Дар кишвари мо танҳо дар якчанд даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пирях аз байн рафта, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон

 Ҳар амали шоиста, ибтикороти беназир, созандагию бунёдкорӣ ва баёни суханрониҳои меҳанпарастонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели рӯшани ояндаи дурахшон доштани Тоҷикистони азизи мост.

Шак нест, ки Ватанро фарзандони ҷонфидо месозанд, Истиқлолашро таҳким мебахшанд ва бо аъмолу суханрониҳои ангезабахши меҳанпарастонаашон ҳазоронро ба ҷодаи созандагӣ мекашонанд. Хушбахтона, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар рӯзу ҳар лаҳзаи фаъолияти хеш собит менамоянд, ки пешоҳанги созандагони ояндаи дурахшони Тоҷикистонанд.

Ироаи Паёми пурмуҳтаво бори дигар ин ҳақиқати баҳснопазирро пеши чашми мардуми кишвар ва ҷаҳон рӯшан кард, зеро чун дигар паёмҳо дар ин Паём низ ҳеҷ соҳае набуд, ки мавриди таҳлилу баррасии нуктасанҷонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор нагирад.

Мушоҳида мешавад, ки дар даҳсолаи охир инсониятро проблемаҳои тағйирёбии иқлим, зиёдшавии офатҳои табиӣ, тармафароӣ, хуруҷи ҳар гуна газҳои гулхонаӣ, бемориҳои сироятӣ (бештар шудани чангу ғубор), норасоии об, зиёдшавии аҳолӣ (бештар шудани талабот оид ба истифодаи об ва аз байн бурдани ҷангалзорҳо), обшавии пиряхҳо ва ғайра таҳдид намуда истодааст.

Тағйирёбии босуръати иқлим ва афзоиши аҳолии Сайёра дар назди инсоният масъалаҳои наверо гузошта истодааст, ки ҳалли оқилонаи онҳо боиси паст шудани шиддати таъсири тағйирёбии иқлим ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад.

Бояд қайд намуд, ки дар шароити тағйирёбии иқлим тибқи тадқиқотҳои мутахассисони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ бештари пиряхҳо рӯ ба таназул карда, қафонишиниро идома дода истодаанд. Аз ҷумла, пиряхи Хирсони ҳавзаи дарёи Ванҷоб, ки яке аз пиряхҳои калонтарини ҳавза ва таъминкунандаи оби дарёи Ванҷ ба шумор меравад, аз соли 2011 то 2024 забонаи пирях зиёда аз 828 м қафо рафтааст. Ба монанди ҳамин пиряхи Зарафшон, ки дар ҳавзаи дарёи Зарафшон воқеъ аст, дар давоми 40 сол (аз соли 1971 то 2019) ба ҳисоби миёна 1700 м коҳиш ёфта, суъати қафонишинии забонаи пирях ба 43м/сол баробар аст.

Ҳамзамон, пиряхи дигари ҳавзаи дарёи Зарафшон аз соли 1968 то соли 2020 ба андозаи 174 м қафо рафтааст, ки боқимонда пиряхҳо низ дар ин шароити номусоид қарор доранд.

Мо бояд ташаббусҳои бузурги Пешвои миллатро, ки дар соҳаҳои ҳифзи табиат пиряхҳо, об ва иқлим амалӣ шудан доранд, дастгириву пуштибонӣ намоем, зеро маҳз ин ташаббусҳои наҷибу ояндабинонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистону тоҷикистониёнро ба ҷаҳониён бештар шиносонидааст. Имрӯз ин ташаббусҳост, ки кишварҳои олам Тоҷикистонро ба унвони мамлакату ташаббускор ва Пешвои муаззами миллат ҳамчун дипломатияи об дар ҷаҳон мешиносанд.

Пешвои муаззами миллат чун дигар суханрониҳо дар Паёми навбатӣ низ ҷавононро қишри ояндасози кишвар унвон намуда, қайд карданд, ки "Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт. Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд”.

Дар идома зикр карда шуд, ки "Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем".

Матлаби худро бо овардани нуктаи дигаре аз Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поён мебахшем ва умедворем, ки ин андешаҳои оқилонаи Сарвари давлат дар кишвари мо дуруст ва мақсаднок амалӣ хоҳанд гашт: Мо якҷоя умед мебандем, ки иқдомҳои пай дар пайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар ҳалли ин масъалаи глобалӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвишу изтироб овардааст, нақши бориз мегузорад.

 

Фаррух САИДАҲМАДОВ,

мудири кафедраи менеҷменти молиявӣ