ҲИКМАТИ ЗАБОН ВА ЗАБОНДОНӢ
(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Қариб дар ҳамаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва ба ин васила, ба тамоми бошандагони кишвар ва махсусан, ба ҷавонон доир ба омӯхтани ҳам забони давлатӣ ва ҳам забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар Паёми навбатӣ, ки 16-уми декабри соли 2025 ироа гардид, масъалаи мазкур бори дигар бо назардошти зарурати ногузир доштани он таъкид гардид.
Зарурати ногузири забономӯзиву забондонӣ асосҳои муътамад ва дар таҷрибаи ҳаёти иҷтимоии ҳама давру замонҳо, махсусан, замони муосир, исботи худро ёфтааст. Мубрамияти мавзуъ бар он асос меёбад, ки ҷомеаи башарӣ дар ин айём, сарфи назар аз баъзе муносиботи субъективӣ, раванди ҷаҳонишавиро пайваста ва муттасил аз сар гузаронида истодааст, ки он амри воқеист.
Бисёр мухтасар бошад ҳам, бояд қайд кард, ки раванди мазкур таърихи тулонии ҳаёти башариятро дар бар мегирад ва ҳаргиз зуҳури асри кунунӣ намебошад. Масъалаи дигари бисёр муҳим аз он иборат аст, ки ҷаҳонишавӣ моли ин ва ё он кишвар ҳам нест, балки воқеияти ногузири, агар ба як мафҳум ифода кунем, муоширати тамоми бошандагони олами башарӣ ба шумор меравад. Дар ташаккулёбии ҷаҳонишавӣ, яъне шакл гирифтани ҳаёти таъминкунандаи пешрафти минбаъдаи инсоният ва бар асоси равобити мутақобилаи байниҳамдигарӣ ба вуҷуд овардани як навъ ягонагии тамоми башарият, ҳамзистии мусолиматомез, ҳамкориҳои гуногунсоҳаи мутақобилан судманд, ба нестӣ овардани ҳама гуна низоъҳо ва ҷангҳо бояд дар назар бошад.
Дар ҷараёни ин раванд яке аз масъалаҳои мусоидаткунанда барои фаъолона иштирок кардан дар «маъракаи» ҷаҳонишавӣ аз забономӯзӣ ва махсусан, он забонҳое, ки тавони ифодаи мукаммали сатҳи муосири фарҳанги башариро доранд, ба зарурати ногузир табдил ёфтааст. Дар ин хусус, дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст, ки «… аз ҷониби гурӯҳи босалоҳияти корӣ вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам тезонидани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат хулосаҳои асоснок пешниҳод карда шаванд».
Забони русӣ ва англисиро мушаххас қайд кардани Сардори давлат, ба назари ин ҷониб, маънии онро дорад, ки забони русӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми забони муоширати байни миллатҳоро дорад. Дигар он ки дар Россия теъдоди хеле зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон зиндагӣ ва кору фаъолият карда истодаанд, ки донистани забони русӣ барои муоширати ҳамарӯзии онҳо мусоидат менамояд. Севум ин ки забони русӣ барои муоширати байналмилалии шаҳрвандони ҷумҳуриҳои собиқи Иттифоқи Шуравӣ низ яке аз воситаҳои муҳим ба шумор меравад.
Доир ба забони англисӣ бошад, бояд қайд кард, ки ин забон феълан (де-факто) ба забони муоширати байни теъдоди зиёди бошандагони олам табдил ёфтааст. Дувум ин ки забони англисӣ яке аз забонҳои мутараққии замони муосир ба шумор меравад ва ифодакунандаи тамоми дастовардҳои фарҳанги башарӣ низ мебошад. Севум ин ки забони англисӣ ҳамчун воситаи ифодаи тамоми дастовардҳои илмиву техникӣ ба шумор меравад, ки бе иштироки онҳо пешрафти ҷомеаи муосирро маънидод кардан имконнопазир мебошад ва иштироки донандагони ин забонро дар бозори меҳнат низ осон мегардонад ва ғайра.
Акнун метавон ба вазъи забондонии ҳаммиллатонамон, махсусан, ҷавонон, андешаҳои худро иброз дошта бошам. Дар ин хусус, сарфи назар аз он ки андешаҳои ин ҷониб чӣ тавр пазируфта мешаванд, мехостам воқеъбин бошам, зеро дар муддати зиёда аз 30 соли касби омӯзгорӣ дар макотиби таҳсилоти олӣ ва 16 соли фаъолият дар Вазорати корҳои хориҷӣ бардоште аз бар кардаам, ки дар сатҳи забондонӣ ва забономӯзии аксари ҷавонон, махсусан, муҳассилини макотиб ҳамоно нигаронӣ боқӣ мемонад. Сабаб дар чист? Дар ҷавоб ба ин савол бояд гуфт, ки: якум, дар аксари хонадонҳои миллатамон китоб бисёр кам дида мешавад ва хондани китоб ҳам, мутаассифона, нест ё бисёр кам мушоҳида мешавад. Дувум, агар падару модарон китобхон набошанд, фарзандони онҳо низ ба китобхонӣ ҷалб намешаванд. Севум, кӯдак пойдевори рушди минбаъдаи маънавияти худро дар макотиби таҳсилоти ибтидоӣ мегирад, аммо, агар макотиби мазкур бо омӯзгорони касбӣ таъмин набошанд, кӯдакон ҳамон ҳадди ақали маърифатро гирифта наметавонанд, майнаи онҳо кунд мешавад, қобилиятҳои аз волидайнашон табиатан ба мерос гузашта низ тадриҷан ба нестӣ меоянд. Чаҳорум, чун ҳамагон медонанд, дар арафаи пошхӯрии давлати Шуравӣ аҳли зиёи кишвар бисёр кӯшиш карданд, то ин ки забонамон қонунан забони давлатӣ гардад. Минбаъд ҳамин тавр ҳам шуд. Акнун мо - соҳибзабонон мебояд забони модариамонро тавассути қонун биомӯзем.
Аммо, сарфи назар аз он ки аз қабули қонун дар бораи забон ва забони давлатӣ чанд даҳсола сипарӣ шуд, аксари бошандагон ҳамоно дар доираи лаҳҷаҳои маҳаллӣ боқӣ мемонанд. Панҷум, ба сабаби ҳаводиси таърихӣ ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ вожаҳо ва ибораҳои забонҳои бегона, аз ҷумла забонҳои арабиву русӣ ворид шуданд ва донистани онҳо ба луғатҳо муроҷиат карданро талаб мекунад, ки ташаккули ҳамин фарҳанг дар шогирдон на дар макотиби миёна ва на олӣ татбиқ карда нашудааст. Шашум, мусаллам аст, ки забон ба мисли уқёнус аст ва пайваста рушд ва тавсеа меёбад. Бинобар ин, тақозо карда мешавад, ки ба он давоми умр инсон таваҷҷуҳ кунад ва пайваста биомӯзад. Ин амал танҳо ба хондани матнҳои гуногун алоқамандӣ дорад, ки хонанда ба ҳар як вожаи нофаҳмо таваҷҷуҳ кунад ва ба луғатҳо муроҷиат намояд, вагарна таркиби луғавиаш намеафзояд. Ҳафтум, аз таҷрибаи омӯзгорӣ бардоште дорам, ки бисёр шогирдон матнро мехонанд, вале моҳияти муҳтавои онро намефаҳманд. Сабаби нафаҳмиданашон аз он иборат аст, ки дар ҳар як ҷумла маънии як ё чанд вожаро намедонанд ва ба луғат муроҷиат намекунанд. Дар натиҷа, муҳтавои матни қироаткардаи эшон барояшон нофаҳмо боқӣ мемонад, хонданашон бефоида анҷом мепазирад ва ғайра.
Савол мегузорем, ки ҳикмати забон ва забондонӣ дар чист? Дар ҷавоб ба ин савол бояд гуфта бошем, ки ягона василаи ифодаи ҳама гуна фикр, ҳама гуна маънӣ ва, ниҳоят, ҳама гуна фарҳанг забон аст. Дигар воситаи комилан ифода кардани фарҳанг вуҷуд надорад. Бинобар ин, ҳар касе, ки ба забономӯзӣ ва забондонӣ саъй намекунад, фикрашро ҳам дуруст баён карда наметавонад ва фикри дуруст низ дар чунин инсонҳо ташаккул намеёбад. Дар маънидоди ифодаи мазкур бояд қайд намоям, ки рушду тавсеаи забон ва тафаккур байни ҳамдигар робитаи мутақобилаи ҷудонопазир дорад. Сарфи назар кардан аз ин воқеият инсонро ба гумроҳӣ мебарад.
Ин ҷониб 16 сол мешавад, ки дар донишгоҳи тахассусоти молиявиву иқтисодӣ фаъолият дорам. Дар Донишгоҳи миллӣ низ ба шогирдони касби муносиботи байналмилалиро интихобкарда низ дарс мегӯям. Бинобар ин, дар соҳаҳои мазкур маърифати муайян доштанро зарурат ва масъулияти омӯзгорӣ мешуморам. Ба ҳамин сабаб, баъзе китобҳои солҳои охир доир ба ихтисосҳои мазкур ба забони тоҷикӣ нашршударо мутолиа менамоям. Хулосаи муроҷиатҳои ман ба чунин китобҳо аз он иборат аст, ки мутаассифона, забони ифодаи матни теъдоди зиёди онҳо аз меъёрҳои забони давлатӣ фарсахҳо дур мебошад. Сабаби чунин будани матни китобҳо аз надонистани забони тоҷикӣ ва русӣ иборат аст, зеро бисёр матнҳо аз забони русӣ тарҷумаи таҳтуллафзӣ мешаванд, ки дар натиҷа, мазмуни ифодаҳои русӣ гум мешавад ва ба дарҳамбарҳамиҳо оварда мерасонад.
Гуфтаниҳо хеле зиёданд, вале бо он чӣ овардем, иктифо мекунем ва қайд менамоем, ки ҳикмати забон дар он аст, ки ҳар як нафаре, махсусан, даъво барои навиштани китобҳои дарсӣ, илмӣ ва ғайра мекунад, бояд, сараввал, фикр кунад, ки забони ифодаи дуруст дорад ё на? Агар чунин ифодаи забонӣ надошта бошад, беҳтар мешавад, ки ба навиштани китобҳои дарсӣ машғул нашавад.
Барои он ки мулоҳизаҳои иброздоштаи ин ҷониб бе далел набошанд, аз як китоби монографӣ як сархат намуна меоварам, ки хонандаи ин мақола худ қазоват намояд. Матни сархат чунин аст: «Дар шароити ғайриинҳисоринамоии соҳа пастравии нақши давлат (ё барпошавии бахши ғайридавлатӣ) зуҳуроти қонунии ҳавасмандгардонандаи рушди он гардид. Давлат бояд сатҳи муайяни истеҳсоли неъматҳои ҷамъиятиро нигоҳ дорад, аз қафои он ки сифати онҳо дархости ҳадди ақали ҷомеаро қонеъ мегардонад, мушоҳида барад ва аз болои нархҳои онҳо, имконияти доштани дастрасиро ба онҳо нигоҳ дошта, назорат барад». Акнун худ қазоват кунед, ки муаллифон чӣ гуфтан мехоҳанд?
Дар китоби мазкур ҳеҷ як сархатеро пайдо карда наметавонед, ки бе хато таҳрир шуда бошад.
Хонандаи гиромӣ, муаллифи ин навишта ба хотири наранҷонидани муаллифон аз овардани ному насаби онҳо ва худи китоб худдорӣ менамояд ва аз хонандагон маъзарат мехоҳад.
Муҳим аз он иборат аст, ки ҳама гуна навиштаи пешниҳодшаванда барои истифода ва рушди маорифу илм бояд ҳадди имконпазир бенуқсон бошад.
Ғуломҷон МИРЗОЕВ,
устоди кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng