ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик буда, решаҳои он ба тамаддуни куҳани ориёӣ мерасад. Ин ҷашн, ки рамзи нур, гармӣ, заҳмат ва умед ба оянда мебошад, дар тули асрҳо ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанги маънавии мардум ҳифз гардидааст. Дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи эҳё ва гиромидошти ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Ҷашни Сада аҳамияти махсус пайдо намуд.
Калимаи “Сада” аз шумораи “сад” бармеояд. Тибқи ақидаи донишмандон, Сада ба рӯзи панҷоҳуми пас аз шаби Ялдо (дар тақвими қадим) рост меояд, яъне то Наврӯз ҳанӯз сад рӯз боқи мемонад. Дар фарҳанги бостонӣ ин рӯз ба афрӯхтани оташ ва гиромидошти неруи гармӣ бахшида мешуд. Сада ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардид, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мебошад.
Сада тибқи анъанаҳои қадимӣ ба давраи миёнаи зимистон рост омада, бо афрӯхтани оташ ва баргузории маросимҳои мардумӣ таҷлил мегардид. Оташ дар фарҳанги ниёгон рамзи покӣ, рӯшноӣ ва зиндагӣ буда, мардум бо ин васила, пирӯзии гармӣ бар сармо ва нур бар торикиро таҷассум менамуданд. Ёдоварии Ҷашни Сада дар осори классикӣ, бахусус, дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, гувоҳи мақоми баланди он дар таърихи фарҳанги форсу тоҷик мебошад.
Бо ба даст овардани истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати фарҳангиро ба эҳёи арзишҳои миллӣ равона намуд. Дар ин замина, Ҷашни Сада дубора ба ҳаёти фарҳангии ҷомеа ворид гардида, ҳамчун ҷашни миллӣ дар сатҳи давлатӣ таҷлил карда мешавад.
Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди Ҷашнҳои бостонӣ, аз ҷумла Сада бисёр назаррас аст. Дар суханрониҳо ва паёмҳои расмӣ таъкид мегардад, ки Сада ҷашни меҳнат, табиат ва пайванди инсон бо муҳити зист мебошад.
Ҷашнҳои бостонии тоҷикон – Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон аз боарзиштарин унсурҳои мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик ва дигар халқҳои эронитабор ба ҳисоб мераванд. Ин ҷашнҳо на танҳо дорои таърихи чандҳазорсолаанд, балки ҷаҳонбинии ниёгон, робитаи инсон бо табиат ва арзишҳои ахлоқию иҷтимоиро инъикос мекунанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи муаррифии байналмилалии ин ҷашнҳо аҳамияти махсус пайдо намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият бо ташаббусҳои фарҳангии худ барои эътирофи байналмилалии ҷашнҳои миллӣ саҳми арзанда гузоштааст. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ҷашнҳои бостонӣ қисми ҷудонашавандаи ҳуввияти миллӣ ва мероси умумибашарӣ мебошад. Воқеан, Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо - тоҷикон мебошанд.
Дар шароити муосир таҷлили Ҷашни Сада бо мазмун ва шаклҳои нав ғанӣ гардидааст. Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои адабию театрӣ ва ҳамоишҳои илмӣ ба анъана табдил ёфтааст. Ин раванд на танҳо ба ҳифзи суннатҳои миллӣ мусоидат мекунад, балки дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ низ нақши муҳим мебозад.
Эҳёи Ҷашни Сада дар даврони истиқлолият дорои аҳамияти баланди иҷтимоӣ ва тарбиявӣ мебошад. Ин ҷашн мардумро ба эҳтироми табиат, қадршиносии заҳмати инсон ва ҳифзи мероси фарҳангӣ ҳидоят мекунад. Ҳамзамон, Сада ҳамчун омили таҳкими ваҳдати миллӣ ва пайванди наслҳо хизмат менамояд.
Ҳамин тавр, эҳёи Ҷашни Сада дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи сиёсати фарҳангдӯстонаи давлат ва эҳтиром ба таърихи куҳани миллат мебошад. Ҷашни Сада имрӯз на танҳо ҷашни суннатӣ, балки рамзи худшиносӣ, ваҳдати миллӣ ва идомаи анъанаҳои неки ниёгон ба шумор меравад. Ҳифз ва тарғиби чунин ҷашнҳо барои пойдории фарҳанги миллӣ ва рушди маънавии ҷомеа аҳамияти калидӣ дорад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сада дар кишвари фарҳангпарвари мо расман рӯзи 30-юми январи ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар он ҷашнҳои бостонии Наврӯз, Меҳргон ва Сада расман дар рӯзҳои муайян таҷлил мегарданд.
Рухсора ШАРИФОВА,
устоди кафедраи баҳисобгирии муҳосибии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng