ИҚТИСОД ВА ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ - РУКНИ АСОСИИ РУШДИ УСТУВОРИ МИЛЛӢ
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти хусусиятҳои геоиқтисодӣ ва ҳадафҳои стратегии худ ба таҳкими пояҳои иқтисоди миллӣ ва такмили низоми идоракунии давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин раванд, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахусус Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун маркази асосии омода намудани кадрҳои соҳибтахассус нақши муҳим дорад.
Факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ дар сохтори ин донишгоҳ яке аз бахшҳои пешсаф ба шумор рафта, тӯли фаъолияти худ тавонистааст дар таҳкими иқтидори кадрии кишвар саҳми арзанда гузорад. Маҳз дар ҳамин замина, сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ Маҳмадалӣ Очилдиев бо декани факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ, дотсент Қаландар Сафарзода дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон суҳбати ихтисосие анҷом дод, то масъалаҳои мубрами рушди соҳа, дастовардҳо ва дурнамои фаъолияти факултетро баррасӣ намояд:
- Қаландар Сафарзода дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақамисозии иқтисод факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ кадом корҳоро ҷиҳати омода намудани мутахассисони рақобатпазир амалӣ мекунад?
- Ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонӣ дар ҷаҳони муосир ва ҷомеаи рў ба рушди Тоҷикстон ду тамоюли муҳими рушди иқтисоди маҳсуб меёбанд, ки ба ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла низоми таҳсилоти олӣ таъсири амиқ мерасонанд. Вобаста ба ин, зарурат мо дар факултет ин воқеиятро сари вақт дарк намуда, сиёсати таълимии худро ба талаботи ин ду раванди муҳим бо истифода аз технологияҳои мусоир дар соҳаи таълим мутобиқ сохтаем.
Аввалан, таҷдиди назар намудани барномаҳои таълимӣ ба таври системавӣ роҳандозӣ гардида, ба талаботи муосир мувофиқ карда шуд. Ба барномаҳо фанҳои нав, аз қабили иқтисоди рақамӣ, таҳлили додаҳои калон (Big Data), идоракунии рақамӣ, молияи электронӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ворид карда шуданд, ки хоси талаботи ҷаҳонишавӣ ва рақамкунонии иқтисодиёт мебошад. Ин имкон медиҳад, ки донишҷӯён на танҳо бо назария, балки бо амалияи муосир ошно гарданд.
Дуюм, дар ин ҷараён усулҳои таълим низ тағйир дода шуданд. Мо аз шаклҳои анъанавии дарсдиҳӣ ба усулҳои интерактивӣ, омӯзиши ҳолатҳо, лоиҳаҳои амалӣ ва тадқиқоти мустақил бештар рӯй овардаем. Ин равиш ба рушди тафаккури таҳлилӣ ва қобилияти қабули қарорҳои мустақил мусоидат мекунад.
Сеюм, ҳамкории зич бо бозори меҳнат барои дар сатҳи ҷаҳонӣ омода намудани кадрҳои баландихисоси соҳавӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин робита, мо мунтазам бо корфармоён, муассисаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ машваратҳо баргузор намуда, меъёрҳои амалии онҳоро бо барномаҳои таълимӣ дар ин раванд мутобиқ менамоем. Ҳамин тавр, мо пайваста талош меварзем, ки мутахассисони касбии омоданамудаи мо ба талаботи воқеии иқтисод ва бозори меҳнат ҷавобгӯ бошанд ва дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар Тоҷикстон саҳми босазо гузоранд.
- Дар ҳамин ҳол, нақши факултет дар омода намудани кадрҳои хизмати давлатӣ чӣ гуна аст?
- Идоракунии давлатӣ имрӯз ба яке аз соҳаҳои афзалиятнок, мураккаб ва ҳамзамон, ҳалкунанда дар пешрафти давлат саҳми назаррас дорад. Самаранокии сиёсати давлатӣ, татбиқи барномаҳои рушди миллӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ аз сифати кадрҳои хизмати давлатӣ вобастагии мустақим доранд. Факултети мо дар ин самт масъулияти бо масъулияти баланд мутахассисонеро омода месозад, ки дорои донишҳои амиқи иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва идоракунӣ буда, қобилияти таҳлили равандҳои иҷтимоиву иқтисодиро дар сатҳи зарурӣ доро мебошанд. Барои расидан ба ин ҳадаф, мо барномаҳои таълимиро бо назардошти ислоҳоти хизмати давлатӣ такмил дода, тамоми самтҳои муҳими онро дар барномаҳои таълимии худ ҷой додем. Донишҷӯён дар раванди таҷрибаомӯзӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ фаъолона иштирок менамоянд. Ин таҷриба ба онҳо имкон медиҳад, ки донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намоянд.
- Дар самти рушди инноватсия ва соҳибкорӣ чӣ иқдомҳо роҳандозӣ шудаанд?
- Имрӯз рушди иқтисоди миллӣ бидуни навоварӣ ва ташаббусҳои эҷодӣ дар ин самтҳои муҳим ғайриимкон аст. Мо ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, сохтори факултетро бо кафедраҳои базавӣ бунёд намуда, дар ин самт низ мутаххасис омода менамоем. Дар факултет муҳити мусоиди илмӣ ва инноватсионӣ фароҳам оварда шудааст, ки ба таври доимӣ назарияро бо амалия мувофиқ менамояд. Дар ин робита донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб гардида, дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок мекунанд. Ҳамчунин, баргузории форумҳои илмӣ, семинарҳо ва конфронсҳо низ ба анъана табдил ёфтааст.
Дар соли таҳсили 2025–2026 факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ барои баланд бардоштани сатҳи фаъолияти илмӣ чӣ тадбирҳои муҳимро амалӣ намуд?
- Дар соли таҳсили 2025-2026 факултет як қатор конференсияҳои байналмилалӣ, семинарҳои илмӣ-амалӣ, маҳфилҳои илмии донишҷӯён ва мизҳои мудавварро баргузор намуд. Ҳамчунин, 27 нафар омӯзгор ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буда, мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба нашр расониданд.
- Нишондиҳандаҳои асосии рушди факултет дар соли таҳсили 2025–2026 нисбат ба соли гузашта аз чӣ шаҳодат медиҳанд?
- Шумораи ихтисосҳо аз 6 ба 8, гурӯҳҳои академӣ аз 27 ба 37 ва шумораи донишҷӯён ба 833 нафар расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 20,5 фоиз зиёд мебошад. Ин нишондиҳандаҳо аз рушди устувор, баланд гардидани талабот ба ихтисосҳои факултет ва татбиқи самараноки Стратегияи рушди ДДМИТ шаҳодат медиҳанд.
- Робитаҳои байналмилалии факултет дар соли таҳсили 2025–2026 чӣ гуна тақвият дода шуданд?
- Факултет ҳамкориро бо як қатор донишгоҳҳои хориҷӣ густариш дода, дар доираи барномаи «Профессори даъватӣ» олимон ва мутахассисонро аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Узбекистон ҷалб намуд. Илова бар ин, донишҷӯён ва омӯзгорон дар озмунҳо ва конференсияҳои байналмилалӣ иштирок карда, барои муаррифии дастовардҳои илмии донишгоҳ саҳм гузоштанд.
Донишҷӯёни факултет дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба кадом натиҷаҳо ноил гардиданд?
- Донишҷӯёни факултет дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, дастаи донишҷӯён дар озмуни «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи номинатсияи назариявӣ ҷойи якум ва аз рӯи номинатсияи амалӣ ҷойи дуюмро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ соҳиб шуданд. Ҳамчунин, Шоҳрамазон Табуров Давудбекович дар озмуни байналмилалии «Tax-InTaxion–2025» ҷойи сеюмро ишғол намуд. Илова бар ин, Ҳомилзода Эҳсон дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид.
Донишҷӯёни факултет дар озмунҳои дохилидонишгоҳӣ ва ноҳиявӣ чӣ натиҷаҳо ба даст оварданд?
- Дар озмунҳои дохилидонишгоҳӣ ва ноҳиявӣ низ донишҷӯёни факултет натиҷаҳои баланд нишон доданд. Як қатор донишҷӯён, аз ҷумла Мавлонов М., Сайфуллоев Ҳ., Саидов С. ва Яқубов Ш. дар озмуни донишгоҳии «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷойи якумро гирифтанд. Ҳамчунин, Мирзоев Сомон, Бадалов Азамат, Рашидов Парвиз, Суфиев Умар ва Пулодзода Ҷамолиддин дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм - фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияҳои гуногун ҷойҳои аввалро дар сатҳи донишгоҳӣ соҳиб шуданд. Дар сатҳи ноҳиявӣ бошад, Бадалов Азамат ва Суфиев Умар сазовори ҷойи муайян гардиданд.
- Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар фаъолияти факултет чӣ аҳамият доранд?
- Дар шароити ҷаҳонишавӣ, бе ҳамкории байналмилалӣ ва истифода аз усулҳои интерактивии таълим, рушди босифати таҳсилот ғайриимкон аст. Дар ин робита мо бо як қатор донишгоҳҳо ва марказҳои илмии хориҷӣ ҳамкории судманд дорем.
Ин ҳамкориҳо дар шаклҳои гуногун амалӣ мегарданд: табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, татбиқи барномаҳои муштарак, баргузории конфронсҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои илмӣ. Ҳадафи асосӣ ин ворид намудани таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва мутобиқ намудани он ба шароити миллӣ мебошад.
- Дар 30 соли фаъолияти донишгоҳ муҳимтарин дастовардҳои факултет кадомҳоянд?
- Факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ дар ин роҳ саҳми арзанда гузошта, имрӯз ҳамчун яке аз марказҳои муҳимми тайёр намудани кадрҳои баландихтисос шинохта мешавад. Дар такя бо дастовардҳои гузашта ва бо нигоҳ ба оянда, факултет талош менамояд, ки рисолати худро дар рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими низоми идоракунии давлатӣ бо масъулияти баланд идома диҳад.
Дар ин давра, факултет тавонист ба як қатор дастовардҳои назаррас дар самти таълим, омоданамоии кадрҳои баландихтисос ва дастовардҳо дар олипиада ва дигар чорабиниҳои сатҳи баланди илмии дохилӣ ва байналмилалӣ ноил гардид. Пеш аз ҳама, мо мактаби илмии худро ташаккул додем, ки имрӯз дар тадқиқи масъалаҳои иқтисоди миллӣ ва идоракунии давлатӣ саҳми назаррас дорад. Садҳо нафар хатмкунандагони факултет имрӯз дар сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ фаъолият доранд. Ин худ гувоҳи сатҳи баланди омодасозии кадрҳо мебошад. Албатта, мушкилот низ мавҷуданд, аз ҷумла зарурати такмили инфрасохтори таълимӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйироти босуръати ҷаҳонӣ. Аммо мо ин мушкилотро ҳамчун ангезаи рушд арзёбӣ мекунем.
- Раванди омодагиҳо ба ҷашни пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом сатҳ қарор доранд?
- Сатҳи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ, масъулиятшиносона ва фарогир мебошад, зеро ин сана барои давлату миллат аҳамияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хос дорад.
Баргузории конфронсҳои илмӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ, фестивалҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ барои тақвияти худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолият нақши муҳим мебозанд.
Ҳамзамон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ дар ин раванд саҳми назаррас доранд. Ҳамчунин, ташкили ҳамоишҳои илмӣ, нашри корҳои тадқиқотӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши дастовардҳои даврони истиқлолият аз ҷумлаи чунин иқдомҳост.
Метавон гуфт, ки омодагиҳо ба таҷлили сазовору шоиста ҷашн гирифтани 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ ҳамчун масъалаи муҳими таърихӣ ва тақдирсоз хусусияти стратегӣ, фарогир ва натиҷамеҳварӣ дошта, ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди устувори иқтисод ва боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа нигаронида шудааст.
- Дар фароварди суҳбат паёми Шуморо мехоҳем ба ҷавонони кишвар бирасонем, ки он маҳаке дорад?
- Мусаллам аст, ки ҷавонон неруи созанда ва ояндасози миллатанд. Ояндаи давлат, пешрафти иқтисоди миллӣ ва устувории низоми идоракунии давлатӣ маҳз ба дониш, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон вобаста аст. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки ҳар як ҷавон дилогоҳу худшинос ба омӯзиши илмҳои замонавӣ, аз ҷумла иқтисод, технологияҳои рақамӣ ва идоракунии муосир таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд.
Имрӯз ҷаҳон дар ҳоли тағйироти босуръат қарор дорад. Дар чунин шароит танҳо онҳое муваффақ мешаванд, ки дониши амиқ, тафаккури таҳлилӣ ва қобилияти мутобиқшавӣ ба навгониҳоро доранд. Аз ин лиҳоз, насли наврас ва ҷавонро лозим меояд, ки на танҳо дониш андӯзанд, балки онро дар амал татбиқ карда тавонанд.
Ҳамзамон, фаромӯш набояд кард, ки ҳар як пешрафти шахсӣ бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ҳамоҳанг бошад. Истиқлолият барои мо неъмати бебаҳост ва ҳифзу таҳкими он масъулияти муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон мебошад.
Биноан, ба ҷавонону наврасон тавсия медиҳам, ки ташаббускор бошанд, аз мушкилот наҳаросанд ва ҳамеша дар ҷустуҷӯи имкониятҳои нав қарор гиранд. Зеро маҳз шахсиятҳои фаъол, эҷодкор ва донишманд метавонанд Тоҷикистонро ба сатҳи баланди рушд расонанд.
Тавре Пешвои миллат ҳамеша таъкид месозанд, ояндаи кишвар аз донишу малакаи ҷавонон, хираду заковат ва ватандўстию ватанпарастии онҳо вобаста мебошад, ки онро бо дониш, ҳисси масъулият, заҳмат ва садоқат ба Ватан бунёд намуда, баҳри ҳифзу эҳтироми арзишҳои милливу давлатӣ талоши пайваста ба кор баранд.
Тоҷ
Рус
Eng