ТАҲЛИЛИ ҲУҚУҚИИ ОДАМРАБОӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар замони муосир ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии ҳар як давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Тибқи моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд ва ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Дар низоми арзишҳои конститутсионӣ озодии ҷисмонӣ ва равонии шахс мавқеи калидӣ дошта, бе таъмини он амалисозии дигар ҳуқуқҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ғайриимкон аст.
Яке аз шаклҳои хатарноктарини таҷовуз ба озодии шахсӣ одамрабоӣ маҳсуб меёбад. Ин ҷиноят на танҳо шахсро аз имконияти озодона интихоб кардани макони будубош ва ҳаракат маҳрум месозад, балки ба ҳаёт, саломатӣ, амнияти равонӣ ва шаъну шарафи ӯ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва мураккаб гардидани муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, шаклу усулҳои содир намудани одамрабоӣ низ тағйир ёфта, хусусияти муташаккил ва фаромарзӣ касб намудаанд.
Аҳамияти илмӣ ва амалии омӯзиши масъалаи мазкур дар он зоҳир мегардад, ки дар таҷрибаи судӣ-тафтишотӣ ҳангоми бандубасти ҳуқуқии одамрабоӣ ва фарқ кардани он аз ҷиноятҳои алоқаманд баъзан мушкилот ба миён меоянд. Аз ин рӯ, таҳлили амиқи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ, омӯзиши сабабҳо ва шароитҳои ба содиршавии одамрабоӣ мусоидаткунанда ва коркарди тавсияҳои илман асоснок ҷиҳати пешгирии ин падидаи номатлуб мубрамияти хоса дорад.
Масалан, дар қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ барои одамрабоӣ дар моддаи 130-юми Кодекси ҷиноятӣ (боби 17 «Ҷиноятҳо ба муқобили озодӣ, обрӯ ва эътибори шахсият») пешбинӣ шудааст. Дар назарияи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва таҷрибаи судӣ таҳти мафҳуми одамрабоӣ амалҳои ғайриқонунии қасдонае фаҳмида мешаванд, ки ба дастгир кардан (ғасб намудан), аз маҳалли будубоши доимӣ ё муваққатӣ берун баровардан ва дар ҷойи дигар бар хилофи иродаи ҷабрдида нигоҳ доштани ӯ равона шудаанд.
Объекти асосии бевоситаи ҷинояти одамрабоӣ озодии ҷисмонии инсон, яъне ҳуқуқи ӯ барои мустақилона муайян намудани макони зист ва озодона ҳаракат кардан мебошад. Ҳамчун объекти иловагӣ метавонанд ҳаёт, саломатӣ, дахлнопазирии ҷисмонӣ, инчунин муносибатҳои моликият баромад кунанд. Ҷабрдидаи ин ҷиноят ҳар як шахси воқеӣ, новобаста аз синну сол, ҷинс, вазъи иҷтимоӣ ё шаҳрвандӣ буда метавонад.
Тарафи объективии одамрабоӣ аз се амали пайдарҳам ва ба ҳам алоқаманд иборат аст: якум, ғасб кардан (дастгир намудан)-и шахс; дуюм, интиқол додан (бурдан)-и ӯ ба макони дигар; сеюм, ба таври зӯроварӣ нигоҳ доштани ҷабрдида дар макони нав. Усулҳои ғасб кардани шахс метавонанд гуногун бошанд: ошкоро ё пинҳонӣ, бо истифодаи зӯроварии ҷисмонӣ ё равонӣ, инчунин бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ. Масалан, вақте ки ҷинояткор ҷабрдидаро бо баҳонаи бардурӯғ ба воситаи нақлиёт савор карда, сипас бар хилофи хоҳишаш ба ҷойи дигар мебарад, таркиби одамрабоӣ ҷой дорад.
Аз лиҳози таркиби сохторӣ, одамрабоӣ ҷинояти дорои таркиби расмӣ буда, аз лаҳзаи воқеан ғасб кардани шахс ва оғози интиқоли ӯ ба макони дигар анҷомёфта эътироф мегардад. Агар шахс бо сабабҳои ба иродааш вобастанабуда тавонад ғасб кардани ҷабрдидаро ба охир нарасонад (масалан, бо сабаби муқовимати шадиди ҷабрдида ё дахолати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ), кирдори ӯ ҳамчун суиқасд ба одамрабоӣ бандубаст карда мешавад.
Тарафи субъективии одамрабоӣ танҳо бо қасди бевосита тавсиф меёбад. Шахси гунаҳгор дарк мекунад, ки шахси дигарро ғайриқонунӣ ва бар хилофи иродааш ғасб намуда, ба ҷойи дигар мебарад ва нигоҳ медорад, ва анҷом додани чунин амалҳоро мехоҳад. Ангеза ва мақсадҳои одамрабоӣ (ғараз, интиқом, хусумати шахсӣ, маҷбур сохтан ба издивоҷ ва ғайра) барои бандубасти асосии ҷиноят (қисми 1 моддаи 130 КҶ ҶТ) аҳамияти ҳалкунанда надоранд, вале мақсади ғаразнок ҳамчун аломати вазнинкунанда (қисми 2 моддаи 130) ба инобат гирифта мешавад.
Дар амалияи татбиқи ҳуқуқ дуруст фарқ кардани одамрабоӣ аз дигар ҷиноятҳои ба он монанд аҳамияти бузург дорад, зеро ин амр барои таъмини адолати судӣ ва таъини ҷазои муносиб зарур аст. Пеш аз ҳама, одамрабоиро бояд аз ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ (моддаи 131 КҶ ҶТ) фарқ кард. Тафовути асосӣ дар он аст, ки ҳангоми ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ ҷабрдида аз макони будубоши худ ба ҷойи дигар интиқол дода намешавад; ӯ дар ҳамон ҷое, ки қарор дошт (масалан, дар хона, утоқи корӣ ё таҳхона) маҳкам карда шуда, аз озодии ҳаракат маҳрум мегардад. Баръакс, унсури ҳатмии одамрабоӣ маҳз ғасб кардан ва ба макони дигар кӯчонидани шахс мебошад.
Инчунин, одамрабоӣ бо ҷинояти гаравгонгирӣ (моддаи 181 КҶ ҶТ) умумиятҳои зиёд дорад, зеро дар ҳар ду маврид шахс ғайриқонунӣ дастгир ва нигоҳ дошта мешавад. Бо вуҷуди ин, фарқияти бунёдии онҳо дар объект ва мақсади ҷиноят нуҳуфтааст. Ҳангоми гаравгонгирӣ таҷовуз ба амнияти ҷамъиятӣ сурат гирифта, ҷинояткорон талаботи худро ба давлат, созмони байналмилалӣ, шахси ҳуқуқӣ ё гурӯҳи одамон пешниҳод мекунанд ва озод кардани гаравгонро ба иҷрои ин талабот (масалан, озод кардани маҳбусон, тағйири қарори сиёсӣ ё додани маблағ аз ҷониби давлат) вобаста месозанд. Ҳангоми одамрабоӣ бошад, талабот (дар сурати вуҷуд доштан) одатан ба худи ҷабрдида ё хешовандони наздики ӯ равона мешавад ва ҷинояткорон кӯшиш мекунанд, ки кирдори худро пинҳон нигоҳ доранд, дар ҳоле ки гаравгонгирон аксар вақт ба таври ошкоро амал намуда, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаро мехоҳанд.
Масъалаи дигари муҳим тафриқагузории одамрабоӣ аз хариду фурӯши одамон (моддаи 130.1 КҶ ҶТ) мебошад. Агар шахс бо мақсади минбаъд фурӯхтан, ба ғуломӣ андохтан ё истисмори шаҳвонию меҳнатӣ рабуда шавад, амали гунаҳгор вобаста ба ҳолатҳои мушаххаси кор метавонад ҳамчун маҷмӯи ҷиноятҳо ва ё тибқи меъёри махсуси моддаи 130.1 КҶ ҶТ бандубаст гардад. Дар ин ҷо муайян намудани қасди аввалияи ҷинояткор нақши калидӣ мебозад.
Қобили зикр аст, ки қонунгузории ҷиноятии Тоҷикистон меъёри ҳавасмандкунандаро низ пешбинӣ намудааст. Тибқи эзоҳи моддаи 130 КҶ ҶТ, шахсе, ки ихтиёран одами рабудашударо озод мекунад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. Ин меъёр пеш аз ҳама ба наҷот додани ҳаёт ва саломатии ҷабрдида равона шуда, ба ҷинояткор имкон медиҳад, ки аз идомаи амали ғайриқонунии худ даст кашад.
Омӯзиши криминологии одамрабоӣ нишон медиҳад, ки ин ҷиноят таҳти таъсири маҷмӯи омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, равонӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд меояд. Таҳлили сабабҳои содиршавии одамрабоӣ имкон медиҳад, ки онҳоро ба якчанд гурӯҳи асосӣ ҷудо намоем:
Якум, омилҳои иқтисодӣ ва ғаразнок. Баъзе қишрҳои аҳолӣ бо мақсади ба даст овардани даромади муфт дар муддати кӯтоҳ гурӯҳҳои ҷиноятпеша фарзандон ё наздикони соҳибкорон ва шахсони дороро бо мақсади талаб кардани маблағ мерабоянд. Дар чунин мавридҳо ҷиноят пешакӣ тарҳрезӣ шуда, нақшҳо байни иштирокчиён тақсим мегарданд.
Дуввум, низоъҳои иҷтимоӣ, оилавӣ ва тиҷоратӣ. Дар бисёр ҳолатҳо одамрабоӣ ҳамчун воситаи ғайриқонунии ҳалли баҳсҳои қарзӣ, тақсими молу мулк ё қасосгирии шахсӣ истифода мешавад. Баъзан падар ё модаре, ки пас аз бекор кардани ақди никоҳ ҳуқуқи тарбияи фарзандро надорад, кӯдакро пинҳонӣ ё зӯран мерабояд. Гарчанде дар чунин ҳолатҳо ангезаи волидайн метавонад меҳр ба фарзанд бошад, аз нигоҳи қонун ин амал низ метавонад ҳамчун вайронкунии дағалонаи ҳуқуқи тарафи дигар ва манфиатҳои кӯдак арзёбӣ шавад.
Сеюм, боқимондаҳои хурофот ва анъанаҳои номатлуб. Дар баъзе кишварҳо то ҳол ҳолатҳои рабудани духтарон бо мақсади издивоҷ («арӯсрабоӣ») ба мушоҳида мерасанд. Ин падида, ки баъзан аз ҷониби қисме аз ҷомеа ҳамчун «урфу одат» пазируфта мешавад, дар асл ҷинояти вазнин буда, ҳуқуқи занро ба интихоби озодонаи ҳамсар поймол мекунад ва ба оқибатҳои вазнини равонӣ, аз ҷумла худкушӣ оварда мерасонад.
Чорум, Рушди шабакаҳои иҷтимоӣ боиси он шудааст, ки бисёр одамон маълумоти шахсӣ, суроғаи зист, ҷойи таҳсили фарзандон ва вазъи молиявии худро дар интернет ошкоро нашр мекунанд. Ин иттилоот барои ҷинояткорон манбаи тайёри омӯзиши қурбонӣ мегардад. Илова бар ин, надонистани қоидаҳои оддии бехатарӣ аз ҷониби кӯдакон ва наврасон хатари рабуда шудани онҳоро афзоиш медиҳад.
Одамрабоӣ ба шахсияти ҷабрдида зарбаи сахти равонӣ мерасонад. Шахсе, ки муддате дар асорат ва таҳти таҳдиди марг ё шиканҷа қарор доштааст, пас аз озод шудан низ ба ихтилоли стресси пас аз осеб, тарси доимӣ, бехобӣ, афсурдагӣ ва нобоварӣ ба атрофиён гирифтор мешавад. Ин ҳолат махсусан ба кӯдакон ва наврасон таъсири амиқ гузошта, метавонад рушди муътадили равонии онҳоро халалдор созад. Аз ин лиҳоз, дар баробари ҷазо додани ҷинояткорон, ташкили низоми самараноки тавонбахшии равонӣ ва тиббии ҷабрдидагон зарур аст.
Ҳамин тариқ, одамрабоӣ яке аз ҷиноятҳои вазнин ба муқобили озодӣ ва амнияти шахсият буда, ба арзишҳои бунёдии инсонӣ таҳдид мекунад. Таҳлили меъёрҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки қонунгузор барои содир намудани ин кирдор ҷавобгарии қатъиро пешбинӣ намудааст. Бо вуҷуди ин, муборизаи муассир бо одамрабоӣ танҳо бо чораҳои ҷазодиҳӣ маҳдуд намешавад. Танҳо тавассути таҳкими заминаҳои қонунгузорӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ, решакан кардани урфу одатҳои номатлуб ва баланд бардоштани ҳушёрии ҳар як фарди ҷомеа метавон пеши роҳи ин падидаи хатарнокро гирифта, амният ва озодии шаҳрвандонро пурра таъмин намуд.
Латифамоҳ ХОҶАЕВА,
Муаллими калони кафедраи забони русии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng