва некуаҳволии мардуми кишвар азму субот доранд, зоҳир месозанд.

Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти унсурҳои ҳувияти миллӣ ва боло бурдани худшиносии миллӣ тадбирҳои қатъӣ андешида истодаанд. Тадбирҳои андешида ва амалигардида аз унсурҳои муҳимми ҳувияти миллии тоҷикон дарак медиҳад. Дар ин замина, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудани Қонун “Дар бораи забони тоҷикӣ” аз 5-уми октябри соли 2009, барпо намудани ҷашнвораҳои бузурги сатҳи давлатӣ, аз қабили “Бузургдошти 1100-солагии давлатдории Сомониён”, “1150-солагии сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ”, эълони соли 2006 ҳамчун “Соли фарҳангу тамаддуни ориёӣ”, таҷлили “2700-солагии шаҳри Кӯлоби бостон”, “Гиромидошти 1130-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулпазир дар ислом Имом Абуҳанифа”, “5500-солагии Саразми бостон”, ҳамасола бошукӯҳ ҷашн гирифтани иди байналмилалии Наврӯз ва идҳои мазҳабие, чун Иди Фитр ва Иди Қурбон, эҳёи ҷашнҳои миллиамон чун Меҳргон ва Сада аз чораҳои амалӣ дар самти мустаҳкам намудани ҳувияти миллии мо дарак медиҳанд.

Дар ин баробар, барои насли ҷавону ҷомеаи кунунии кишвар рӯйдоди муҳиме, ки дар фаҳми ҳувияти миллӣ ва масъалаи худшиносии миллӣ чун дигар маъхазҳо саҳми назаррас дорад, ин ба нашр расидани китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Чеҳраҳои мондагор» мебошад. Мутмаинам, ки омӯзиш ва аз худ намудани муҳтавои ин китоб метавонад ба баҳсҳои ҳувият дар ҷомеаи мо такони ҷиддие бахшад, зеро дар он тамоми ҷабҳаҳои ҳувият ва андешаи миллӣ инъикос гардидаанд.

Дар сиёсати хирадмандона ва таълифоти Сарвари давлат масъалаи меҳварӣ, яъне ҳувият ва худшиносии миллӣ дар ҷои аввал меистад. Пешвои миллат зимни ҳар суханронӣ хотиррасон мекунанд, ки: “Инсон бояд қувва ва имконоти худро дар вобастагии кулл бо доираи манфиатҳои миллӣ дарёбад, таърихи миллатро донад, худро нисбат ба тақдири Ватан масъул шуморад”.

Қобили зикр аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат ташаккули фарҳанги замони истиқлолият дар заминаи фарҳанги ахлоқӣ ва ҳаёти маънавии халқи тоҷик дар руҳияи сулҳпарварӣ ва таҳаммулгароӣ асос ёфта истодааст. Дар муқобили идеяҳои таҳмилшудаи хориҷӣ, ки ҳадафашон аз сар задани низои миллӣ ва мазҳабӣ иборат аст, фарҳанги миллии мо бо ҷалби қувваҳои фарҳангии дунявӣ ба сӯи ризоият ва ваҳдати миллӣ қадам мезанад.

Донистани таърихи миллат, инчунин, дарки маънои рамзии идҳои миллӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ барои тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, дарки арзишҳои миллӣ ва ташаккули худшиносии миллии тоҷикон дар муҳити наслҳои оянда зарур аст. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд озмунҳоро, аз қабили “Илм - фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва дигар озмунҳоро ба роҳ монданд, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхониву тақвияти неруи зеҳнӣ миёни аҳолии кишвар, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ бисёр ҳам саривақтӣ мебошад.

Фатҳиддинзода Қадриддин Қамариддин,

муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ