Тайи солҳои охир ҷаҳон ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид гардида истодааст, ки онро метавон давраи иқтисоди донишбунёд, рақамисозӣ ва идоракунии зеҳнӣ номид. Ин раванд на танҳо низоми истеҳсолот, балки шаклу усулҳои идоракунии давлат ва иқтисодиётро низ куллан дигаргун сохтааст. Дар чунин шароит, ҳар кишваре, ки мехоҳад дар рақобати ҷаҳонӣ мавқеи устувор пайдо намояд, бояд пеш аз ҳама ба рушди сармояи инсонӣ, яъне тарбияи кадрҳои баландихтисос, соҳибтафаккур ва дорои ҷаҳонбинии муосир аҳамияти аввалиндараҷа диҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарназардошти хусусиятҳои геоиқтисодӣ ва ҳадафҳои стратегии худ ба таҳкими пояҳои иқтисоди миллӣ ва такмили низоми идоракунии давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин раванд, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахусус Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ҳамчун марказҳои асосии тавлиди дониш ва омода намудани кадрҳои соҳибтахассус нақши калидӣ мебозанд.

Факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ дар сохтори ин донишгоҳ яке аз бахшҳои пешсаф ба шумор рафта, тӯли фаъолияти худ тавонистааст дар таҳкими иқтидори кадрии кишвар саҳми арзанда гузорад. Маҳз дар ҳамин замина, сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ Маҳмадалӣ Очилдиев бо декани факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ Қаландар Сафарзода дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон суҳбати ихтисосие анҷом дод, то масъалаҳои мубрами рушди соҳа, дастовардҳо ва дурнамои фаъолияти факултетро ба баррасӣ кашида шаванд.

- Муҳтарам Қаландар Сафарзода, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақамисозии иқтисод факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ кадом роҳбурдҳоро ҷиҳати омода намудани мутахассисони рақобатпазир амалӣ мекунад?

- Бидуни шак, ҷаҳонишавӣ ва рақамисозӣ ду тамоюли асосии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд, ки ба ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла низоми таҳсилоти олӣ, таъсири амиқ мерасонанд. Мо дар факултет ин воқеиятро сари вақт дарк намуда, сиёсати таълимии худро ба талаботи нав мутобиқ сохтаем.

Аввалан, таҷдиди барномаҳои таълимӣ ба таври системавӣ роҳандозӣ гардид. Ба барномаҳо фанҳои нав, аз қабили иқтисоди рақамӣ, таҳлили додаҳои калон (Big Data), идоракунии рақамӣ, молияи электронӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ворид карда шуданд. Ин имкон медиҳад, ки донишҷӯён на танҳо бо назария, балки бо амалияи муосир ошно гарданд.

Сониян, усулҳои таълим низ тағйир дода шуданд. Мо аз шаклҳои анъанавии дарсдиҳӣ ба усулҳои интерактивӣ, омӯзиши ҳолатҳо, лоиҳаҳои амалӣ ва тадқиқоти мустақил бештар рӯй овардаем. Ин равиш ба рушди тафаккури таҳлилӣ ва қобилияти қабули қарорҳои мустақил мусоидат мекунад.

Сеюм, ҳамкории зич бо бозори меҳнат ба роҳ монда шудааст. Мо мунтазам бо корфармоён, муассисаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ машваратҳо баргузор намуда, талаботи онҳоро ба барномаҳои таълимӣ ворид месозем. Ҳамин тавр, мо талош дорем, ки мутахассисони омоданамудаи мо ба талаботи воқеии иқтисод ва бозори меҳнат ҷавобгӯ бошанд.

- Дар ҳамин ҳол, нақши факултет дар омода намудани кадрҳои хизмати давлатӣ чӣ гуна аст?

- Идоракунии давлатӣ имрӯз ба яке аз соҳаҳои мураккаб ва ҳамзамон ҳалкунанда табдил ёфтааст. Самаранокии сиёсати давлатӣ, татбиқи барномаҳои рушди миллӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ аз сифати кадрҳои хизмати давлатӣ вобастагии мустақим доранд. Факултети мо дар ин самт масъулияти баландро эҳсос менамояд. Мо мутахассисонеро омода месозем, ки дорои донишҳои амиқи иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва идоракунӣ буда, ҳамзамон қобилияти таҳлили равандҳои иҷтимоиву иқтисодиро дошта бошанд. Барои расидан ба ин ҳадаф, мо барномаҳои таълимиро бо дарназардошти ислоҳоти хизмати давлатӣ такмил додаем. Донишҷӯён дар доираи таҷрибаомӯзӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ фаъолона иштирок менамоянд. Ин таҷриба ба онҳо имкон медиҳад, ки донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намоянд.

- Аз нигоҳи Шумо, кадом ихтисосҳо имрӯз бештар ояндадор маҳсуб меёбанд?

- Ихтисосҳои вобаста ба иқтисоди рақамӣ, идоракунии давлатӣ, молияи байналмилалӣ ва таҳлили иқтисодӣ имрӯз талаботи зиёд доранд. Ин самтҳо бо тамоюлҳои ҷаҳонӣ мувофиқ буда, имкониятҳои васеи рушдро фароҳам меоранд.

- Барои ҷалби ҷавонони боистеъдод ба илмомӯзӣ ва азхуд кардани дониш чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

- Дар донишгоҳ ва факултет барои ҷавонони лаёқатманд муҳити мусоиду созгор ва солим фароҳам оварда шудаанд. Барномаҳои дастгирӣ, стипендияҳо, озмунҳои илмӣ ва имкониятҳои иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошанд.

- Дар самти рушди инноватсия ва соҳибкорӣ чӣ иқдомҳо роҳандозӣ шудаанд?

- Имрӯз рушди иқтисоди миллӣ бидуни навоварӣ ва ташаббусҳои эҷодӣ ғайриимкон аст. Мо ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса медиҳем. Дар факултет муҳити мусоиди илмӣ ва инноватсионӣ фароҳам оварда шудааст. Донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб гардида, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок мекунанд. Баргузории форумҳои илмӣ, семинарҳо ва конфронсҳо низ ба анъана табдил ёфтааст. Илова бар ин, мо талош мекунем, то тафаккури соҳибкориро дар миёни донишҷӯён ташаккул диҳем. Ин раванд тавассути омӯзиши фанҳои марбут ба соҳибкорӣ, рушди стартапҳо ва ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ амалӣ мегардад.

- Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар фаъолияти факултет чӣ аҳамият доранд?

- Дар шароити ҷаҳонишавӣ, бе ҳамкории байналмилалӣ рушди босифати таҳсилот ғайриимкон аст. Мо бо як қатор донишгоҳҳо ва марказҳои илмии хориҷӣ ҳамкории судманд дорем.

Ин ҳамкориҳо дар шаклҳои гуногун амалӣ мегарданд: табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, татбиқи барномаҳои муштарак, баргузории конфронсҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои илмӣ. Ҳадафи асосӣ ин ворид намудани таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва мутобиқ намудани он ба шароити миллӣ мебошад.

- Дар 30 соли фаъолияти донишгоҳ муҳимтарин дастовардҳои факултет кадомҳоянд?

- 30 соли фаъолияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон на танҳо як марҳилаи таърихӣ, балки як мактаби бузурги таҷриба ва камолоти касбӣ мебошад. Факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ дар ин роҳ саҳми арзанда гузошта, имрӯз ҳамчун яке аз марказҳои муҳимми тайёр намудани кадрҳои баландихтисос шинохта мешавад.Бо такя ба дастовардҳои гузашта ва бо нигоҳ ба оянда, факултет талош менамояд, ки рисолати худро дар рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими низоми идоракунии давлатӣ бо масъулияти баланд идома диҳад.

Дар ин давра факултет тавонист ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардад. Пеш аз ҳама, мо мактаби илмии худро ташаккул додем, ки имрӯз дар тадқиқи масъалаҳои иқтисоди миллӣ ва идоракунии давлатӣ саҳми назаррас дорад. Садҳо нафар хатмкунандагони факултет имрӯз дар сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ фаъолият доранд. Ин худ гувоҳи сатҳи баланди омодасозии кадрҳо мебошад. Албатта, мушкилот низ мавҷуданд, аз ҷумла зарурати такмили инфрасохтори таълимӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйироти босуръати ҷаҳонӣ. Аммо мо ин мушкилотро ҳамчун ангезаи рушд арзёбӣ мекунем.

- Раванди омодагиҳо ба ҷашни пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом сатҳ қарор доранд?

- Сатҳи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ масъулиятшиносона ва фарогир мебошад, зеро ин сана барои давлату миллат аҳамияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хос дорад.

Якум, дар саросари кишвар корҳои ободониву созандагӣ вусъат гирифтаанд. Бунёди роҳҳову иншооти иҷтимоӣ, аз қабили мактабҳо, беморхонаҳо, марказҳои фарҳангӣ ва варзишӣ бо суръати баланд идома дорад, ки ин раванд танҳо ба истиқболи ҷашн маҳдуд нагардида, балки ба беҳбуди сатҳи зиндагии мардум равона шудааст.

Дуюм, омодагиҳо ҷанбаи иқтисодӣ низ доранд. Дар доираи барномаҳои давлатӣ ва маҳаллӣ, корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз мекунанд, ки ин ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд. Ин нишон медиҳад, ки ҷашн танҳо як рӯйдоди рамзӣ нест, балки як ангезаи рушди воқеӣ мебошад.

Сеюм, бахши фарҳанг ва маърифат низ дар меҳвари омодагиҳо қарор дорад. Баргузории конфронсҳои илмӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ, фестивалҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ барои тақвияти худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолият нақши муҳим мебозанд.

Ҳамзамон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, низ дар ин раванд саҳми назаррас доранд. Баргузории ҳамоишҳои илмӣ, нашри корҳои тадқиқотӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши дастовардҳои даврони истиқлолият аз ҷумлаи чунин иқдомҳост.

Дар умум, метавон гуфт, ки омодагиҳо ба таҷлили сазовору шоиста аз 35-умин солгарди истиқлолият хусусияти стратегӣ, фарогир ва натиҷамеҳвар дошта, на танҳо ба таҷлили як сана, балки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори иқтисод ва боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа нигаронида шудаанд.

- Дар фароварди суҳбат паёми Шуморо мехоҳем ба ҷавонони кишвар бирасонем, ки он маҳаке дорад?

- Мусаллам аст, ки ҷавонон неруи созанда ва ояндасози миллатанд. Ояндаи давлат, пешрафти иқтисоди миллӣ ва устувории низоми идоракунии давлатӣ маҳз ба дониш, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон вобаста аст. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки ҳар як ҷавон дилогоҳу худшинос ба омӯзиши илмҳои замонавӣ, аз ҷумла иқтисод, технологияҳои рақамӣ ва идоракунии муосир, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд.

Имрӯз ҷаҳон дар ҳоли тағйироти босуръат қарор дорад. Дар чунин шароит танҳо онҳое муваффақ мешаванд, ки дониши амиқ, тафаккури таҳлилӣ ва қобилияти мутобиқшавӣ ба навгониҳоро доранд. Аз ин лиҳоз, насли наврас ва ҷавонро лозим меояд, ки на танҳо дониш андӯзанд, балки онро дар амал татбиқ карда тавонанд.

Ҳамзамон, фаромӯш набояд кард, ки ҳар як пешрафти шахсӣ бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ҳамоҳанг бошад. Истиқлолият барои мо неъмати бебаҳост ва ҳифзу таҳкими он масъулияти муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон мебошад.

Биноан, ба ҷавонону наврасон тавсия медиҳам, ки ташаббускор бошанд, аз мушкилот наҳаросандд ва ҳамеша дар ҷустуҷӯи имкониятҳои нав қарор гиранд. Зеро маҳз шахсиятҳои фаъол, эҷодкор ва донишманд метавонанд Тоҷикистонро ба сатҳи баланди рушд расонанд.

Тавре Пешвои миллат ҳамеша таъкид месозанд, ояндаи кишвар аз донишу малакаи ҷавонон вобаста аст, онро бо дониш, ҳисси масъулият, заҳмат ва садоқат ба Ватан бунёд намуда, баҳри ҳифзу эҳтироми арзишҳои милливу давлатӣ талоши пайваста ба кор баранд.

 

Мусоҳиб: Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ