ТАРБИЯ - ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ ВА ТАШАККУЛИ МИЛЛАТ
Нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва рушди ҷомеа дар шароити истиқлолият
Дар шароите, ки арзишҳои маънавию фарҳангӣ таҳти таъсири равандҳои гуногуни глобалӣ қарор гирифта, ҷаҳон бо суръати баланд тағйир меёбад ва фазои иттилоотӣ ба шуури инсон таъсири амиқ мерасонад, масъалаи тарбияи ҷавонон ба яке аз муҳимтарин омилҳои таъмини пойдории давлат ва рушди устувори ҷомеа табдил ёфтааст. Дар ҳамин марҳила сарнавишти минбаъдаи ҷомеа на танҳо аз захираҳои иқтисодӣ ё имкониятҳои сиёсӣ, балки пеш аз ҳама аз сатҳи маърифат, ҷаҳонбинӣ ва тарбияи насли ҷавон вобаста мегардад. Барои Тоҷикистон, ки дар фазои истиқлолият роҳи ташаккули давлатдории муосирро тай менамояд, ин масъала аҳамияти боз ҳам бештар касб мекунад. Аз ин лиҳоз, ҳоло зарурати баррасии амиқи нақши тарбия дар ташаккули шахсияти миллӣ ва таъмини рушди устувори ҷомеа беш аз пеш эҳсос мегардад.
Маҳз дар чунин шароит нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, дар ташаккули шахсияти комил, худшиносу ватандӯст ва масъулиятшинос ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ Маҳмадалӣ Очилдиев бо муовини ректор оид ба тарбия Ғафорова Шаҳноза Абдуҷабборовна суҳбати муфассали ихтисосӣ анҷом дод, ки муҳтавои он манзури қазовати хонандагон мегардад.
- Шаҳноза Абдуҷабборовна, дар остонаи ҷашнҳои фархундаи миллӣ, мехостем аз нигоҳи Шумо нақши муассисаи таҳсилоти олӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва худшиносии ҷавононро арзёбӣ намоем, ки он дар чӣ зоҳир мегардад?
- Пеш аз ҳама бояд таъкид намоям, ки муассисаҳои таҳсилоти олӣ на танҳо марказҳои интиқоли дониш, балки муҳитҳои ташаккули шахсият мебошанд. Дар чунин муҳит, ҷавонон на танҳо соҳибихтисос мегарданд, балки ҷаҳонбинӣ, арзишҳо ва мавқеи шаҳрвандии худро ташаккул медиҳанд. Дар шароити Истиқлолияти давлатӣ, яке аз вазифаи асосии муассисаҳои таҳсилоти олӣ тарбияи насли ҷавон мебошад, ки дорои худшиносии миллӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти иҷтимоӣ бошанд. Маҳз чунин насл метавонад пояҳои давлатдориро таҳким бахшида, рушди устувори ҷомеаро таъмин намояд.
- Ба андешаи Шумо, Истиқлолияти давлатӣ ба ташаккули низоми тарбиявӣ чӣ гуна таъсир расонидааст?
- Истиқлолият барои рушди низоми миллии маориф ва тарбия заминаи мусоид фароҳам овард. Агар пештар бисёр равандҳо ба таври умумӣ ва қолабӣ амалӣ мегардиданд, имрӯз мо имконият дорем, ки барномаҳои тарбиявиро бо дарназардошти арзишҳои миллӣ, фарҳанги ғании тоҷикон ва манфиатҳои фардию давлатӣ таҳия намоем. Дар давраи истиқлолият, тарбия ба як самти афзалиятнок табдил ёфта, дар сиёсати давлатӣ мавқеи марказиро ишғол мекунад. Ин раванд шароит фароҳам овардааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ низоми мукаммали корҳои тарбиявӣ ташаккул ёбад.
- Агар ба 30 соли фаъолияти донишгоҳ назар афканем, кадом дастовардҳоро дар самти тарбия метавон муҳим арзёбӣ кард?
- Аллбата, суоли Шумо пеш аз ҳама ишора ба он менамояд, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, муассисаи даврони истиқлол аст. Яъне тамоми он имкониятҳоеро, ки дар даврони 35-соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳаё намудааст, донишгоҳ низ аз онҳо бархурдор аст. Дар давоми 30 сол, донишгоҳ тавонист як мактаби мукаммали тарбиявиро ба вуҷуд оварад. Аз ҷумла, ташкили сохторҳои махсуси тарбиявӣ, ҷорӣ намудани нақша чорабиниҳои дохилидонишгоҳӣ оид ба иҷроиши санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии дахлдори самт, ки хусусияти гуногуни маърифатӣ, иҷтимоӣ, огоҳнамоӣ ва таблиғотиро доранд. Ҳамзамон густариш додани фаъолияти ташкилотҳои ҷавонон, ғолибияти донишҷӯён дар озмунҳои гуногунсатҳи варзишӣ, волонтёрӣ, ба даст овардани стипендияҳо ва ҷалби донишҷӯён ба корҳои ҷамъиятӣ аз дастовардҳои назарраси фаъолияти раёсати тарбия мебошанд.
Дар замина иброз намудан бамаврид аст, ки имрӯз донишгоҳ ба як муҳити солими маънавӣ, таълимию илмӣ табдил ёфтааст, ки дар он арзишҳои миллӣ, ахлоқи ҳамида ва эҳсоси масъулиятшиносӣ ташаккул меёбанд.
- Сиёсати тарбиявии донишгоҳ бар кадом принсипҳо асос ёфтааст?
- Сиёсати тарбиявии донишгоҳ дар асоси принсипҳои умумиҳуқуқӣ ва соҳавии фаъолияти самти тарбия дар муасисаҳои таҳсилоти олӣ ба роҳ монда шудааст. Қонуният, эҳтирому эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инсондӯстӣ, принсипҳое мебошанд, ки бе ягон мамоният тадбиқ гардида, ҳамзамон пос доштани арзишҳои маънавӣ, миллӣ, меҳандӯстӣ ва поквиҷдонӣ низ як самти фаъолияти сохтори тарбияро ташкил медиҳанд.
Мо кӯшиш мекунем, ки тарбия на танҳо як раванди расмӣ, балки як қисми табиии ҳаёти донишҷӯён бошад. Барои ин, чорабиниҳои гуногун, барномаҳои фарҳангӣ ва ташаббусҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ мегарданд.
- Дар замони ҷаҳонишавӣ нигоҳдории арзишҳои миллӣ чӣ гуна таъмин мегардад?
- Тавре ҳамагон мушоҳида менамоем, ҷаҳонишавӣ ҳам имконият аст ва ҳам бархӯрд. Дар баробари дастрасӣ ба иттилоот ва фарҳангҳои гуногун, хатари аз даст додани ҳувияти миллӣ низ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, мо ба тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва риояи меъёрҳои дахлдори ҳуқуқию иҷтимоӣ, диққати махсус медиҳем. Тавассути омӯзиши таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳо, мо кӯшиш мекунем, ки ҷавонон решаҳои худро шиносанд ва ба онҳо эҳтиром гузоранд.
- Тарбияи ватандӯстӣ дар донишгоҳ чӣ гуна амалӣ мегардад?
- Тарбияи ватандӯстӣ яке аз самтҳои калидии фаъолияти мост. Ин раванд танҳо бо сухан маҳдуд намешавад, балки дар фаъолияти ҳаррӯзаи амалӣ ва намунавӣ қарор доштан: аз қабили иштирок дар чорабиниҳои давлатӣ, аксияҳои иҷтимоӣ, мулоқотҳо бо шахсиятҳои барҷаста ва барномаҳои маърифатӣ амалӣ мегардад.
Мо талош мекунем, ки ҳар як донишҷӯ худро як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа ва давлат эҳсос намояд.
- Хуб, масъалаи ахлоқи ҷавонон имрӯз хеле муҳим аст. Донишгоҳ дар ин самт чӣ тадбирҳо меандешад?
- Ахлоқ пояи асосии ҳар як ҷомеаи солим аст. Мо ба ташаккули ахлоқи ҳамида тавассути тарбияи маънавӣ, баргузории суҳбатҳои тарбиявӣ, семинарҳо ва чорабиниҳои сиёию фарҳангӣ диққати ҷиддӣ медиҳем. Ҳамчунин, нақши устод ҳамчун намунаи ибрат будан ба ҷавонон хеле муҳим аст. Агар устод худ дорои ахлоқи баланд бошад, пас Ӯ метавонад нақши назарраси хешро дар ҳолати маънавию ҷисмонии донишҷӯ расонад.
- Дар ҳамин ҳол, агар аз нуқтаи назари фарох ба масъала назар кунем, нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва худшиносии ҷавонон дар чӣ ифода меёбад?
- Агар мо ба ин масъала аз дидгоҳи стратегӣ назар андозем, муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар асл танҳо марказҳои интиқоли дониш нестанд. Онҳо мактабҳои бузурги ташаккули шахсиятанд — шахсияте, ки дар оянда сарнавишти давлат ва ҷомеаро муайян месозанд.
Имрӯз дар шароити ҷаҳони пуртазоди иттилоотӣ, ки ҳар рӯз ба зеҳни ҷавонон садҳо ва ҳазорҳо таъсир ворид мешавад, нақши донишгоҳ дар ташаккули ҷаҳонбинии устувор, як мавқеи равшани шаҳрвандӣ ва як низоми арзишҳои муназзам бениҳоят муҳим аст.
Баъзан мо тарбияро танҳо ҳамчун як маҷмӯи чорабиниҳо дарк мекунем, аммо дар асл тарбия — ин раванди амиқ, пайваста ва фарогири ташаккули инсон аст. Донишгоҳ маҳз он муҳитест, ки дар он ҷавон аз марҳилаи шаклгирии ибтидоӣ гузашта, ба сатҳи худшиносии баланд мерасад. Маҳз дар ҳамин ҷо ӯ ба дарки арзишҳои дахлдор такя намуда, дар ҷомеа қадамҳои аввалини пурмасъулияти хешро эҳсос менамояд.
- Ба андешаи Шумо, Истиқлолияти давлатӣ чӣ гуна ба ташаккули низоми тарбиявӣ таъсир расонд?
- Истиқлолият на танҳо як воқеаи сиёсӣ буд, балки як гардиши куллӣ дар тамоми низоми арзишҳо, аз ҷумла дар соҳаи маориф, хусусан самти тарбия гардид. Истиқлолият ба мо имкон дод, ки ба сарчашмаҳои аслии фарҳангӣ ва маънавии худ баргардем. Мо тавонистем тарбияро бар пояи арзишҳои миллӣ, аз қабили худшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва фарҳанг, масъулияти шаҳрвандӣ ва ахлоқи ҳамида бунёд намоем. Ин ҷо месазад як нуктаи муҳимро таъкид кард, ки истиқлолият ба ҷавонону шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст.
- Агар ба 30 соли фаъолияти донишгоҳ назар афканем, кадом дастовардҳоро дар самти тарбия метавон ҳамчун марҳалаҳои муҳим арзёбӣ кард?
- Дар ҳақиқат, 30 сол барои як муассисаи таълимӣ давраи хеле пурмазмун аст. Дар ин муддат донишгоҳ аз як муассисаи навтаъсис ба як маркази муҳими таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ табдил ёфт. Дар самти тарбия мо тавонистем як низоми мукаммал ва ҳамоҳангро ба роҳ монем. Ин низом як фалсафаи умумии тарбиявиро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, метавон чанд самти муҳимро бо шумули ташаккули сохтори махсуси корҳои тарбиявӣ, ҷорӣ намудани барномаҳои доимии маърифатӣ, густариши фаъолияти созмонҳои ҷавонон, инчунин, таҳкими робитаи донишгоҳ бо ҷомеа ва ниҳодҳои давлатиро дар ин радиф ном бурд, вале муҳимтар аз ҳама, ин аст, ки ниҳоди мо тавонист як муҳити маънавии солимро ба вуҷуд оварад, ки ин бисёр муҳим аст. Ҳамон муҳити солимеро, ки дар он донишҷӯ худро танҳо донишомӯз не, балки як шахсияти комилҳуқуқ, эҳсос мекунад.
- Сиёсати тарбиявии донишгоҳ бар кадом арзишҳо асос ёфтааст?
- Сиёсати тарбиявӣ дар донишгоҳ ба як қатор арзишҳои бунёдӣ такя мекунад, ки онҳоро метавон ҳамчун сутунҳои асосии тарбия ном бурд. Аввалан, арзишҳои миллӣ, ба монанди эҳтиром ба таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои миллӣ. Дуюм, арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла, инсондӯстӣ, адолат, таҳаммулпазирӣ ва сеюм, ҳамраъйӣ ба талаботи замон, яъне мутобиқшавӣ ба шароити ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонӣ. Дар ин самт мо кӯшиш мекунем, ки ин се унсурро дар як низоми ягона муттаҳид созем. Зеро танҳо дар ҳамин ҳолат метавон шахсияти ҳаматарафа рушдкардаро тарбия кард, шахсияте, ки ҳам решаҳои миллӣ дорад ва ҳам ба ҷаҳони муосир мутобиқ аст.
- Дар замони ҷаҳонишавӣ нигоҳдории арзишҳои миллӣ чӣ гуна таъмин мегардад?
- Ин яке аз масъалаҳои калидии замони мост. Ҷаҳонишавӣ равандест, ки онро наметавон боздошт, аммо метавон онро дуруст идора кард. Мушкил дар он нест, ки ҷавонон бо фарҳангҳои дигар шинос мешаванд. Мушкил дар он аст, ки баъзан онҳо бе дарки амиқ арзишҳои худро фаромӯш мекунанд. Аз ин рӯ, вазифаи мо на маҳдуд кардан, балки роҳнамоӣ намудан аст. Мо бояд ба ҷавонон омӯзонем, ки чӣ гуна дар миёни гуногунандешӣ ва гуногунфарҳангӣ ҳувияти худро ҳифз намоянд.
Пеш аз ҳама худи мо бояд ба ҷавонону донишҷӯён намунаи ибрат бошем. Бинобар ин, мо ба ҳифзу омӯзиши таърих, фарҳанг, адабиёт ва анъанаҳои миллӣ диққати махсус медиҳем.
- Тарбияи ватандӯстӣ дар донишгоҳ чӣ гуна амалӣ мегардад?
- Ватандӯстӣ танҳо як мафҳуми зебо нест, он як эҳсоси амиқ ва як масъулияти бузург аст. Саъй меварзем, ки тарбияи ватандӯстиро аз доираи сухан берун оварда, ба амалия табдил диҳем, то донишҷӯён дар чорабиниҳои давлатӣ, аксияҳои иҷтимоӣ, барномаҳои ихтиёрӣ фаъолона иштирок намоянд. Ин ҳама ба онҳо имкон медиҳад, ки худро як қисми ҷомеа эҳсос намоянд. Зеро ватандӯстӣ на фақат бо сухан, балки дар сурату дар сират, хештаншиносист.
- Муаллимаи азиз, бубинед, масъалаи ахлоқ ва маънавияти ҷавонон имрӯз яке аз масъалаҳои калидии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Донишгоҳ дар ин самт чӣ тадбирҳои муассир меандешад?
- Бешубҳа, масъалаи ахлоқ имрӯз дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеаи муосир қарор дорад. Зеро ҳар қадар сатҳи маърифат боло равад ҳам, агар ахлоқ поин бошад, он ҷомеа наметавонад ба рушди устувор ноил гардад.
Мо ахлоқро на танҳо ҳамчун маҷмӯи қоидаҳои рафтор, балки ҳамчун пояи аслии шахсият мебинем. Дар донишгоҳ ин раванд тавассути чанд самти асосӣ амалӣ мегардад. Пеш аз ҳама, мо ба тарбияи маънавии донишҷӯён диққати ҷиддӣ медиҳем. Ин тавассути суҳбатҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо бо шахсиятҳои намунавӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ амалӣ мегардад. Ҳамзамон, муҳити донишгоҳ худ бояд тарбиявӣ бошад. Яъне, фазое, ки дар он эҳтиром, одоб, масъулият ва фарҳанги муошират ҳукмфармо бошад. Зеро як ҳақиқати оддӣ вуҷуд дорад: “Ахлоқро бештар муҳит месозад, на танҳо сухан”.
- Оё дар амал таъсири омилҳои манфии беруна ба раванди тарбия эҳсос мегардад?
- Албатта, ин як воқеияти замони мост. Ҷавонон имрӯз дар як фазои кушоди иттилоотӣ зиндагӣ мекунанд, ки дар он ҳам арзишҳои мусбат ва ҳам манфӣ мавҷуданд.
Баъзан таъсири фарҳангҳои бегона, идеологияҳои носолим ва иттилооти беқимат ба ҷаҳонбинии ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад. Ин метавонад ба коста шудани эҳсоси масъулият, беаҳамиятӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ ва ҳатто ба гумроҳии фикрӣ оварда расонад. Аммо ин раванд натанҳо мушкилот, балки як даъват ба фаъолияту масъулият мебошад. Зеро, ҳар бархӯрд як имконияти тоза барои рушд аст.” Биноан, мо кӯшиш мекунем, ки бо роҳи маърифат, фаҳмондадиҳӣ ва ташкили муҳити солим ин таъсирҳоро коҳиш диҳем”.
- Пас, бигӯед, ки нақши оила ва ҷомеа дар ҳамоҳангсозии тарбия то чӣ андоза муҳим аст?
- Нақши оила бениҳоят бузург аст. Оила мактаби аввалини тарбия аст ва он заминае, ки дар оила ба шахс гузошта мешавад, дар ӯ то охир боқӣ мемонад.
Агар донишгоҳ як марҳилаи такмили шахсият бошад, пас оила марҳилаи пайдоиш ва ташаккули ибтидоии он аст. Аз ин рӯ, мо ҳамеша таъкид мекунем, ки тарбия бояд як раванди ҳамоҳанг бошад: миёни оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа. Агар ин се унсур дар як самт фаъолият намоянд, натиҷа хеле муассир хоҳад буд.
- Фаъолияти созмонҳои ҷавонон дар донишгоҳ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст ва онҳо дар тарбияи донишҷӯён чӣ саҳм доранд?
- Созмонҳои ҷавонон яке аз унсурҳои муҳими низоми тарбиявӣ мебошанд. Онҳо ба донишҷӯён имконият медиҳанд, ки худро дар амал санҷанд. Дар доираи ин созмонҳо ҷавонон на танҳо иштирокчӣ, балки ташаббускор мешаванд. Онҳо дар ташкили чорабиниҳои гуногунсамт иштирок менамоянд, лоиҳаҳо ташкил менамоянд ва дар натиҷа ҳиссае аз масъулиятро эҳсос мекунанд. Ин раванд ба ташаккули сифатҳои муҳим, аз қабили роҳбарӣ, масъулиятшиносӣ ва фаъолият мусоидат мекунад.
- Оё донишҷӯён дар ташаббусҳои иҷтимоӣ ва волонтёрӣ фаъолона иштирок мекунанд?
- Бале, хушбахтона, сатҳи фаъолият хеле баланд аст. Донишҷӯёни мо дар чорабиниҳои иҷтимоӣ, корҳои волонтёрӣ, аксияҳои хайриявӣ ва барномаҳои фарҳангӣ фаъолона иштирок мекунанд. Ин на танҳо ба онҳо таҷриба медиҳад, балки ҳисси худшиносӣ, масъулият ва ҳамбастагиро тақвият мебахшад.
- Дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ тарбияи ҷавонон дар муҳити рақамӣ чӣ гуна бояд ба роҳ монда шавад?
- Ин яке аз масъалаҳои меҳварии замони мост. Чунки алъон муҳити рақамӣ ба як қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҷавонон табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, мо бояд тарбияро ба ин муҳит ворид кунем.
Дар ин масир аввалан, баланд бардоштани фарҳанги иттилоотӣ муҳим аст. Яъне, ҷавон бояд донад, ки чӣ гуна иттилооти дурустро аз нодуруст фарқ кунад. Дуюм, ташаккули масъулияти рақамӣ. Яъне, ҳар як амали ӯ дар фазои маҷозӣ низ масъулият дорад. Ва билониҳоя, тафаккури интиқодиро рушд бахшидан зарур аст. Зеро“Дар асри иттилоот, донистан муҳим аст, аммо дуруст фикр кардан муҳимтар аст.”
- Таъсири шабакаҳои иҷтимоиро ба ҷаҳонбинии донишҷӯён чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Шабакаҳои иҷтимоӣ як абзори пуриқтидор ҳастанд, ки онҳо метавонанд ҳам созанда бошанд ва ҳам харобкунанда.
Агар дуруст истифода шаванд, онҳо манбаи дониш, муошират ва рушд мебошанд. Аммо агар беандеша истифода шаванд, метавонанд ба гумроҳӣ ва паст шудани сатҳи маърифат оварда расонанд.
Аз ин рӯ, мо кӯшиш мекунем, ки дар донишҷӯён фарҳанги истифодаи дурусти шабакаҳоро ташаккул диҳем.
- Ба нақши устод дар раванди тарбия чӣ баҳо медиҳед?
- Нақши устод калидӣ ва ивазнашаванда аст. Устод на танҳо омӯзгор, балки тарбиятгар аст. Имрӯз, вақте ки донишҷӯ метавонад иттилоотро аз интернет ба даст орад, нақши устод ҳамчун манбаи дониш каме тағйир ёфтааст, аммо ҳамчун намунаи шахсият боз ҳам муҳимтар шудааст. Устод бояд дорои дониши амиқ, ахлоқи шоиста ва мавқеи устувори шаҳрвандӣ бошад, зеро чуноне гуфтаанд: “Устод бо гуфтор таълим медиҳад, аммо бо рафтор тарбия мекунад”.
- Баҳри баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва тарбиявии омӯзгорон чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
- Мо ба такмили ихтисоси омӯзгорон диққати ҷиддӣ медиҳем. Семинарҳо, курсҳои омӯзишӣ, барномаҳои такмили ихтисос мунтазам баргузор мешаванд. Ҳамзамон, мекӯшем, то фарҳанги педагогӣ ва масъулияти тарбиявиро дар байни омӯзгорон тақвият бахшем. Чунки сифати тарбия аз сатҳи устод вобаста аст.
- Нақши институти мураббигӣ (кураторҳо) дар донишгоҳ дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Институти мураббигӣ яке аз механизмҳои муҳими тарбия буда, мураббӣ ҳамчун пайванд миёни донишҷӯ ва донишгоҳ амал мекунад. Ӯ на танҳо масъалаҳои таълимӣ, балки масъалаҳои шахсӣ ва иҷтимоии донишҷӯёнро низ пайгирӣ мекунад. Ин раванд ба ташаккули муносибати боварӣ ва дастгирии равонӣ мусоидат мекунад.
- Шаҳноза Абдуҷабборовна, бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, дар самти тарбия кадом мушкилот бештар эҳсос мегарданд?
- Саволи бисёр муҳим ва воқеъбинона аст. Зеро ҳар як низоми фаъол, новобаста аз сатҳи рушд, бо як қатор чолишҳо рӯ ба рӯ мегардад. Самти тарбия низ истисно нест. Яке аз мушкилоти асосӣ ин таъсири босуръати муҳити иттилоотии муосир ба шуури ҷавонон мебошад. Имрӯз як донишҷӯ дар як рӯз ба миқдори иттилооте рӯ ба рӯ мешавад, ки шояд дар гузашта инсон дар як моҳ ё ҳатто як сол қабул мекард. Аммо мутаассифона, на ҳамаи ин иттилоот дорои арзиши маънавӣ ва тарбиявӣ аст. Баъзан ин иттилоот метавонад ҷаҳонбинии ҷавонро ноустувор созад, ӯро аз арзишҳои аслии миллӣ дур намояд ва ҳатто ба шаклгирии мавқеи нодуруст мусоидат кунад.
Мушкилоти дигар - ин коҳиш ёфтани нақши баъзе ниҳодҳои анъанавии тарбия, аз ҷумла, оила мебошад. Тавре қайд намуда будем, оила ҳамчун мактаби аввалини ахлоқ ва фарҳанг нақши ҳалкунанда дорад, имрӯзҳо падидаи оила низ дар амалия ба баъзе тағиротҳо рӯ ба рӯ гардида истодааст. Ин раванд масъулияти муассисаҳои таълимиро боз ҳам бештар мекунад. Ҳамчунин, бояд гуфт, ки на ҳамаи ҷавонон ба як сатҳи худшиносӣ ва масъулиятшиносӣ расидаанд. Баъзеҳо ҳанӯз дар ҷустуҷӯи худ ҳастанд ва ин табиист. Аммо маҳз дар ҳамин марҳила онҳо ба роҳнамоии дуруст ниёз доранд.
- Ба назари Шумо, ҷиҳати бартараф намудани ин мушкилот кадом роҳҳои муассир вуҷуд доранд?
- Пеш аз ҳама, бояд эътироф намоем, ки мушкилоти муосирро бо усулҳои кӯҳна ҳал кардан ғайриимкон аст. Мо бояд тарзи фикр ва усулҳои корро мутобиқ ба талаботи замон тағйир диҳем. Яке аз роҳҳои муҳим ин таҳкими ҳамкории се зинаи асосии тарбия мебошад: оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа. Агар ин се унсур дар як самт фаъолият намоянд, натиҷа ҳатман мусбат хоҳад буд.
Дуюм, истифодаи васеи технологияҳои муосир дар раванди тарбия. Яъне тарбия бояд дар ҷойе сурат гирад, ки ҷавон ҳузур дорад.
Сеюм, рушди тафаккури интиқодӣ дар ҷавонон. Мо бояд онҳоро омӯзонем, ки ҳар иттилоотро беандеша қабул накунанд, балки таҳлил намоянд, муқоиса кунанд ва хулосаи мустақил бароранд. Чӣ хеле ки як андешаи ҷолиб байни халқ маъмул ҳаст: “Маълумот додан осон, аммо тафаккур омӯзондан ин санъат аст”.
- Дар шароити рақамикунонӣ ва рушди шабакаҳои иҷтимоӣ тарбияи ҷавонон бояд чӣ гуна тағйир ёбад?
- Имрӯз мо дар як воқеияти нави иҷтимоӣ қарор дорем, ки онро метавон “фазои рақамии зиндагӣ” номид. Барои ҷавонон интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо воситаи муошират, балки як муҳити пурраи зиндагӣ шудаанд. Аз ин рӯ, тарбия низ бояд ба ин воқеият мутобиқ гардад.
Мо бояд фарҳанги истифодаи дурусти технологияҳоро ташаккул диҳем. Яъне, ҷавон бояд на танҳо истифодабарандаи иттилоот, балки таҳлилгари он бошад. Ҳамчунин, зарур аст, ки дар ҷавонон масъулияти рақамӣ ташаккул ёбад. Онҳо бояд дарк кунанд, ки ҳар як сухан, ҳар як навишта ва ҳар як амали онҳо дар фазои маҷозӣ низ паёмад дорад. Яъне, рушди технология худ ба худ хатарнок нест, хатар дар тарзи истифодаи он аст.
- Нақши устод дар чунин шароити тағйирёбанда чӣ гуна бояд бошад?
- Нақши устод имрӯз назар ба гузашта боз ҳам мураккабтар ва масъулиятноктар шудааст. Агар пештар устод манбаи асосии дониш буд, имрӯз донишҷӯ метавонад маълумотро аз садҳо манбаъ ба даст орад. Аммо он чизе, ки ҳеҷ як технология иваз карда наметавонад, ин шахсияти устод аст. Устод бояд на танҳо омӯзгор, балки мураббӣ, роҳнамо ва намунаи ибрат бошад. Ҷавонон бештар аз сухан, аз рафтор ибрат мегиранд. Агар устод дорои ахлоқи баланд, ҷаҳонбинии васеъ ва мавқеи устувор бошад, таъсири ӯ ба донишҷӯён низ мерасад. Аз ин рӯ, мо ба баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва маънавии омӯзгорон диққати ҷиддӣ медиҳем.
- Ба андешаи Шумо, донишгоҳи муосир бояд чӣ гуна шахсиятро тарбия намояд?
- Гуфтан мумкин, ки посух ба ин пурсиш ҷавҳари тамоми фаъолияти мост. Донишгоҳи муосир бояд шахсиятеро тарбия намояд, ки ӯ донишманд ва рақобатпазир, ватандӯст ва худшинос, масъулиятшинос ва фаъол, бар замми ин ҳама, дорои ахлоқи пок ва инсондӯст бошад. Яъне, мо бояд шахсиятеро тарбия кунем, ки на танҳо дар бозори меҳнат, балки дар ҷомеа низ мавқеи устувор дошта бошад.
- Дурнамои сиёсати тарбиявию ахлоқиро дар Тоҷикистон чӣ гуна мебинед?
- Ман ба оянда бо назари нек менигарам. Зеро имрӯз дар сатҳи Ҳукумат ба сиёсати давлатӣ дар самти тарбия диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дурнамои сиёсати тарбиявӣ пеш аз ҳама ба таҳкими арзишҳои миллӣ, рушди худшиносӣ ва мутобиқшавӣ ба талаботи ҷаҳони муосир равона гардидааст. Аз ин рӯ, мо бояд модели муосири тарбияро ташаккул диҳем, ки дар он анъана ва навоварӣ ба ҳам пайваст бошанд. Дар умум, бояд решаҳои худро нигоҳ дорем, вале ба сӯи фардо устувору дилпур қадам гузорем.
- Дар фарҷоми суҳбат паёми Шумо ба ҷавонони кишвар дар остонаи ҷашнҳои бузурги миллӣ чӣ хоҳад буд?
- Пеш аз ҳама, ба ҳамаи ҷавонон гуфтаниям, ки онҳо сармояи асосии давлат ба ҳисоб мераванд. Имрӯз, ки мо дар остонаи рӯзи Ваҳдати миллӣ қарор дорему ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ мешитобем, бояд ҳар як ҷавон дарк намояд, ки ваҳдати милливу истиқлолияти давлатӣ танҳо як сана нест, он як арзиши бузург, як дастоварди таърихӣ ва як масъулияти муқаддас аст. Аз ин рӯ, ба ҷавонон тавсия медиҳам, ки бо шукргузорӣ аз ин неъматҳои воло бештар омӯзанд, худро пайваста такмил диҳанд, ба арзишҳои миллӣ арҷ гузоранд, ба Ватан содиқ бошанд, ва муҳимтар аз ҳама, ба худ бовар дошта бошанд. Зеро ояндаи давлат аз имрӯзи ҷавонон оғоз меёбад.
P/S: Суҳбати пурвусъату доманадори мо бо муовини ректори ДДМИТ оид ба тарбия Шаҳноза Абдуҷабборовна Ғаффорова бори дигар собит месозад, ки тарбия на танҳо як бахши фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, балки пояи асосии пойдории давлат ва рушди устувори ҷомеа мебошад.
Дар ҷаҳоне, ки тағйирот бо суръати бесобиқа ба вуқӯъ мепайвандад, маҳз тарбияи дуруст метавонад инсонро аз гумроҳӣ эмин нигоҳ дорад ва ӯро ба сӯи созандагӣ раҳнамун созад.
Бо назардошти ин ки феълан Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушд қарор дорад, зарурати ташаккули шахсияти дорои худшиносии миллӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва масъулияти баланд беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мегардад. Ва дар ин роҳ муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, нақши калидӣ мебозанд. Зеро, чунон ки таърих борҳо исбот кардааст, давлатҳо бо иқтисод рушд мекунанд, аммо бо тарбия пойдор мемонанд.
Мусоҳиб: Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ
Тоҷ
Рус
Eng