Пиряхҳои Тоҷикистон на танҳо манбаи асосии оби нӯшокӣ ва захираҳои ҳидроэнергетикӣ барои кишвари мо, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётӣ доранд. Ин манбаъҳои табиӣ, ки дар кӯҳҳои баландкӯҳи Помир ва Тиён-Шон ҷойгир шудаанд, таҳти таъсири тағйирёбии иқлим ва фаъолияти инсонӣ бо суръати баланд об мешаванд. Дар ин замина, Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025, ки дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буд, ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва криосфера таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Паём ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ, дастовардҳои соли 2025-ро дар самти ҳифзи муҳити зист ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро баррасӣ карда, роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалиро пешниҳод намуд.

Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳӣ, ки зиёда аз 93 фоизи ҳудудашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, соҳиби ҳазорҳо пиряхҳои калон ва хурд аст. Аз ҷумла, пиряхи Федченко, ки яке аз дарозтарин пиряхҳои ҷаҳон маҳсуб мешавад, дар ҳудуди кишвари мо ҷойгир аст. Ин пиряхҳо манбаи асосии Амударё ва Сирдарё буда, оби нӯшокӣ ва ҳидроэнергетикаро барои миллионҳо нафар дар Осиёи Марказӣ таъмин мекунанд. Аммо, тибқи маълумотҳои илмӣ, дар даҳсолаҳои охир пиряхҳои Тоҷикистон беш аз 30 фоиз ҳаҷмашонро аз даст додаанд, ки ин ба хушксолӣ, селҳо ва камшавии захираҳои об оварда мерасонад.

Дар Паёми Президенти кишвар ин масъала ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ муайян шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки ҳифзи пиряхҳо на танҳо масъалаи миллӣ, балки глобалӣ аст, зеро онҳо ба иқлими тамоми сайёра таъсир мерасонанд. Соли 2025 барои Тоҷикистон соли таърихӣ буд, зеро кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳодҳои созанда карда, онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд.

Яке аз дастовардҳои муҳимтарини соли 2025, ки дар Паём зикр шудааст, қабули қатъномаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ” мебошад. Ин қатънома ба ташаббуси Тоҷикистон қабул гардид ва аз ҷониби ҳамаи давлатҳои аъзо якдилона пуштибонӣ шуд. Пешвои миллат гуфтаанд, ки дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳодҳои кишвари мо эътироф ва қабул гардид, аз ҷумла қабули қатъномаҳо доир ба “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ”.

Ин қатънома ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ аст. Ғайр аз ин, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуд, ки ин низ ба пешниҳоди Тоҷикистон бармегардад. Дар доираи ин сол, дар Тоҷикистон нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, ки намояндагони даҳҳо кишвар ва созмонҳои байналмилалиро ҷамъ овард.

Ин ташаббусҳо на танҳо ба ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон мусоидат мекунанд, балки ба ҳалли мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим кумак мерасонанд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар ин самт, солҳои 2025-2034-ро ҳамчун “Даҳсолаи илмҳои криосферӣ” эълон кардааст, ки ин ба таҳқиқоти илмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Дар Паёми Президенти мамлакат сиёсати дохилии кишвар дар самти ҳифзи пиряхҳо ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири рушди устувор баррасӣ шудааст. Вазифаҳои асосӣ ба пешрафти илм ва тадқиқот дар соҳаи криосфера равона шудаанд. Муассисаҳои илмӣ ва давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки фаъолияти худро дар самти ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши криосфера ва татбиқи ташаббусҳои байналмилалӣ васеъ гардонанд.

Яке аз пешниҳодҳои муҳим дар Паём, табдили Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо” ба “Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо” мебошад. Ин пешниҳод барои баланд бардоштани сатҳи таҳқиқот ва ҷалби мутахассисони ҷавон равона шудааст. Президенти мамлакат таъкид кардаанд: "пешниҳод гардид, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо” ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии “Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо” табдил дода шавад".

Ин чораҳо дар доираи Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 татбиқ мешаванд, ки ба мониторинги пиряхҳо, пешгӯии хатарҳо ва ҳифзи экосистемаҳо равона шудааст. Ғайр аз ин, сиёсати давлатӣ ба рушди иқтисоди сабз, истифодаи самараноки захираҳои об ва ҳамкории бо кишварҳои ҳамсоя дар ҳалли мушкилоти трансҳудудӣ мусоидат мекунад.

Дар Паём, Президенти кишвар самтҳои ояндаро барои ҳифзи пиряхҳо муайян кардаанд. Аз ҷумла, зарурати таъсиси фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки ҳанӯз соли 2009 пешниҳод шуда буд, дубора таъкид гардид. Ин фонд метавонад барои маблағгузории лоиҳаҳои илмӣ ва ҳифзӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ кумак расонад.

Ҳамчунин, вазифаҳо ба муассисаҳои илмӣ ва ҳукуматӣ гузошта шуданд, то фаъолияти илмӣ-тадқиқотиро дар самти криосфера ва мубориза бо тағйирёбии иқлим густариш диҳанд. Ин чораҳо на танҳо барои ҳифзи пиряхҳо, балки барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аҳамият доранд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 декабри соли 2025 нишон медиҳад, ки ҳифзи пиряхҳо ҳамчун самти стратегӣ ва ҷаҳонӣ барои кишвари мо муайян шудааст. Дастовардҳои байналмилалӣ, аз қабили қабули қатъномаи СММ ва эълони “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, натиҷаи сиёсати фаъоли хориҷии Тоҷикистон аст. Дар сатҳи дохилӣ, пешниҳодҳои табдили муассисаҳои илмӣ ва густариши таҳқиқотҳо барои ҳалли мушкилоти муосир мусоидат мекунанд.

Ин масъалаҳо на танҳо барои ҳифзи муҳити зист, балки барои ояндаи мардуми Тоҷикистон ва тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд. Ҳар як шаҳрванд ва муассисаҳои давлатӣ бояд дар татбиқи ин ташаббусҳо саҳм гузоранд, то пиряхҳои мо барои наслҳои оянда ҳифз шаванд. Тоҷикистон ҳамчун пешсаф дар ин самт, метавонад намунаи ҳамкориҳои байналмилалӣ шавад.

 

Манижа НАБИЕВА,

омӯзгори кафедраи фанҳои табиатшиносӣ