Мо ҷавонон ифтихор аз он дорем, ки сазовори бовариву эътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаем.  

Чунин итминон ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллии ҷавонони саодатманди диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозанд, то ба қадри неъматҳои бебаҳое ба мисли истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасем.

Имрўз љавонони саодатманди диёр бо сарфарозиву шукуҳмандӣ аз чунин фазои ободу озод ташаббусҳои беназири Пешвои миллатамонро дастгирӣ намуда истодаанд. Албатта, ҷавононро ҳамчун насли ояндасози давлату миллат ва қувваи пешбарандаи ҷамъият эътироф кардани Президенти мамлакат боиси болидарўҳии мо гардида, бовариямонро ба фардои дурахшони меҳан қавӣ ва масъулиятамонро баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлати дучанд менамояд. Бо азму иродаи қавӣ сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намуда, бо матонату якдилӣ ваъда медињем, ки мо љавонон  пайравони Пешвои миллат  буда, дар роњи осоиштагии кишвар  устуворона  қадам мегузорем.

Зеро дар Ватане, ки мо умр ба сар мебарем, њар зарра хокаш муқаддас ва њар ваљаб заминаш каъбаи имону ихлос ва шукру сипос мебошад. Носипосӣ ба ин хоку сарзамин ва ғамхориҳои сарвари он нохалафону носипосонро кӯр мекунад.

Салмон МАҚСАДУЛЛОЗОДА,

донишҷӯи соли дуюми

факултети иқтисод ва идораи давлатӣ,

 ихтисоси 1-25010728