ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-НАҶОТБАХШИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН
Шоҳкориҳое, ки дар таърихи башар бо ҳарфҳои заррин навишта мешаванд, ба ҳайси наҷотбахши давлатдории ҳар як миллат ва халқият аз вартаи нобудшавӣ ҷойгоҳи баланд ва қимати ноёб доранд.
Наҷотдиҳандаи аслӣ ва азалии миллати тоҷик дар охири асри XX ва оғози асри XXI шахсияти нодир ва барҷастаи замони муосир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Дар воқеъ, Пешвои маҳбуби кишвар наҷотдиҳандаи аслӣ ва азалии миллати тоҷик ба шумор рафта, халқи тоҷикро аз гумроҳӣ, парешонӣ ва нобудшавӣ наҷот додаанд ва мо онро бояд бо ақли сар дарк намуда, барои гулгулшукуфоии ин Ватани маҳбуб ҷони худро дареғ надорем.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистони азизи мо истиқлолияти давлатии худро 9-уми сентябри соли 1991 ба даст овард. Баъд аз ғуруби давлати абарқудрат мутаасифона фоҷиаи нангину сангине ба сари мардуми мо омад ва он истиқлолияте ки ба даст омад, натавонист ба таври зарурӣ мавриди истифода қарор бигирад.
Дар асоси ин, давлати орому осуда бо дасисаи зархаридони дохилӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки хисороти ҳангуфти иҷтимоию иқтисодӣ, маънавию фарҳангӣ ва аз ҳама муҳим, боиси марги беш аз 150 ҳазор нафар сокинон шуд, ки онро бо ҳеҷ сарват наметавон ҷуброн намуд.
Дар масири марҳалаи нави таърихӣ ва дурнамои баъдишуравӣ бадхоҳони миллат мардуми тоҷикро гумроҳ карданд ва нагузоштанд дар чунин давраи тақдирсози таърихӣ орому осуда роҳи худро бипаймоянд.
На ҳар кас метавонист наҷотбахши халқу миллат бошад, зеро ҳодисаҳои хунбору хуношоми он рӯзҳои наҳс касе ҷуръату ғайрати сар бардоштанро надошт. Метавон мисоле овард, ки дар ҳамон рӯзҳои бад пойтахти азизамон, шаҳри Душанбе дар хуну ғам оғӯшта буд ва ҳазорон шахсиятҳое дар он рӯзгори ноором дар ғами наҷоти худ ва наздиконашон буданд. Дар ҳамон давру замон мантиқан дар он солҳо ҳеҷ кас ба онҳо гараву кафолати зинда монданашонро дода наметавонист.
Фалаҷ гашатани пояҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои қудратии малакат, бо кӯмаки як гурӯҳ хоинони миллат, ки дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷии худро иҷро мекарданд, тамоми қишрҳои ҷомеаро ноором намуда буданд, ҳамзамон, мехостанд ин марзу буми муқаддасро тақсим намоянд. Андаке монда буд, ки ин амали номатлубу ғайриинсонии чанде касиф ватани азизи мо, Тоҷикистон ва ягонагию ваҳдати миллии тоҷикро аз байн бубарад.
Дар ҳамон давраҳои нангину сангин миллати тоҷик ба шахсияте ниёз дошт, ки дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез тавонад халқу мамлакатро аз ин амалҳои номатлубу ғайриинсонӣ берун орад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин мавриди фоҷиабори сарнавишти миллат бо ифтихори ватандорӣ, меҳанпарастӣ ва муҳаббати беандоза ба миллати худ бо иродаи матин қомат афрохтанд ва бо шуҷоату матонат, далерию қавииродагӣ тавонистанд наҷотбахши давлату миллат шаванд ва ҷони худро нисор намоянд.
Бояд қайд намуд, ки дар он рӯзҳои сангину фоҷиабор на ҳама омода буданд, чунин бори сангин ва ғайриинтизорро ба дӯши худ бигиранд. Тамоми қишри ҷомеа кӯшиш ба харҷ медоданд, ҳарчи зудтар ҷони худро дар амон гузоранд.
Бахт бори дигар ба сари мардуми мо баргашт, тулӯи офтоби нур бори дигар ба сари баланди мардуми тоҷик шуълавар гардид. Офтоб аз партавафшонии худ заминҳои сардро гарм ва дилҳои аз ғаму ғусса пуршударо нарм мекард.
Ҳамин буд, ки дар Иҷлоссияи XVI таърихӣ ва тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсияти таърихӣ-наҷотбахши миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва тақдири давлату Ватан ба хиради азалӣ ва малакаи давлатдории ӯ супорида шуд.
Пойтахти кишвар он замон амнияту осудагӣ надошт, чеҳраи сокинон инъикосгари ғаму ғуссаи тамоми шаҳрвандони кишвар буд, донишкадаву донишгоҳҳо аз фаъолият монда буданд ва дар он рӯзгори талх дастрас намудани нон танҳо барои як рӯзи хонавода беҳтарин боигарӣ ба ҳисоб мерафт. Бо гузашти солҳои хатарноки пешин ва расидан ба ин рӯзҳои шукуфо ва пурфараҳи зиндагӣ бовари кас намеояд.
Набояд фаромӯш кард, ки бисёре аз таҳлилгарони сиёсии дохилию хориҷи кишвар ва сиёсатбозони фурсатталаб барои ин шахсияти таърихӣ муддати кӯтоҳи идораи мамлакатро пешбинӣ мекарданд ва дар интизори он буданд, ки кай он замон фаро мерасад? Аммо ин коршиносон муҳимтарин бунёд ва асли мавзуъро аз ёд бароварда буданд, ки интихоби таърих ва интихоби тақдири миллат на барои як рӯзу дурӯз, балки барои ҳазорсолаҳо аст ва агар онро азал муқаррар карда бошад, бақои имрӯз ва фардои он аз аъмоли чунин шахс сарчашма мегирад, ки ӯ дар кадом вазъият зимоми давлатдориро ба уҳда гирифт, чӣ корҳоеро анҷом дод ва чӣ дурнамоеро барои халқ, миллат ва кишвари худ ба армуғон мегузорад.
Бе шаку шубҳа метавон гуфт, ки дар тӯли 35 соли истиқлолият аз нисф бештари ин вақти сипаригашта барои хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии дохилӣ, музокироти хеле мушкили сулҳи тоҷикон, ки дар ҷаҳон назир надорад ва моҳи апрели соли 1994 оғоз гардида, бо имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” 27 июни соли 1997 ба натиҷа расид, ором сохтани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии дохилӣ, ки аз хориҷ тақвияту роҳбарӣ мешуданд, то ба соли 2001 идома кард.
Таърих гувоҳ аст, ки дар ин муддат Президенти маҳбуби кишвар такмили амиқи сиёсӣ ёфтанд, ҳамчун чеҳраи нотакрори сулҳовар дар ҷаҳон дурахшиданд ва бо ташаббус ва пешниҳодҳои созандаю ободкоронаашон, ки онҳоро шоҳкориҳо меноманд, барои халқи тоҷик ва таърихи навини он хизмати таърихӣ анҷом доданд, ки барои корномаҳои нотакрорашон бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гаштанд ва миллати сипосгузори тоҷик ин шахсиятро Пешвои миллат хонд.
Бо шарофати кору пайкори қаҳрамононаи ин шахсияти таърихӣ давлатдории навини тоҷикон аз вартаи нобудӣ раҳо шуд, пояҳои бунёдии он барои ҳазорсолаҳо заминаи устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ пайдо намуданд, мақому мартабаи байналмилалии кишвар бо ташаббус ва пешниҳодҳои созандаи Сарвари давлати тоҷикон, ки ба мубрамтарин масаъалаҳои ҷаҳони имрӯз нигаронида шудаанду аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфтанд, мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ба шумор меравад.
Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол ва бо пайравӣ аз сиёсати созандаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳди пурбори Ваҳдати миллиро мечашем ва аз тоҷик будани худ мефахрем ва бо ҳисси баланду ифтихори миллӣ худро пайравони Пешвои миллат мехонем.
Бигзор Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот дар кишвари мо доимо нурҳои пурҷилои худро чун хуршеди оламгир партавашон намояд ва ҳар яки мо ҳамчун меъмори сулҳофар боз ҳам қасри Ваҳдати миллии Тоҷикистонро муҳташамтар намоем.
Иди Ваҳдати миллиро ба кулли ҳамватонон шодбош намуда, барояшон саодати рӯзгор, сулҳу субот ва тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно менамоям.
АБДУЛЛОЗОДА О. П.,
н.и.к., дотсенти кафедраи фанҳои табиатшиносӣ
Тоҷ
Рус
Eng