Дар асри XXI дар курраи Замин инсоният бо як қатор мушкилоти ҷиддии муҳити зист, экологӣ, гармшавии иқлим, камшавии оби ошомиданӣ ва ғайра рӯ ба рӯ гардидааст, ки яке аз онҳо обшавии босуръати пиряхҳо маҳсуб меёбад. Ин раванд, ки натиҷаи гармшавии глобалӣ мебошад, оқибатҳои доманадоре ба соҳаҳои муҳити зист, иқтисодиёт ва амнияти обӣ дорад. Аз ин рӯ, омӯзиш ва баррасии обшавии пиряхҳо ҳамчун яке аз масъалаҳои рӯзмарраи ҷаҳонӣ аҳаммияти хоса пайдо намудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар баробари он ки иқдомҳои муассиреро дар самти бартарафсозии мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ рӯ ба рӯ омада буд, ҳамчунин, нақши худро дар арсаи ҷаҳонӣ ба сифати кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили марбут ба ҳаёти ҷомеаи башарӣ марҳила ба марҳила мустаҳкам намуд. Маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаву талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақвият бахшидани масъалаҳои меҳварии сатҳи ҷаҳонӣ вобаста ба об ва иқлим пешниҳодҳои арзишманд намуданд.

Маълум аст, ки таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ба пайдоиши муаммоҳое, чун афзоиши ҳарорати ҳавои наздизаминӣ дар садаи охир, ки боиси коҳишёбӣ ва азбайнравии захираҳои об, аз ҷумла пиряхҳо гардида, мушкилоти экологии инсонро боз мураккабу афзун намуда, дар ин замина офатҳои фоҷиаборро ба бор овард. Мувофиқи нишондиҳандаҳои рушди ҷаҳонӣ давоми 60 соли охир ҳарорати ҳаво дар сатҳи сайёра аз 0,5°С то 1,0°С афзуда, боиси таъсири амиқ ба захираҳои об, махсусан пиряхҳо гардидааст. Дар баробари ин, коршиносон арёзбӣ мекунанд, ки ин раванд ҳамасола ба иқтисодиёти ҷаҳон то 2 трлн доллари амрикоӣ хисорот ворид намуда, бо рушди демографӣ ҳиссаи замини кишти ба ҳар сари аҳолӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ тадриҷан коҳиш меёбад. Азбаски дар тамоми манотиқи замин қисми зиёди захираҳои об аз пиряхҳо сарчашма мегиранд, таъсироти манфии гармшавии иқлим қабл аз ҳама дар коҳишёбии ҳаҷм ва майдони пиряхҳо мушоҳида мешавад.

Ба таърихи беш аз 130-солаи мониторинги системаи ҷаҳонии пиряхҳо назар намоем, дидан мумкин, ки ҳанӯз соли 1894 дар рафти Конгресси VI-уми байналмилалии геологӣ дар Швейсария (Сюрих) Комиссияи байналмилалии пиряхҳо таъсис ёфта, ба мониторинги ҷаҳонии пиряхҳо бунёд гузошт. Ҳанӯз дар он давра оид ба тағйирёбии иқлиму табиат ё гармшавии ҳарорати ҳавои иқлим аз ҷониби инсон мулоҳизаҳо дида намешуд. Бори аввал дар доираи Даҳсолаи байналмилалии гидрологӣ (солҳои 1965-1974) таҳти сарпарастии Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои муҳими маориф, илм ва фарҳанг (UNESCO) зарурати барӯйхатгирии ҷаҳонии массаи бисёрсолаи ях ва барф баррасӣ гардид. Соли 1986 аз ҷониби Барномаи СММ оид ба муҳити зист (UNEP), UNESCO ва Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO) Хадамоти мониторинги ҷаҳонии пиряхҳо оид ба нигоҳдории маълумотҳои мушоҳидаю тағйирот дар пиряхҳо ба фаъолият шурӯъ намуд. Барномаи байниҳукуматии гидрологии UNESCO бошад, бахшида ба 100-солагии мониторинги ҷаҳонии пиряхҳо монографияи “Дар асри дуюми мониторинги ҷаҳонии пиряхҳо”-ро (соли 1988) ба нашр расонид ва дар таҳияву нашри Таснифи байналмилалии барфҳои мавсимӣ дар сатҳи замин (соли 2009) ва Луғати (Глоссарий) тавозуни массаи пиряхҳо ва истилоҳоти марбут ба он (соли 2011) мусоидат намуд.

Ташаббусҳои зиёди Ҷумҳурии Тоҷикстон дар соҳаи обу экология ва иқлим, ки ба СММ пешниҳод шудаанд, ҳамеша ҷонибдории дастаҷамъона ёфтаанд. Маҳз бо мақсади ҳалли масоили обу экология Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 декабри соли 2022 дар Маҷмааи Умумии Созмони Милали Мутаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард. Иқдоми навбатии Пешвои миллат, бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Ҷонибдории ташаббусҳои инсондӯстона ва бунёдкоронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об ва иқлим аз боло рафтани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Бояд гуфт, ки 71% сатҳи рӯи заминро оби уқёнусҳо ва 3%-и онро оби дарёҳо 5,5%-и онро ботлоқҳо ташкил мекунад. 11%-и сатҳи хушкиро ях пӯшида аст, ки он 16 млн. км. масоҳат дорад. Аз 510-млн. км2 сатҳи замин 361 млн. км2-ро об дар бар мегирад, ки аз он 400 км2 ба Тоҷикистон рост меояд.

Дар қаламрави Тоҷикистон дар асри XX зиёда аз чордаҳ ҳазор пирях ба қайд гирифта шуда буд, ки майдони умумии онҳо ба 8 фоизи масоҳати умумии кишвар баробар буд. Мутаассифона, бар асари тағйирёбии иқлим ин пиряхҳо бошиддат об шуда истодаанд. То имрӯз зиёда аз ҳазор пиряхи Тоҷикистон комилан об шуда, аз байн рафтанд. Ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардид. Маълум аст, ки дар ояндаи миёнамуддату дарозмуддат ин раванд метавонад оқибатҳои хеле вазнинро ба бор орад. Қайд кардан лозим аст, ки зиёда аз 90% оби дар хоҷагии халқ истифодашаванда ба соҳаи кишоварзӣ мансуб буда, қариб ки бебозгашт масраф мегардад. Бинобар ин, муносибати эҳтиёткорона ба замин ва об ҳамчун захираҳои табии аз вазифаҳои аввалиндараҷа мебошад.

Боиси қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани худ ба масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, ки барои беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳдоштию экологии мардуми сайёра равона карда шудаанд, эътибори ҷиддӣ дода, дар ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои мушаххас пешниҳод намудааст.

Сабаби аслии обшавии пиряхҳоро метавон ба болоравии ҳарорати миёнаи атмосфераи Замин нисбат дод, ки он бошад, асосан ба афзоиши партови газҳои гулхонаӣ, аз ҷумла гази карбон (CO₂), метан (CH₄) ва оксиди нитроген (N₂O) марбут аст. Ин партовҳо натиҷаи фаъолияти инсонӣ, аз қабили сӯзондани сӯзишвориҳои гуногун, саноати вазнин ва кишоварзӣ мебошанд. Ғайр аз ин, буридани бесамари ҷангалҳо ва кам шудани сатҳи сабзазорҳо низ ба тавозуни иқлимӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Тағирёбии иқлим мушкилоти глобалии замони муосир аст. Олимон сабаби онро дар зиёд шудани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ва кам шудани масоҳати ҷангалзор арзёбӣ мекунанд. Воқеан, ҳар ду омили зикршуда бо таъсири антропогенӣ, бевоситаи инсон ба вуҷуд омадааст. Аз як тараф, агар рушди босуръати илму техника ва ба авҷи аъло расидани инқилоби саноатӣ, боиси зиёд шудани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера шуда бошад, бо ҳамин суръат нобуд шудани ҷанглазор, низ тавозунро дар табиат халалдор кард. Масалан, мувофиқи маълумоти манбаъҳои расмӣ 100 сол пеш, зиёда аз 30 дарсади масоҳати Тоҷикистонро заминҳои ҷангалпӯш ташкил мекарданд. Имрӯз ин рақам то 3 дарсад коҳиш ёфтааст.

Обшавии босуръати пиряхҳо ба баландшавии сатҳи оби уқёнусҳо ва баҳрҳо оварда мерасонад, ки он метавонад боиси зери об мондани минтақаҳои соҳилӣ, аз ҷумла шаҳрҳои бузург ва минтақаҳои зист гардад. Ин раванд инчунин боиси аз байн рафтани биомуҳитҳои кӯҳӣ ва таназзули экосистемаҳо мешавад. Захираҳои оби ширин, ки дар пиряхҳо захира шудаанд, тадриҷан коҳиш ёфта, амнияти обӣ ва озуқавории миллионҳо одамонро таҳти хатар қарор медиҳанд. Тағйирёбии режими боришот, хушксолии тӯлонӣ ва селҳои ногаҳонӣ низ аз паёмадҳои эҳтимолии ин раванд мебошанд. Пиряхҳои ҳудуди Тоҷикистон бойгарии бебаҳои миллати мо мебошанд, зеро онҳо нафақат манбаи калонтарини оби тоза, балки танзимкунандаи оби дарёҳо, обу ҳаво ва иқлими минтақа ба шумор мераванд. Пиряхҳо ва барфҳои доимии Тоҷикистон барои ташаккулёбии оби тозаи калонтарин дарёи Осиёи Марказӣ–Амударё, ҳавзаи баҳри Арал, ва ҳавзаи Сирдарё сарчашмаи асосӣ мебошанд.

Пиряхҳои Тоҷикистон, яке аз манбаъҳои асосии оби кишварҳои минтақа мебошанд. Аз обе, ки ҳамасола дар ҳудуди кишвар ташаккул меёбад (қариб 60 дарсади оби минтақаи Осиёи Марказӣ), миқдори камаш (ҳамагӣ 10 дарсад) барои эҳтиёҷоти Тоҷикистон истифода мешавад.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар ҷумҳурӣ ба таври умумӣ болоравии ҳарорат, бардавомии хушкии ҳаво ва ҳодисаҳои фавқулодаи табиат ба мушоҳида мерасад. Обшавии пиряхҳо, ки ҳама дарёҳои минтақаҳои Осиёи Марказиро бо об таъмин мекунанд, метавонад соҳаҳои энергетика ва кишоварзиро дар худи мамлакат ва тамоми минтақа таҳти хатар қарор диҳанд.

Таъкид гардид, ки то 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар кӯҳсори Тоҷикистон воқеъ буда, дар рушди ҳамаи соҳаҳо ва ояндаи устувори минтақа нақши асосӣ мебозанд.

Пиряхҳо захираи асосии оби соф мебошанд. Обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.

Аз раванди ташвишовари обшавии босуръати пиряхҳо ва паёмадҳои харобиовари он ёдовар шуда, Президенти кишвари мо изҳор доштанд, ки оқибатҳои ин раванд ба иқтисодиёт ва экосистемаҳои кишварҳо зарари калон расонида, ба ҳаёти одамон таҳдид менамоянд.

Тадбирҳои мушаххаси андешидаи Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва нигоҳ доштани устувории муҳити зистро таъкид намуда, Сарвари давлат иброз доштанд, ки кишвари мо тайи 20 соли охир дар арсаи ҷаҳонӣ рӯзномаи обу иқлимро бо муваффақият пеш мебарад.

Пиряхи калонтарини минтақа - пиряхи Федченко (Муқсу), ки дар давраи яхбандии Лахш дарозии он ба 171 км баробар буд, имрӯз дорои дарозии 77 км мебошад, яъне қариб 100 км дарозии он коҳиш ёфтааст. Чунин ҳолат дар дигар пиряхҳои калонтарини кишвар ба мушоҳида мерасад. Дарозии пиряхи Зарафшон дар давраи яхбандии Лахш ба 104,6 км буд, имрӯз ба 27,8 км, яъне чор маротиба кам гаштааст; дарозии пиряхи Гармо (Вахё) дар ҳавзаи дарёи Оби хингоб дар давраи яхбандии Лахш 73,5 км буда, имрӯз ба 30,4 км баробар шудааст, яъне зиёда аз ду маротиба кам гаштааст; дарозии пиряхи Ҷамъияти географии Рус (Ванҷ) дар давраи яхбандии Лахш 62,5 км буда, имрӯз ба 23,2 км баробар шудааст, яъне се маротиба коҳиш ёфтааст. Дарозии пиряхи Мазор дар ҳавзаи дарёи Оби хингоб дар давраи яхбандии Лахш ба 40 км буд, имрӯз ба 16,8 км, яъне 2,5 маротиба кам гаштааст. Дарозии пиряхи Бозбайтал дар ҳавзаи дарёи Бартанг дар давраи яхбандии Лахш ба 38,0 км баробар буд, имрӯз бошад он ба 4,6 км баробар аст, яъне қариб даҳ маротиба кам гаштааст.

Масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, махсусан, масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои обӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳолати беҳдоштӣ аз чунин ташаббусҳо ба ҳисоб меравад. Инак, пешниҳоди мазкур ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки барои дар амал татбиқ намудани он дар СММ Қатъномаи махсус қабул гардидааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки мувофиқи қатъномаҳои аз тарафи СММ қабулгардида, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 «Даҳсолаи байналмилалии амалиёт об барои ҳаёт», соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ниҳоят солҳои 2018–2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардид.

Барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва мудирияти захираҳои обӣ, инчунин, ҳифзи пиряхҳо дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, бояд чунин чорабиниҳои фаврӣ андешида шаванд:

- Гузаронидани таҳқиқот ва мониторинги пиряхҳо;

- Маблағгузорӣ кардан барои таҳқиқ ва мониторинги пиряхҳо;

- Истифодабарии самараноки захираҳои обӣ;

- Истифода бурдан аз технология ва техникаҳои инноватсионии обсарфкунанда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт;

- Гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши обистеъмолкунандагон ва обиситифодабарандагон;

- Дар амал татбиқ ва маблағгузорӣ намудани ҳама гуна чорабиниҳое, ки барои истифодаи оқилона ва самараноки об, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон равона карда шудааст.

Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

– Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

– Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

– Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.

Обшавии пиряхҳо на танҳо як масъалаи ҷуғрофӣ ё иқлимӣ, балки мушкилии мураккаби ҷаҳонист, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонӣ таъсир мерасонад. Муқовимат ба ин мушкилот танҳо бо талоши дастаҷамъона, татбиқи сиёсати устувор ва рушди масъулияти муҳитзистии ҷомеа имконпазир аст. Ҳамин тариқ, муҳофизати пиряхҳо ҳамчун сарчашмаи ҳаёт ва об, вазифаи муҳим ва аввалиндараҷаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Маънои ҳифзи пиряхҳо дар он аст, ки мо танҳо метавонем бо андешидани маҷмӯи чорабиниҳои амалии мушаххас суръати обшавии пиряхҳоро суст намоем, пешомадҳои онро донем ва ҳаёти худро ба он мутобиқ намоем. Обро дар дигар шаклҳо (обанборҳо, мисли Роғун, Қайроққум, Норак, Бойғозӣ, Каттасой, Сарбанд, Сангтӯда – 1 ва 2, Муъминобод, Селбур, Фарҳод ва ғайра, ҳавзҳои махсус) захира намуда, эҳтиёҷоти худро сарфакорона қонеъ намоем.

Аз ин лиҳоз, Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, Роҳбари давлат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ бо ташаббусу ибтикороти бузург ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба обу иқлим ва экология барои саодати башар ҳарф мезанад ва кишвари мо яке аз давлатҳои пешсаф дар миқёси ҷаҳон эътироф шудааст.

Сайёд Давлатзода,

омӯзгори ДДМИТ