Дар таърихи ташаккул ва рушди ҳар як халқу миллат шахсиятҳои бузурге ҳастанд, ки ном ва осори онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум зудуда намешавад. Хушбахтона, дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик низ чунин шахсиятҳои барҷаста кам нестанд. Онҳо на танҳо мояи ифтихори миллати мо, балки боиси сарфарозии тамоми башарият мебошанд. Ин бузургон бо осори гаронбаҳо, андешаҳои созанда ва ғояҳои инсонпарваронаи худ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Ҳар як марҳилаи таърихи халқи тоҷик шахсиятҳои барҷастаеро ба арсаи ҷаҳонӣ овардааст. Ҳар кадоми онҳо дар соҳаҳои гуногуни илму маърифат, сиёсат, таърих, адабиёт ва санъат мақоми хосса дошта, бо осори пурқимати худ дар саросари ҷаҳон шуҳрат ёфтаанд.

Боиси ифтихор аст, ки мардуми тоҷик аз қадим ҳамчун миллати фарҳангдӯст, донишпарвар, соҳибкитобу соҳибдевон ва тамаддунсоз дар арсаи ҷаҳон шинохта шудаанд. Маҳз ҳамин мероси ғании таърихию фарҳангӣ яке аз сарчашмаҳои асосии ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандории мо ба шумор меравад.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ барои муаррифии таъриху фарҳанг ва тамаддуни чандинҳазорсолаи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард. Махсусан, бо ташаббус ва талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суннату анъанаҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик эҳё гардида, мероси маънавии ниёгони мо дар сатҳи байналмилалӣ ба таври васеъ муаррифӣ мешавад.

Дар ин замина, рӯзҳои 23-27-уми ноябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса чорабиние ба гиромидошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бахшида шуд. Ин иқдом бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мероси гаронбаҳои илмӣ ва фарҳангии ин ду нобиғаи тамаддуни тоҷик ҷалб намуд.

Абуалӣ ибни Сино соли 980 дар деҳаи Афшана, воқеъ дар наздикии Бухоро, дар замони давлатдории Сомониён ба дунё омадааст. Ин давра яке аз марҳилаҳои муҳими рушди давлатдорӣ, илму фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон ба шумор мерафт.

Ибни Сино аз овони кӯдакӣ ба омӯзиши илм шавқи беандоза дошт. Ӯ дар синни ҷавонӣ илмҳои замони худро, аз ҷумла забон, адабиёт, мантиқ, риёзиёт, фалсафа ва тибро аз худ намуд. Бо ақлу заковати фавқулода, қобилияти нодир ва меҳнати пайвастааш дар таърихи илму фарҳанги ҷаҳонӣ мақоми баланд пайдо кард. Ӯ ҳамеша мекӯшид, ки масъалаҳои мураккаби илмиро бо такя ба ақлу хирад ва тафаккури мантиқӣ дарк намояд. Ибни Сино ҳанӯз дар синни ҳаждаҳсолагӣ ба дараҷаи баланди дониш расида, ҳамчун донишманди соҳибэътироф шинохта шуда буд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ҳаёти ӯ табобат намудани амири Бухоро Нӯҳ ибни Мансур буд. Пас аз муваффақ шудан дар табобати амир ба ӯ имконият фароҳам омад, ки аз китобхонаи бузурги дарбор истифода барад. Ин китобхона дорои осори фаровони илмӣ буда, дар ташаккул ва рушди ҷаҳонбинии илмии ӯ нақши муҳим бозидааст.

Абуалӣ ибни Сино тамоми умри худро ба омӯзиш, таҳқиқ, эҷод ва хидмат ба ҷомеа бахшидааст. Ӯ дар соҳаҳои гуногуни илм фаъолияти пурсамар дошта, дар тиб, фалсафа, мантиқ, риёзиёт, физика, нуҷум, кимиё, мусиқӣ ва адабиёт асарҳои арзишманд таълиф кардааст.

Ибни Сино яке аз донишмандони камназири таърих ба шумор меравад, ки тавонистааст дар соҳаҳои мухталифи илм саҳми назаррас гузорад. Ӯ на танҳо донишҳои пешиниёнро ҷамъоварӣ ва омӯзиш мекард, балки онҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, бо андешаҳои нав ғанӣ мегардонд.

Осори илмии ӯ, бахусус асари машҳури «Ал-Қонун фи-т-тиб», дар тӯли асрҳо дар кишварҳои Шарқу Ғарб мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба рушди илми тиб таъсири бузург расонидааст. Фаъолияти илмии Ибни Сино нишон медиҳад, ки инсон бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи ҳақиқат, дониш ва маърифат бошад. Ба андешаи ӯ, дониш воситаи асосии шинохти олам ва беҳтар намудани зиндагии инсон мебошад.

Нобиғаи дигари миллати тоҷик Умари Хайём соли 1048 дар шаҳри Нишопур, ки яке аз марказҳои бузурги илму фарҳанги Хуросон ба шумор мерафт, ба дунё омадааст. Ӯ аз чеҳраҳои барҷастаи тамаддуни форсу тоҷик ва фарҳанги ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Осори Умари Хайём ба забонҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва дигар забонҳо тарҷума гардида, дар миёни хонандагони кишварҳои мухталиф шуҳрати зиёд пайдо кардааст.

Рубоиёти Умари Хайём дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон маҳбубияти хосса доранд. Андешаҳои фалсафӣ, хирадмандона ва инсонпарваронаи ӯ то имрӯз мавриди омӯзиши муҳаққиқон ва адабиётшиносон қарор гирифтаанд. Дар рубоиёти ӯ масъалаҳои муҳими зиндагӣ, қадри вақт, маънии ҳастӣ, мақоми инсон, нақши хирад ва муносибати одамон ба оламу зиндагӣ инъикос ёфтаанд.

Умари Хайём на танҳо шоири бузург, балки олими барҷастаи соҳаҳои математика ва астрономия низ буд. Ӯ дар ин илмҳо таҳқиқоти муҳим анҷом дода, бо дастовардҳои илмии худ дар таърихи илми ҷаҳонӣ мақоми шоиста касб кардааст.

Яке аз дастовардҳои муҳими илмии ӯ таҳқиқи муодилаҳои дараҷаи сеюм мебошад. Хайём бо истифода аз усулҳои геометрӣ роҳҳои ҳалли як қатор намудҳои муодилаҳои кубиро пешниҳод кардааст. Таҳқиқоти ӯ дар ин самт барои рушди минбаъдаи илми алгебра аҳамияти назаррас доштанд.

Ҳамчунин, саҳми Умари Хайём дар рушди илми астрономия, бахусус дар ислоҳи тақвим ва таҳияи тақвими Ҷалолӣ, қобили таваҷҷуҳ мебошад. Ин тақвим бо дақиқияти баланди ҳисобҳои астрономӣ дар таърихи илм мавқеи муҳим дорад.

Ҳамин тариқ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём бо фаъолияти бисёрҷанба, осори илмӣ ва адабии худ на танҳо дар рушди илму фарҳанги миллати тоҷик, балки дар пешрафти тамаддуни башарӣ саҳми бузург гузоштаанд. Онҳо намунаҳои барҷастаи донишандӯзӣ, хирадмандӣ, ҷустуҷӯи ҳақиқат ва хидмат ба инсоният мебошанд.

Қобили зикр аст, ки дар ин рӯзҳо бо ташаббус ва иқдомҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи фаъолияти ЮНЕСКО, масъалаи гиромидошти мероси ин ду нобиғаи илму фарҳанг мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Чунин иқдомҳо барои муаррифии боз ҳам васеътар ва арзишмандтари мероси илмӣ ва фарҳангии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти хос доранд.

Бешубҳа, эътироф ва гиромидошти чунин фарзандони фарзонаи миллат мояи ифтихори ҳар як фарди тоҷик мебошад. Мероси Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём сарвати маънавии на танҳо миллати тоҷик, балки тамоми башарият аст. Вазифаи мо - насли имрӯза аз он иборат аст, ки ин мероси гаронбаҳоро ҳифз намоем, амиқ омӯзем ва ба наслҳои оянда интиқол диҳем.

 

Манучеҳр ЗАРИФОВ,

номзади илмҳои таърих, устоди ДДМИТ