Пешгирии экстремизм ва терроризм дар байни ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрами ҷомеаи муосир ба шумор меравад. Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ баъзе ҷавонони камтаҷриба, ноогоҳ ва зудбовар метавонанд мавриди таъсири гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ қарор гиранд. Ин гурӯҳҳо бо истифода аз усулҳои гуногуни таблиғотӣ, ваъдаҳои бардурӯғ ва сӯиистифода аз эътиқоду эҳсосоти ҷавонон кӯшиш менамоянд, ки онҳоро ба фаъолияти ғайриқонунӣ ҷалб созанд.

Мафҳуми «ифротгароӣ» ба андеша ва амалҳои аз ҳад гузаранда, радикалӣ ва тундравона ишора мекунад. Ифротгароӣ ҳамчун падидаи номатлуб метавонад ба суботи ҷомеа, амнияти давлат ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон таҳдид намояд.

Мутаассифона, ҷавонони содалавҳу зудбовар бештар ба доми чунин гурӯҳҳо меафтанд ва бо ин амал ояндаи худ, наздикон ва ҷомеаро зери хатар мегузоранд. Тавре маълум аст, терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи хатарҳои ҷиддӣ ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир ба ҳисоб мераванд. Амалҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосир, воситаҳои алоқа ва имкониятҳои нави иттилоотӣ шаклу усулҳои гуногунро касб намуда, ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунанд.

Гурӯҳҳои террористӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои ҷинояткоронаи худ аз шабакаҳои пинҳонӣ, сарчашмаҳои ғайриқонунии маблағгузорӣ ва сохторҳои гуногуни ниқобпӯш истифода мебаранд. То замоне ки ин падидаи номатлуб дар сатҳи байналмилалӣ решакан карда нашавад, ҳеҷ як давлат наметавонад худро комилан аз чунин таҳдидҳо эмин ҳисобад.

Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки терроризм ва экстремизм ба таҳдиди глобалӣ табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд. Ин зуҳуроти номатлуб дар минтақаҳои гуногуни олам боиси ҳалокати одамони бегуноҳ, сарсону саргардон шудани аҳолии осоишта ва халалдор гардидани суботу амнияти давлатҳо мегарданд.

Имрӯз гурӯҳҳои ифротгаро ба амалҳои мудҳиш даст зада, пеш аз ҳама, кӯшиш мекунанд, ки насли ҷавонро ба доми худ кашанд. Онҳо бо истифода аз ваъдаҳои бардурӯғ, таблиғоти ғаразнок ва сӯиистифода аз мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии ҷавонон онҳоро ба фаъолияти ғайриқонунӣ ҷалб менамоянд. Ҷавононе, ки ҳанӯз таҷрибаи кофии зиндагӣ надоранд ва оқибатҳои чунин амалҳоро дуруст дарк намекунанд, метавонанд фирефтаи ин гуна таблиғот гардида, ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомил шаванд. Ин ҳолат на танҳо ҳаёти шахсии онҳоро зери хатар мегузорад, балки ба амнияти ҷомеа ва давлат низ таъсири манфӣ мерасонад.

Муқовимат ба терроризм яке аз самтҳои афзалиятноки таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризм ва экстремизмро ҳамчун падидаҳои хатарноки замони муосир маҳкум намуда, аз талошҳои дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад.

Бо мақсади пешгирӣ ва муқовимати самаранок ба ин падидаҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои дахлдори давлатӣ қабул ва амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, Барномаи давлатӣ оид ба таҳқиқи масъалаҳои алоқаманд бо муқовимат ба экстремизм, терроризм, кибертерроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ барои солҳои 2022-2026 аз ҷумлаи санадҳои муҳими ин самт мебошад.

Ҳадафи асосии барнома вусъат бахшидан ба таҳқиқи масъалаҳои марбут ба муқовимат ба экстремизм, терроризм, кибертерроризми байналмилалӣ ва ифротгароии динӣ, ташаккули заминаҳои илмии мубориза бо ин зуҳурот, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Экстремизм, терроризм ва кибертерроризм имрӯз хусусияти фаромиллӣ пайдо карда, мубориза бо онҳо ҳамкории ҳамаҷонибаи давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо менамояд. Зеро таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ шаклу усулҳои фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ пайваста тағйир ёфта, онҳо аз имкониятҳои нави технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ истифода мебаранд.

Лозим ба зикр аст, ки гурӯҳҳои ифротгаро дар фаъолияти худ аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет низ васеъ истифода мебаранд. Дар натиҷа, шаклҳои нави фаъолияти террористӣ, аз ҷумла терроризми иттилоотӣ ва кибертерроризм, ба миён омадаанд. Онҳо имкониятҳои интернетро на танҳо барои паҳн намудани ғояҳои ифротӣ ва ҷалби ҷонибдорон, балки барои паҳн кардани иттилооти бардурӯғ, тарсонидани аҳолӣ, таҳдид ва таъсиррасонӣ ба афкори ҷамъиятӣ истифода мебаранд.

Дар шароити ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, ки ҷаҳонро ба як фазои ягонаи иттилоотӣ табдил додаанд, мубориза бо чунин таҳдидҳо аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Кибертерроризм метавонад ба фаъолияти сохторҳои давлатӣ, инфрасохтори муҳими ҷомеа ва амнияти иттилоотии кишварҳо зарари ҷиддӣ расонад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати рақамии шаҳрвандон ва ташаккули фарҳанги истифодаи дурусти интернет аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосир мебошад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, зарур аст, ки муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанӣ омӯзиши сабабу омилҳои ҷалби ҷавонон ба созмонҳои террористию экстремистиро тақвият бахшида, роҳу усулҳои нави пешгирии таъсири идеологияи ифротгароиро таҳия намоянд. Ҳамзамон, омӯзиши фазои иттилоотӣ, таҳлили вазъи иҷтимоию сиёсӣ ва пешниҳоди тавсияҳои илмии асоснок барои муқовимат ба экстремизм, терроризм, кибертерроризм ва ифротгароии динӣ бояд яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои илмӣ бошад.

Ба андешаи мо, такмили заминаҳои илмӣ, таҳқиқ ва коркарди усулҳои муосири муқовимат ба экстремизм, терроризм, кибертерроризми байналмилалӣ ва ифротгароии динӣ, инчунин омӯзиши таҷрибаи пешқадами давлатҳои ҷаҳон дар ин самт аз вазифаҳои афзалиятноки муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин раванд бояд бо дарназардошти ҳадафҳои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 амалӣ карда шавад.

Дар шароити ҷаҳонишавии босуръат ва мураккаб гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсиву иқтисодӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои маънавию фарҳангӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва сиёсӣ, инчунин тарбияи ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ дар байни наврасону ҷавонон аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Дар ин раванд нақши омӯзгорон ва муассисаҳои таълимӣ хеле муҳим мебошад. Омӯзгоронро зарур аст, ки дар раванди таълиму тарбия ба масъалаҳои пешгирии падидаҳои номатлуби ҷомеа, аз ҷумла экстремизм ва терроризм, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба қонун, таҳаммулпазирӣ ва инсондӯстӣ метавонад дар пешгирии таъсири идеологияҳои ифротӣ нақши муассир гузорад.

Ҳамзамон, зарур аст, ки дар байни ҷавонон фарҳанги истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, қобилияти шинохти иттилооти бардурӯғ ва тафаккури интиқодӣ ташаккул дода шавад. Зеро шахсе, ки дорои ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва дониши кофӣ мебошад, метавонад аз таъсири таблиғоти ғаразнок ва гурӯҳҳои ифротгаро эмин бошад.

Хулоса, терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи хатарҳои ҷиддии ҷаҳони муосир буда, мубориза бо онҳо масъулияти танҳо мақомоти давлатӣ набуда, балки вазифаи ҳар як узви ҷомеа мебошад. Пешгирии ин зуҳуроти номатлуб пеш аз ҳама аз баланд бардоштани сатҳи маърифат, тарбияи дурусти насли ҷавон, таҳкими арзишҳои миллӣ, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ вобастагии калон дорад.

Мо, омӯзгорон, бояд тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона созем, ки дар қалбу шуури насли ҷавон ҳисси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ташаккул ёбад. Ҳар як ваҷаб хоки Ватани азизу соҳибистиқлоламон барои мо муқаддас аст. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар яки мост, ки барои ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорем.

 

Туйчибой ШАРИФОВ,

Шаҳноза ЛОИҚОВА,

ассистентони кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ