Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми самтҳои фаъолияти давлатиро фаро гирифта, ҳамчун санади стратегӣ, хусусияти ҳам гузоришӣ ва ҳам ҳадафгузориро дорост. Яъне, дар он натиҷаҳои давраи гузашта арзёбӣ гардида, ҳадафҳои нав бо мақсади иҷро пешниҳод мегарданд, ки нуқтаҳои асосиро дар самтҳои гуногуни давлатӣ муайян месозанд.

Зимни ироаи Паём ба ҳалли масъалаҳои муҳим ва рӯзмарра - муқовимат бо коррупсия чун омили инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, Пешвои миллат таъкид карданд, ки масъалаи мазкур ба яке аз самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатҳо дар ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Кишваре нест, ки бо ин мушкилот рӯ ба рӯ нашуда бошад ва алайҳи он муборизаи сартосарӣ набарад.

Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад.

Дарвоқеъ, сатҳи муқовимат ба коррупсия дар ин ё он кишвар аз сиёсати пешгирифтаи зиддикоррупсионии ҳар як давлат вобастагӣ дорад. Тавре дида мешавад, сиёсати зиддикоррупсионии давлати мо ифодакунандаи иродаи ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо мақсади коҳиш додан ва батадриҷ решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ҷамъият ва давлат аз таҳдидҳои бо коррупсия алоқаманд равона гардидааст.

Хотирнишон бояд сохт, ки аз рўзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили мубориза бар зидди коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо иродаи устувори сиёсати зиддикоррупсионии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва мубориза бар зидди он тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ оид ба хавфу хатарҳои коррупсия, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои манфии онҳо аз ҷиҳати илмиву амалӣ ибрози андеша карда, тарзу усулҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия ва кирдорҳои коррупсиониро масъалагузорӣ менамоянд ва дар заминаи ин ҳуҷҷатҳои расмӣ дар самти муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб чораҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, пас аз ба тасвиб расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 то кунун зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ роҳандозӣ гардид.

Мусаллам аст, ки сиёсати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ сиёсати ҳадафмандона ва аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок буда, барои пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири манфии коррупсия, инчунин, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда равона шудааст. Сиёсати ҳуқуқии зиддикоррупсионии кишвар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан дар паёмҳои ҳамасола ба Маҷлиси Олии мамлакат муайян карда мешавад. Дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 Сарвари давлат зикр намуданд, ки «ҷиҳати таъмини истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти назоратӣ, бартараф намудани тафтишҳои молиявии дубора ва такрори вазифаҳо, беҳтар намудани мубориза бо коррупсия Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис ёфт» ё 26-уми апрели соли 2013 таъкид намуданд: «Пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии давлат боқӣ мемонад».

Тазаккур бояд дод, ки сиёсати зиддикоррупсионӣ навъе аз сиёсати ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад.

Зимнан, дар мамлакат дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ таҳия ва қабул гардидаанд. Аз ҷумла, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, таҳти №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва аз 3-юми августи соли 2021, таҳти №222 «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тасдиқ гардида, ба як қатор санадҳои қонунгузории соҳавӣ бо мақсади мутобиқ гардонидани онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи мубориза бар зидди коррупсия тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуда, асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсия муқаррар гардид.

Бояд тазаккур дод, ки ин санадҳои маъмурӣ ба тақвияти раванди таъмини шаффофият дар идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани як қатор маҳдудиятҳо ва ошкору бартараф намудани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда таҳкурсии боэътимодро фароҳам овард.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои рақамикунонӣ ба ҳама соҳаҳои ҳаёти инсонӣ роҳ ёфтаанд, масъалаи пешгирии амалҳои коррупсионӣ низ ба сатҳи нав баромадааст. Технологияҳои рақамӣ имкон медиҳанд, ки тамоми равандҳои идоракунӣ, хизматрасонӣ ва қабули қарорҳо дар муҳити шаффоф, зуд ва бе дахолати шахсӣ амалӣ гарданд. Ин раванд, дар навбати худ, заминаи устувор барои коҳиши омилҳои коррупсионӣ фароҳам меорад.

Дар натиҷаи татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коҳиши назаррас дар шохаҳои хизматрасонии оморӣ, андоз, гумрукӣ, бақайдгирии ҳуқуқӣ ва маъмурӣ мушоҳида мешавад. Яке аз намунаҳои муассир - ҷорӣ шудани системаи “Равзанаи ягона” мебошад, ки муносибатҳои бевоситаи шаҳрванд бо кормандони давлатӣ ва дар натиҷа, эҳтимоли амалҳои коррупсиониро коҳиш дод.

Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳо чораҳои ислоҳотӣ амалӣ мегарданд. Бо татбиқи босамари технологияҳои рақамӣ, метавон фазои боварӣ ва адолатро дар ҷомеа таҳким бахшид, ки ин худ яке аз роҳҳои асосии муқовимат ба коррупсия ба шумор меравад.

Дар ҷаҳони имрӯза, ки иттилоот сармояи арзишмандтарин аст, ҳар қадам ба сӯи рақамикунонӣ - як қадами устувор ба сӯи шаффофият, адолат ва рушди устувори ҷомеа мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки рақамикунонӣ воситаи пуриқтидори мубориза бо фасод аст, аммо худ аз он эмин нест. Агар чораҳои назоратӣ, қонунгузорӣ ва маърифати рақамии шаҳрвандон ҳамқадам рушд накунанд, технология метавонад ҳам ба воситаи мубориза бо фасод ва ҳам ба абзори нави он табдил ёбад.

Ҳамин тавр, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бар зидди коррупсия нақши бағоят бузург доранд, зеро дар паёмҳои Президенти мамлакат ҷиҳати садди устувор гузоштан дар роҳи кирдорҳои коррупсионӣ тарзу усулҳои муқовимат ба ин амали номатлуб баён гардидаанд. Илова бар ин, бо назардошти хавфу хатари зиёд доштани коррупсия мубориза бар зидди он самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат зикр шудаанд. Дар асоси талаботи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия чораҳои ташкиливу ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардидаанд.

Навсозӣ ва пешрафти иқтисодиётро бе рушди илму маориф ва дастгирии он таъмин кардан ғайриимкон аст.

Ҷавҳари сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф бояд масъалаҳои дар низоми таҳсилот ҷорӣ намудани меъёрҳои ҷаҳонӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби ҷавобгўи талаботи бозори меҳнат ташкил диҳанд.

Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани шароити кору зиндагии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои иловагӣ андешад.

Раванди таълим дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба рушди қобилиятҳои эҷодии донишҷў ва дар шуури касбии ў мустаҳкам намудани дастурҳо барои ҷустуҷўи навгониҳо, таҳлили масъалаҳо нигаронда шудааст.

Роҳбарияти донишгоҳ барои таълиму тарбияи мутахассиси бомаърифату соҳибҳунар ва бо анъанаҳои неки гузаштагон сазовору содиқ ислоҳоти соҳаҳоро вусъат дода, онро давра ба давра амалӣ намуда истодааст.

 

В. ОРИФҶОНОВА,

муаллими калони кафедраи фанҳои табиатшиносӣ

Г. ИСЛОМОВА,

ассистенти кафедраи фанҳои табиатшиносӣ