Дар ҷаҳони зудтағйирёбандаи имрӯз рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсионӣ боиси ташаккули иқтисоди рақамӣ гардидааст, ки он яке аз омилҳои муҳими пешрафти иқтисодиёти кишварҳо ба ҳисоб меравад. Иқтисоди рақамӣ маҷмӯи фаъолиятҳои иқтисодиест, ки бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, интернет, ва платформаҳои электронӣ амалӣ мегарданд. Дар чунин шароит таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ба татбиқи як қатор тадбирҳои муҳим вобаста мебошад, ки муҳимтарини онҳо рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, рушди инфрасохтори рақамӣ, омода намудани захираҳои инсонӣ, дастгирии соҳибкории рақамӣ ва инноватсия, ҳамчунин, такмили қонунгузорӣ ва амнияти иттилоотӣ ба шумор мераванд.

Тавре Президенти мамлакат дар Паёми худ огоҳона ва ояндабинона дастур доданд: “Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд.

Парламенти кишварро зарур аст, ки барои таъмин намудани заминаи ҳуқуқии гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ чораҷӯйӣ намояд”.

Дар ҳамовозӣ ба ин дастури Пешвои миллат метавон зикр кард, ки гузариш ба хизматрасониҳои электронӣ, автоматикунонии истеҳсолот, истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ ва платформаҳои рақамӣ агар аз як тараф имкон фароҳам оранд, ки маҳсулнокии меҳнат баланд гардида, хароҷоти истеҳсолот коҳиш ёбад, аз сӯи дигар, рақамикунонӣ шаффофияти фаъолияти иқтисодиро зиёд намуда, ба рушди соҳибкорӣ мусоидат мекунад. Ин аст, ки ҷиҳати рушди иқтисоди рақамӣ таъмини саривақтии дастрасӣ ба интернети баландсуръат, шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ва марказҳои додаҳо нақши калидӣ доранд. Танҳо дар ҳамин сурат инфрасохтори муосири рақамӣ имконият медиҳад, ки хизматрасониҳои электронӣ ва тиҷорати онлайн рушд намоянд.

Бо вуҷуди ин, набояд нодида гирифт, ки иқтисоди рақамӣ ҳузури мутахассисони дорои донишҳои технологияҳои иттилоотиро талаб мекунад. Аз ин рӯ, такмили низоми таҳсилот, омӯзиши малакаҳои рақамӣ ва рушди саводнокии рақамии аҳолӣ дар рушди иқтисодӣ ногузир аст. Дар ин замина, мутахассисон бар ин назаранд, ки ҳавасмандгардонии стартапҳо, рушди тиҷорати электронӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба технологияҳои нав ва ташкили муҳити мусоид барои фаъолияти инноватсионӣ рушди иқтисоди рақамиро таъмин менамояд.

Дар ҳамин шароити мураккаби номусоидии иқлими иқтисодӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тадриҷан баҳри гузариш ба иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда истодааст. Зеро иқтисоди рақамӣ барои кишвар имконият фароҳам меорад, ки рақобатпазирии иқтисодӣ баланд гардида, самаранокии идоракунӣ ва хизматрасониҳо беҳтар шаванд. Бо назардошти он ки татбиқи саривақтии технологияҳои рақамӣ ба ҳаёти ҳаррӯзаи шаҳрвандон таъсири мусбат мерасонад ва низ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои созанда Ҳукумати мамлакат солҳои 2025 - 2030 -ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуд. Коршиносон ва соҳибназарон низ ҳадс мезананд, ки дар сурати рушди пайгиронаи инфрасохтор, такмили қонунгузорӣ ва омодасозии кадрҳои рақамӣ кишвари мо метавонад аз имкониятҳои иқтисоди рақамӣ самаранок истифода намуда, дар беҳтаршавии ҳарчӣ бештари маҷмуи хизматрасониҳо, сатҳу сифат ва шаффофияти онҳо нақши барозанда бозад. Зеро гузариш ба иқтисоди рақамӣ барои Тоҷикистон яке аз роҳҳои муҳими таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, фишанги калидии баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ шуморида мешавад.

Ҳарчанд Тоҷикистон дар самти рақамикунонӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст, вале барои расидан ба сатҳи кишварҳои пешсаф зарурати рушди инфрасохтор ва омодасозии кадрҳои мутахассис вуҷуд дорад.

Мусаллам аст, ки тайи солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи хизматрасониҳои электронӣ густариш пайдо карда истодаанд. Ба ин маънӣ, ки рушди иқтисоди рақамӣ дар кишвари мо ба татбиқи сиёсати мукаммал, рушди инфрасохтор, омода намудани кадрҳо ва дастгирии соҳибкорӣ вобаста мебошад. Агар ин тадбирҳо пайгирона амалӣ гарданд, иқтисоди рақамӣ метавонад ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди соҳибкорӣ ва таҳкими иқтисоди миллӣ мусоидат намояд.

Зимнан, иқтисоди рақамӣ метавонад сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намуда, рушди иқтисодиро таъмин кунад. Тоҷикистон, албатта, барои рушди ин самт имкониятҳои зиёд дорад, вале зарурати рушди инфрасохтор, такмили қонунгузорӣ ва омодасозии кадрҳо ҳамчун мушкил боқӣ мемонанд, ки дар ҳалли онҳо муассисаҳои олии таълимӣ метавонанд мусодат кунанд ва саҳмгузор бошанд.

Мутаносибан муассисаҳои таълимӣ бояд дар ин самт роҳандозӣ ва рушди ихтисосҳои технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ ва амнияти киберӣ, ҳамзамон, бо омода намудани мутахассисони баландихтисос рушди иқтисоди рақамиро заминагузорӣ намоянд.

Дар навбати худ макотиби олӣ метавонанд бо таъсис ва такмили марказҳои илмӣ ва технологӣ стартапҳо ва лоиҳаҳои инноватсиониро дастгирӣ намоянд. Ин раванд метавонад ба рушди иқтисоди донишбунёд ва технологияҳои иттилоотии замонавӣ, ки аз касбҳои калидии замони муосир ба ҳисоб мераванд, замина гузошта, тарзи идоракунии иқтисод, молия ва соҳибкориро куллан тағйир бидиҳад. Барои чунин мутахассисон ҳам малакаҳои иқтисодӣ ва ҳам донишҳои технологияҳои рақамӣ заруранд.

Дар ин росто Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба сифати муассисаи олии касбии муосир ва ба бозори меҳнат мутобиқ пойгоҳи муҷаҳҳазест, ки ҷиҳати омодасозии мутахассисони иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотӣ бо таъсиси ихтисосҳои нав, факултет ва кафедраҳои соҳавӣ, лабораторияҳои муосир, рақамикунонии раванди таълим, рушди фаъолияти илмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.

Ин тадбирҳо ба талаботи бозори меҳнат ва сиёсати давлатии рақамикунонии иқтисодиёт мутобиқ карда шудаанд. Чунончӣ, дар донишгоҳ ихтисоси махсуси иқтисоди рақамӣ ташкил гардидааст, ки дар назди кафедраҳои марбут ба моделсозии математикӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба роҳ монда шуда, кафедраҳои информатикаи амалӣ дар иқтисод, иқтисоди рақамӣ ва логистика, низомҳои иттилоотӣ ва инноватсионӣ дар иқтисод амал карда, дар баробари ин, барои мутобиқ шудан ба талаботи иқтисоди рақамӣ ва бозори меҳнат як қатор ихтисосҳои нав, аз қабили  менеҷменти лоиҳаҳои рақамӣ, иқтисоди сабз, ихтисосҳои вобаста ба молия ва идоракунии соҳаҳои иқтисодӣ таълим дода мешаванд. Ин ихтисосҳо донишҷӯёнро бо донишҳои технологияҳои рақамӣ, идоракунии маълумот, молияи электронӣ ва идоракунии лоиҳаҳои инноватсионӣ таъмин мекунанд. Ин сохторҳо иқтисод ва технологияҳои иттилоотиро ба таълим омезиш дода,  бо назардошти он ки солҳои наздик талабот ба мутахассисони иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотиву инноватсионӣ дар Тоҷикистон афзоиш меёбад, ба омодасозии кадрҳои самтҳои афзалиятнок диққати махсус медиҳанд. Аз ин рӯ, соҳибтахассуси иқтисоди рақамӣ бояд ҳам донишҳои иқтисодӣ ва ҳам малакаҳои технологӣ дошта бошад. Бозори меҳнати Тоҷикистон имрӯз ба чунин кадрҳо эҳтиёҷи ҷиддӣ дорад ва дар оянда ин талабот боз ҳам зиёд мешавад.

Ин ҳолати табиии талаботи бозори меҳнат аст, зеро бо зиёд шудани барномаҳои рақамӣ яқинан талабот ба устодон, таҳлилгарон ва муҳаққиқони соҳа низ меафзояд.

Таъкиди Президенти муҳтарами мамлакат низ дар ироаи Паёми навбатияшон маҳз ба он нукта тамаркуз карда буд, ки он кас Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамиро вазифадор карданд, то якҷо бо вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва молия талаботи бозори меҳнатро дар самти иқтисоди рақамӣ омӯхта, барои зиёд намудани теъдоди мутахассисони соҳаи мазкур, инчунин, баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ин аст, ки бо такя ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат агар ба масъалагузорӣ на сатҳӣ, балки бо дарки амиқ ва масъулиятшиносона баҳогузорӣ намоем, хулоса баровардан мумкин аст, ки рушди иқтисоди рақамӣ яке аз самтҳои муҳими таъмин намудани пешрафти иқтисодӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар ба ҳисоб меравад. Роҳҳои амалӣ баҳри рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама ин татбиқи самараноки рушди инфрасохтори рақамӣ, такмили қонунгузорӣ ва муҳити ҳуқуқӣ, рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, дастгирии соҳибкорӣ ва стартапҳо, рақамикунонии идоракунии давлатӣ, таъмини амнияти киберӣ аз зумраи тадбирандешиҳои саривақтие мебошанд, ки дар умум ба рушди тиҷорати электронӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ мусоидат карда, дар баробари ин, метавонад фаъолияти мақомоти давлатиро самаранок, шаффофияти идоракуниро афзун, маҷмуи хизматрасониҳоро содда, сатҳи коррупсияро фалаҷ гардонад, ва аз ҳама муҳимаш, вақтро сарфа созад.

Дар умум, татбиқи комили иқтисоди рақамӣ имкониятҳои навро ҷиҳати рушди иқтисоди миллӣ фароҳам оварда, дар ҳолати тақвият бахшидан ба ҳамкории судманд миёни  давлат, бахши хусусӣ ва муассисаҳои таълимӣ, ки боиси ташаккул ва такомули инфрасохтори рақамӣ ва саводнокии рақамии аҳолӣ мегарданд, рушди устувори иқтисодӣ дар шароити ҷаҳони зуд тағйирёбандаи муосир таъмин мегардад.

Бешакк, агар ин тадбирҳо пайгирона амалӣ гарданд, иқтисоди рақамӣ метавонад ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди соҳибкорӣ ва таҳкими иқтисоди миллӣ мусоидат намояд.

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ,

сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ