(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 16.12.2025 с.)

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” санаи 16-уми декабри соли 2025 ба кулли мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, бешак, кафили субот ва рушди устувори давлат ба ҳисоб рафта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро муайян кард. Чун ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро барои солҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди соҳаҳои ҳаётан муҳимми мамлакат, аз ҷумла иқтисоду саноат, энергетика, амнияту мудофиа, роҳу нақлиёт, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сиёсати ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ ва ғайра вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

 Мавриди зикр аст, ки Паёми Пешвои муаззами миллат хулоса ва ё ҷамъбасти соли сипаригашта буда, ҳамасола дар пеши мо, аҳли зиё ва омӯзгорон вазифаҳои наву пурифтихор ва ҳамзамон, бомасъулиятро мегузорад. Зеро ҳар як фарди ватандӯсту хештаншиноси ҷомеа пас аз шунидани ин Паём кӯшиш менамояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ барои татбиқи нақшаю барномаҳои наҷибу манфиатбахш саҳмгузор бошад. Бояд тазаккур дод, ки амалӣ намудани нуқтаҳои асосии Паём ва дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, ба роҳ мондани муносибатҳои нек ва судманд бо кишварҳои ҳамсоя ва боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Аз як ҷиҳат, Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат натиҷагирӣ аз як соли соҳибистиқлолии пурбаракот ва файзбори Тоҷикистон бошад, аз ҷиҳати дигар, раҳнамои гузариш ба марҳилаи сифатан нави рушду тараққиёти иқтисодии мамлакатамон ба ҳисоб меравад. Воқеан, имрӯз бо дарки масъулият ва ҳисси баланди меҳанпарастиву ифтихор аз сарзамини аҷдодӣ метавон хотирнишон сохт, ки кишвари маҳбуби мо дар зарфи 34 соли соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди аз сар гузаронидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо қурбониҳои азими ҷонӣ, хисороти калони иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба як қатор дастовардҳои бесобиқа дар соҳаҳои ҳаётани муҳим, аз ҷумла иқтисод ноил гардид, ки ба шарофати сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омад.

 Пешвои миллат зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд, ки дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт. Инчунин, барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид.

 Дар Паём Пешвои маҳбуби миллат бори дигар ёдовар аз он шуданд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз зумраи ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин самт дар даврони соҳибистиқлолӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла, таъкид карда шуд, ки дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд. Ҳамчунин, дар ин муддат, сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфта, даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфта, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2025 ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод.

 Албатта, нишондодҳои зерин зери роҳбарии хирадмандона ва башардӯстонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешрафти бесобиқаи соҳаи иқтисоди мамлакат шаҳодат медиҳанд, ки дар натиҷа сатҳу сифати зиндагонии сокинони мамлакат ба маротиб беҳтар гардида, метавонад барои расидан ба ҳадафҳои олии мо мусоидат намояд.

 Ҳамин тариқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз музаффариятҳои соли сипаригашта ва умуман, аз даврони соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуда, сиёсати минбаъдаи дохилӣ ва хориҷии мамлакатро дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқ муайян намуданд.

 Бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун раҳнамо сармашқи фаъолияти худ қарор дода, барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо тамоми ҳастӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд.

 

Давлатҷон ҲУКМАТОВ,

номзади илмҳои иқтисодӣ,

омӯзгори ДДМИТ