Яке аз миллатҳои куҳантарин дар рӯи олам маҳз тоҷикон мебошанд, ки дорои тамаддуни беш аз 5500-6000-ҳазорсола буда, сарчашмаи исботи ин гуфтаҳо маҳз ёдгориҳои Саразми бостонӣ мебошад.

Мутаассифона, дар ҷамъияти муосир шахсоне пайдо шудаанд, ки ба мисли манқурт амал мекунанд. Онҳо дар зери таъсири аз меъёр зиёди таассуб аз фарҳангу таърихи миллати худ дур шуда, манфиатҳои миллатро поймол мекунанд. Ин гуна ашхос дар бисёр ҳолатҳо ҳатто баъзан аз тоҷик гуфтани худ худдорӣ мекунанд. Яъне, таъсири таассуб инсонро ба ҳолати манқуртӣ оварда мерасонад.

Дар замони пайдоиши дини мубини ислом ҳамон фарҳангу урфу одату анъанаҳои пешазисломии мардуми араб ҳамчун ҷузъи дини навташкилшудаи ислом пазируфта шуд. Аммо пас аз даргузашти Паёмбари дини мубини ислом ҳазрати Муҳаммад (с) аз сабаби як ҷузи ҷудонопазири фарҳанги пешазисломии мардуми араб буданашон ба дини ислом мутобиқ доронда, ҳамчун шариати исломӣ қабул карданд. Масалан, дар нимаҳои аввали асри VII мелоди арабҳо Мисро забт намуда, мавқеи худро мустаҳкам карда, дар нимаи аввали асри VIII дар Миср забони арабиро забони давлатӣ эълон карда, ҳамаро водор намуданд, ки бо ҳамин забон муошират кунанд. Бо ҳамин гуна роҳ забони мардуми таҳҷойи мисрӣ ба пуррагӣ аз байн рафт.

Мардуми мо бояд як чизро дарк кунанд, ки гузаштагони мо аз нахустмусулмонони араб танҳо дини мубини исломро қабул карданд, фарҳангашонро не, барои ҳамин мардуми тоҷик бояд, пеш аз ҳама, побанди расму одату анъанаи фарҳанги миллии худ бошад.

Беҳуда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро ҳастии миллат нагуфтаанд. Дар тамоми давру замон яке аз омилҳои асосии зинда мондани миллати тоҷик маҳз побанди фарҳангу забону русуму одату анъанаву тамаддуни миллии худ буданаш буд. Барои ҳамин бояд аз тоҷики тоҷ бар сар будани худ ифтихор кунем.

 

Ф. АХМЕДОВ,

н.и.т. ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ