СУЛҲУ ВАҲДАТ - ЗАМИНАИ ВОҚЕИИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА ВА РУШДИ БЕМАЙЛОН
Рӯзи 27-уми июн барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, рӯзи муборак, саид ва фирӯз маҳсуб меёбад, чунки мо ба ин рӯзи пурсаодат бар ивази зиёни бузурги моддию маънавӣ, қурбониҳои зиёд, интизориву беқарориҳо ва сабру таҳамули тасвирнопазир расидаем. Агар ба таърихи начандон дури кишварамон назар афканем, Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии ҶТ аз оғози фаъолият ғайримуқарарӣ ҷараён гирифт. Акнун вай бозичаи дасти гурӯҳе ё мансабталоше набуд ва суханони сарвари тозаинтихобшудаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард… » оғози корнамоиҳо ва ҷонбозиҳои сарвари хирадманд ва ҷонфидои далатамон дар роҳи пургардиш, хатарнок ва пурпечутоб расидан ба ормонҳои миллӣ, сулҳу ваҳдат ва берун овардани Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат буд.
Имрӯз мо дар марҳилаи саноатикунонии кишвар қарор дорем, аммо набояд фаромӯш кард, ки барои бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол пас аз суқути давлати аҷдодиамон Сомониён барои миллати тоҷик қариб ҳазор сол лозим шуд, ки дар як пораи давалти бобоӣ Тоҷикистони навинро созад ва ба мардуми сайёра аз истиқлолияти сиёсӣ, илмӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии худ дарак диҳад.
Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷику тоҷикистонӣ нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Имрӯз мо фарзандони бонангу баномуси миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизамон меболем ва ифтихор мекунем. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гаштааст, зеро онро фарзанди фарзонаи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшида, такягоҳ мебошанд.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ гардид, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон нишоти зиндагӣ, сулҳу субот ва ваҳдат падидор аст. Мо, фарзандони бонангу номуси миллат, аз сулҳу ваҳдати кишвари азизамон ифтихор мекунем ва барои ҳифзу таҳкими он масъулияти баланд эҳсос менамоем.
Пояҳои сулҳу субот дар ин сарзамини ҳамешабаҳор рӯз то рӯз мустаҳкамтар мегарданд, зеро онҳо бар асоси ваҳдати миллӣ, эҳтироми ҳамдигар ва талошҳои созандаи мардуми кишвар бунёд ёфтаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд: «Мову шумо бояд як нуктаи бисёр муҳимро ҳамеша ва дар ҳама ҷой дар хотир дошта бошем, ки мо танҳо як Ватан, як сарзамини воҳиду муқаддас дорем ва дар ҷаҳон моро бо номи давлату Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон мешиносанд ва эҳтиром мекунанд».
Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки дар бисёре аз минтақаҳои ҷаҳон ҷангҳои харобиовар идома доранд. Дар натиҷаи ин низоъҳо шаҳрҳо вайрон мешаванд, ҳазорон нафар ҷони худро аз даст медиҳанд ва миллионҳо одамон сарсону овора мегарданд. Дар чунин шароит арзиши сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ боз ҳам бештар эҳсос мешавад.
Аз ин рӯ, Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон яке аз бузургтарин ва арзишмандтарин дастовардҳо маҳсуб меёбад. Он барои амалӣ гардидани ормонҳои миллӣ, рушди давлат, зиндагии осоиштаи мардум ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ заминаи воқеӣ фароҳам овардааст.
Вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аз он иборат аст, ки ин неъмати бебаҳо - сулҳу ваҳдатро ҳифз намуда, барои пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорад.
Исматулло ҶУМЪАЕВ,
омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng