ТАБДИЛ ЁФТАНИ ТОҶИКИСТОН БА КИШВАРИ ТАВЛИДКУНАНДАИ ЭНЕРГИЯИ “САБЗ”
Дар шароити муосири ҷаҳонӣ масъалаи рушди устувор ва ҳифзи муҳити зист ба яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати давлатии кишварҳои пешрафта табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти захираҳои табиии ғанӣ ва имкониятҳои истисноӣ дар соҳаи энергетика роҳи гузариш ба иқтисоди “сабз”-ро интихоб намудааст.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 16-уми декабри соли 2025 омадааст, ки масъалаҳои рушди иқтисоди “сабз”, истеҳсоли энергияи барқароршаванда ва ҳифзи муҳити зист ҳамчун самтҳои стратегии рушди мамлакат муайян карда шудаанд.
Тоҷикистон имрӯз дар соҳаи истеҳсоли энергияи “сабз” мавқеи баландро дар ҷаҳон ишғол менамояд. Зиёда аз 98 фоизи неруи барқи кишвар аз манбаъҳои барқароршаванда, асосан аз неругоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мешавад. Аз рӯи фоизи истеҳсоли энергияи “сабз” Тоҷикистон дар қатори шаш кишвари пешсафи ҷаҳон қарор дорад. Ин дастоварди бузург дар натиҷаи истифодаи оқилонаи иқтидори гидроэнергетикии ҷумҳурӣ ба даст омадааст.
Пӯшида нест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикии кишвар дар як сол ба 527 миллиард кВт/соат баробар аст. Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол намояд ҳам, аммо танҳо 4-5 фоизи ин иқтидори бузург айни замон истифода мешавад, ки ин аз имкониятҳои васеи рушди минбаъда шаҳодат медиҳад.
Дар нақшаи техникӣ захираи энергетикаи барқи обии Тоҷикистон 317 миллиард кВт-соат дар солро ташкил медиҳад. Захираҳои асосии энергияи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёҳои Вахш, Панҷ, Амударё, Сирдарё ва Зарафшон ҷойгиранд.
Дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои муҳими рушди энергетикаи “сабз” муайян карда шудаанд. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар баромадашон қайд намуданд, ки “...то соли 2030 истеҳсоли энергияи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда (офтобӣ ва бодӣ) бояд ба 3000 мегаватт расонда шавад”. Яке аз ҳадафҳои муҳими давлатӣ таъмин намудани истеҳсоли 100 фоизаи энергияи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда мебошад. Пешбинӣ шудааст, ки соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо “энергияи сабз” таъмин карда мешавад (ҳоло 98 фоиз). Дар ин замина, аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.
Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда шудааст, ки “....соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт ба истифода дода мешавад. Айни замон корҳои лоиҳавии сохтмони ин неругоҳҳо - 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд”.
Лоиҳаи стратегии Неругоҳи барқии обии “Роғун” ҳамчун лоиҳаи миллӣ ва асосии истиқлоли энергетикии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад. Моҳи сентябри соли 2027 ҳамчун санаи ба кор даромадани агрегати сеюми НБО “Роғун” ва расидан ба истиқлоли пурраи энергетикӣ муайян гардидааст. Бо ба истифода додани пурраи ин неругоҳ, Тоҷикистон қобилияти таъмини мустақили талаботи энергетикии худ ва ҳатто содироти неруи барқро ба кишварҳои ҳамсоя пайдо мекунад.
Тоҷикистон дорои иқтидори азиме дар соҳаи истифодаи энергияи офтобӣ мебошад. Кишвари мо дар як сол беш аз 300 рӯзи офтобӣ дошта, иқтидори аз лиҳози иқтисодӣ асосноки офтобӣ 369,600 мегаваттро ташкил медиҳад. Ин имконияти беназир барои рушди энергетикаи офтобӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз манбаъҳои анъанавии энергия фароҳам меорад.
Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест-2025” байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ чандин протокол ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расиданд.
Иқтидори энергияи бодӣ дар Тоҷикистон 4,485 мегаваттро ташкил медиҳад. Ҳарчанд ин иқтидор нисбат ба энергияи офтобӣ хеле камтар аст, аммо истифодаи он барои диверсификатсияи манбаъҳои энергия ва таъмини устувории таъминоти барқ дар давраҳои гуногуни сол аҳамияти калон дорад. Бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ имкон медиҳанд, ки фаъолияти низоми энергетикӣ беҳтар гардад, махсусан, дар давраи авҷи истеъмол, ки асосан ба фаслҳои тирамоҳу зимистон рост меояд, яке аз мушкилоти асосии энергетикаи Тоҷикистон ин вобастагии зиёди он ба фаслҳои сол мебошад. Ҳамасола бо сабаби маҳдудияти энергияи барқӣ дар фасли зимистон нобудшавии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ба 30 фоиз мерасад. Дар фасли тобистон таъмини энергияи барқ бештар боварибахш аст ва тавлиди изофии барқи обӣ ба миқдори 3-5 миллиард кВт/соат мебошад.
Тағйирёбии иқлим дар миқёси сайёра ба мушкилоти аввалиндараҷа табдил ёфта, Тоҷикистонро низ таҳти таъсири манфии худ қарор додааст. Дар кишвари мо ҳар сол офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, омадани сел, фаромадани тарма ва ярч ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарари зиёд мерасонанд. Ин масъала зарурати ташкили лоиҳаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва диверсификатсияи манбаъҳои энергияро меафзояд.
Аз соли 2000 то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 лоиҳа дар соҳаи энергетика амалӣ карда шудааст. Ҳаҷми умумии сармоягузории онҳо зиёда аз 2,5 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил медиҳанд. Дар доираи лоиҳаҳо иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори энергетикӣ, аз ҷумла, зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ, бозсозии зеристгоҳҳои бузурги муҳими шабака, навсозии шабакаҳои барқии ҳамаи дараҷаҳои шиддат ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирӣ амалӣ карда шудааст.
Тоҷикистон дар самти рушди энергетикаи “сабз” бо бисёр кишварҳо ва ширкатҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд. Хусусан, бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкорӣ дар самти бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ тақвият меёбанд. Ширкатҳои чинӣ бо ҷалби сармоя ва технологияҳои муосир барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ кумак расонида истодаанд. Инчунин, бо Федератсияи Россия дар самти омӯзиш ва бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расидаанд.
Рушди “иқтисоди сабз”, бозори сармоя, ба муомилот баровардани коғазҳои қимматноки “сабз”, такмили механизмҳои қарздиҳии дарозмуддат ва таъсиси Фонди кафолати қарзҳо ҳамчун омили муҳими дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди воқеии иқтисод арзёбӣ мегарданд. Ин тадбирҳо барои ҷалби сармояи хусусӣ ба лоиҳаҳои энергияи барқароршаванда ва дигар лоиҳаҳои экологӣ аҳамияти калон доранд.
Татбиқи технологияҳои сарфаи энергия дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, сохтмон ва нақлиёт имкон медиҳад, ки талабот ба энергия кам ва хароҷот сарфа карда шавад. Амалӣ намудани технологияҳои муосир дар сохтмон ва таҷдиди неругоҳҳои барқии обӣ, аз ҷумла, дарбандҳои самаранок ва системаҳои автоматикунонии идоракунӣ имкон медиҳад, ки иқтидори истеҳсолии неругоҳҳо афзоиш дода шаванд.
Дастгирии лоиҳаҳои энергияи офтобӣ, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои офтобӣ ва насби панелҳои офтобӣ дар биноҳои истиқоматӣ ва тиҷоратӣ имкон медиҳад, ки вобастагии ҷумҳурӣ аз манбаъҳои анъанавии энергия кам карда шавад. Масъалаи мондани панелҳои офтобӣ дар хонаҳои истиқоматӣ мавриди омӯзиш қарор дорад ва меъёрҳои техникӣ ва ҳуқуқӣ барои он таҳия карда мешаванд.
Рушди “энергетикаи сабз” на танҳо ба ҳалли мушкилоти энергетикӣ, балки ба беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист низ мусоидат менамояд. Таъмини устувори энергия ба рушди саноат, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт таъсири мусбӣ мерасонад. Махсусан, насби панелҳои офтобӣ дар минтақаҳои дурдаст, ки ба шабакаи умумии барқ дастрасӣ надоранд, имкон медиҳад, ки аҳолии он ҷойҳо низ аз маълумоти замони муосир баҳра баранд.
Дар ҳолати амалишавии тамоми ҳадафҳои гузошташуда Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар соли 2032-юм 100 фоиз ба кишвари тавлидкунандаи энергияи “сабз” табдил ёбад. Ин дастоварди таърихӣ на танҳо ба манфиати миллии кишвар, балки ба ҳалли масъалаҳои экологии глобалӣ низ мусоидати азим хоҳад расонид.
Одилҷон АБДУЛЛОЗОДА,
н.и.к., дотсенти кафедраи фанҳои табиатшиносии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng