ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР МУБОРИЗА БО ОМИЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ
Дар замони муосир корҳои ташкилӣ доир ба истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву инноватсионӣ ва ҷорӣ намудани онҳо дар соҳаҳои гуногуни кишвар гузаронида шуда истодааст. Дар асоси ин, масъалаҳои асосии коркарди принсипҳо ва тарзҳои умумии истифодабарии компютерҳо барои таҳлилу коркарди маълумотҳои оммавӣ истифода бурда мешаванд.
Инкишофи иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар шароити бозор дигаргуниҳои васеи тамоми механизми хоҷагидориро талаб менамояд. Муносибатҳои нави иқтисодӣ маҷбур месозанд, ки усулҳои идоракунии мавҷудбуда иваз карда шаванд. Иқтисодиёти бозоргонӣ, пайдошавии шаклҳои нави корхонаҳо, вусъатёбии робитаҳои дохиливу берунии корхонаҳо ба афзоиши селобҳои иттилоотӣ меорад. Дар ин шароит ба тамом ҳувайдо мегардад, ки ба захираҳои маъмули моддӣ, меҳнатӣ, энергетикӣ ва молиявӣ боз як намуди дигари захира, яъне захираи иттилоотӣ илова гардид.
Истифодаи технологияҳои иттилооту коммуникатсионӣ дар низоми идоракунӣ имкон медиҳад, ки мушкилоти муҳим, аз қабили маҳсулнокии паст ва омилҳои коррупсиониро бартараф созад.
Рақамикунонӣ воситаи муҳими мубориза бо коррупсия маҳсуб мешавад. Пешрафтҳои муосири технологӣ имкон медиҳанд, ки стратегияи мубориза бо коррупсия тавассути баланд бардоштани шаффофият ва дастрасии иттилоот дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, таҳкими эътимод ба амали мақомот ва таъмини ростқавлӣ ва поквиҷдонӣ дар бахши давлатӣ, ки тавассути таҳкими волоияти қонун ва ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон ба раванди қабули қарорҳо ба даст оварда мешавад, такмил дода шавад. Технологияҳои рақамӣ иқтидори баланд бардоштани самаранокии чораҳои зиддикоррупсионӣ ва эҷоди муносибатҳои наверо доранд, ки барои аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ мусоидат хоҳад кард.
Барои фаъолияти босамар ва бенуқсон дар тамоми соҳаҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул гардид, ки ҳамаи он барои беҳбудӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ равона карда шудааст.
- Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бояд зикр кард, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011 таҳти №643 консепсияи мазкур тасдиқ шуд. Яке аз мақсадҳои асосии он баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи сифат ва дастрас будани хизматҳои иҷтимоие, ки ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо расонида мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки он мақсадҳои дар консепсия гузошташуда, барои таъмини шаффафияти кор самараи хуб гузошт.
- Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 Консепсияи мазкур қабул гардид. Консепсия гузариши муттасили марҳила ба марҳиларо ба амалисозии дурнамои табодули рақамӣ дар ҷумҳурӣ пешбинӣ менамояд. Бояд қайд кард, ки он аз се марҳилаи асосӣ иборат мебошад, яъне марҳилаи якум то соли 2025, марҳилаи дуюм то соли 2030 ва марҳилаи сеюм то соли 2040. Бояд тазаккур дод, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, ноил гардидан ба ҳадафҳои асосӣ, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табодули он ба кишвари транзитӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави иқтисоди рақамӣ қарор дошта, тадбирҳои муассирро барои гузариш ба рақамикунонии иқтисодиёт дар соҳаҳои гуногуни кишвар ба роҳ монда, солҳои охир ба як қатор дастовардҳо ноил гаштааст, ки рақамикунонии соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла меҳнат, муҳоҷират, маорифу илм ва ғайра з ҷумлаи онҳо мебошад. Воқеан, тамоми дастурҳо баҳри дар амал татбиқ намудан гузошта шудааст.
- Тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ. Санаи 22 июни соли 2023 таҳти №586 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ба имзо расид. Қобили аст аст, ки иқдоми мазкур саривақтӣ буда, пеш аз ҳама, барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ заминаи мустаҳкам гузошта, барои беҳтар гардонидани сатҳ ва сифати зиндагӣ шароити хуб фароҳам меорад.
Гузариш ба низоми мазкур талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, навбатпоиро барои зугаронидани амалиётҳои молиявӣ аз байн мебарад. Ғайринақдӣ гардонидани раванди пардохтҳо аҳаммияти муҳими иқтисодӣ дошта, таъсири омилҳои инсониро аз байн мебарад. Мисол ҳангоми пардохти хизматрасониҳои давлатӣ вақти ками худро сарфа менамоем, агар нисбат ба 5 сол пеш қиёс кунем, мебинем, ки дар ин самт чӣ гуна дастоварҳоро соҳиб гаштем, ки ин аз ҳама ҷиҳат ба мардуми кишвари азизамон сабукиҳои зиёдеро пеш овард. Бояд тазаккур дод, ки тамоми амалиётҳо тавассути технологияи рақамӣ гузаронида мешавад.
Ҳамин тариқ, метавон хулоса баровард, ки рақамикунонии фаъолияти соҳаҳои гуногуни кишвар шаффофияти корро таъмин намуда, омилҳои коррупсиониро аз байн мебарад, ки ин асоси пешрафт ва тараққиёт аст.
М. НУСРАТЗОДА,
н.и.и., дотсенти кафедраи низоми иттилоотӣ-инноватсионӣ дар иқтисодиёти ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng