ИНСОН ДАР МЕҲВАРИ ҚОНУНИ АСОСӢ
Конс
титутсия ҳамчун қонуни асосии давлат сохтори сиёсӣ ва низоми мақомоти ҳокимиятро муайян мекунад, муносибатҳои байни давлату ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон, уҳдадориҳои шаҳрвандон, арзишҳои миллӣ ва самтҳои асосии рушди ҷомеаро танзим менамояд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Дар солҳои минбаъда, аз ҷумла 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016, ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Бо вуҷуди аҳаммияти бузурги Конститутсия, дар ҷомеа баъзе масъалаҳои он ҳанӯз ба таври кофӣ мавриди таҳқиқ, шарҳу тавзеҳ ва баҳси илмӣ қарор нагирифтаанд. Аз ҷумла, тағйироти марбут ба масъулияти падару модар ва фарзандон, мақоми забони давлатӣ, муносибати ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон, озодии эътиқод, сохтори ҳокимияти давлатӣ ва кафолатҳои амалишавии ҳуқуқи инсон аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки омӯзиши амиқро талаб мекунанд.
Конститутсияи соли 1994 дар давраи ташаккули давлатдории мустақили Тоҷикистон қабул гардида буд. Бинобар ин, тағйиру иловаҳои минбаъда бо равандҳои рушди сохтори сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии давлат алоқаманд буданд.
Тағйироти соли 1999, аз ҷумла, ба ташаккули низоми дупалатагии парламенти кишвар ва такмили сохтори мақомоти давлатӣ вобаста буданд.
Тағйироти соли 2003 як қатор масъалаҳои марбут ба сохтори ҳокимияти давлатӣ, муҳлати ваколатҳои Президент ва дигар меъёрҳои конститутсиониро фаро гирифтанд.
Тағйиру иловаҳои соли 2016 низ ба масъалаҳои муҳими давлатдорӣ дахл доштанд. Дар ин давра, аз ҷумла, ба моддаи 34 меъёри масъулияти фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар ворид гардид.
Аз нуқтаи назари ҳуқуқи конститутсионӣ, муҳим аст, ки ҳар як тағйирот аз ҷиҳати таъсири он ба ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон низ таҳлил карда шавад.
Яке аз масъалаҳои ҷолиби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 34 мебошад.
Дар ин модда омадааст: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.
Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.
Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».
Ҷолиби диққат аст, ки меъёри мазкур масъулияти дуҷонибаи наслҳоро муқаррар мекунад.
Аз як тараф, падару модар вазифадоранд барои таълиму тарбияи фарзандон шароити зарурӣ фароҳам оваранд. Ин масъулият тарбияи ахлоқӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ, эҳтироми қонун, омӯзиши илму дониш ва омода намудани фарзанд ба зиндагии мустақилро дар бар мегирад.
Аз тарафи дигар, фарзандони болиғу қобили меҳнат вазифадоранд падару модари худро нигоҳубин намуда, дар таъминоти иҷтимоии онҳо саҳм гузоранд.
Масъалаи забон яке аз масъалаҳои муҳимми ҳувияти миллӣ ва давлатдории Тоҷикистон мебошад.
Моддаи 2-и Конститутсия муқаррар менамояд: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.
Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».
Ин меъёр аз се ҷанбаи муҳим иборат аст:
Эътирофи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ.
Муайян намудани мақоми забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо.
Таъмини ҳуқуқи миллату халқиятҳо барои истифодаи озоди забони модарӣ.
Яке аз хусусиятҳои муҳими Конститутсия дар он аст, ки инсонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф мекунад.
Моддаи 5 муқаррар менамояд, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.
Ин меъёр барои тамоми низоми ҳуқуқии кишвар аҳаммияти бунёдӣ дорад. Яъне фаъолияти мақомоти давлатӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва татбиқи қонун бояд ба эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон равона карда шавад.
Моддаи 33 Конститутсия оиларо ҳамчун асоси ҷамъият эътироф намуда, ҳимояи онро аз ҷониби давлат кафолат медиҳад.
Дар ин модда ҳуқуқи ҳар шахс ба ташкили оила, баробарҳуқуқии зану шавҳар ва манъи бисёрникоҳӣ муқаррар шудааст.
Ин меъёрҳо аҳаммияти махсус доранд, зеро оила муҳити аввалини ташаккули шахсият, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти иҷтимоии инсон мебошад.
Ҳуқуқ ба таҳсил яке аз ҳуқуқҳои муҳими иҷтимоии инсон мебошад.
Моддаи 41 Конститутсия ҳуқуқи ҳар шахсро ба таҳсил кафолат медиҳад. Таълими умумии асосӣ ҳатмӣ мебошад ва давлат таълими умумии асосии ройгонро кафолат медиҳад.
Ин масъалаҳо нишон медиҳанд, ки кафолати конститутсионӣ бояд бо тадбирҳои воқеии ташкилӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъмин карда шавад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии давлатдорӣ буда, ҳуқуқу озодиҳо, уҳдадориҳои шаҳрвандон ва принсипҳои ташкили ҳокимияти давлатиро муайян менамояд.
Таҳлили паҳлуҳои камтаҳқиқшудаи он нишон медиҳад, ки масъалаҳои масъулияти фарзандон дар назди падару модар, мақоми забони давлатӣ, таносуби ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон, ҳифзи оила, озодии эътиқод ва кафолати ҳуқуқ ба таҳсил аҳаммияти ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ доранд.
Хусусияти муҳими омӯзиши Конститутсия дар он аст, ки набояд танҳо ба хондан ва азёд намудани моддаҳои он маҳдуд шуд. Зарур аст, ки мазмун, ҳадаф, механизми татбиқ ва таъсири воқеии ҳар як меъёр ба ҳаёти ҷомеа мавриди таҳлил қарор гирад.
Дар ниҳоят, арзиши воқеии Конститутсия дар мазмуни ҳуқуқии он, сатҳи эҳтиром, риоя ва татбиқи амалии меъёрҳои он аз ҷониби давлат, мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон ифода меёбад.
Нодирҷон СОЛИЕВ,
мудири кафедраи бехатарии иқтисодӣ
Тоҷ
Рус
Eng