Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии давлат дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши басо муҳим дорад. Конститутсия заминаи асосии ташаккули давлатдории миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Пас аз гузашти беш аз се даҳсола, ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз устуворӣ ва аҳаммияти таърихии худро дар шароити тағйирёбандаи ҷаҳони муосир собит намудааст. Эҳтиром ва риояи қатъии Конститутсия нишонаи фарҳанги баланди ҳуқуқӣ, худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Маҳз эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори давлат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.

Конститутсия ҳамчун пойдевори устувори сиёсӣ ва ҳуқуқии давлатдории миллӣ барои ташаккул ва таҳкими сохтори давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар таърихи давлатдории Тоҷикистон то имрӯз панҷ маротиба - солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсия қабул гардидааст. Аммо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, аз лиҳози мазмун, моҳият ва арзишҳои ҳуқуқӣ аз конститутсияҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Он ба принсипҳои демократия, волоияти қонун, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва меъёрҳои умумиэътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ такя менамояд. Муҳимтар аз ҳама, меъёрҳои он амали мустақим дошта, барои ташаккули низоми муосири ҳуқуқии кишвар замина гузоштанд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ ба Конститутсия се маротиба - солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва самтҳои асосии фаъолияти мақомоти давлатиро муайян кард. Ин меъёрҳо барои ташаккули низоми муосири давлатдорӣ ва таҳкими истиқлоли сиёсиву ҳуқуқии кишвар аҳаммияти бузург доранд.

Мутобиқи Конститутсия, халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, ҳокимияти худро бевосита ва ё ба воситаи намояндагони худ амалӣ менамояд. Ин принсип тавассути раъйпурсӣ ва интихобот ифода ёфта, иштироки шаҳрвандонро дар идоракунии давлат таъмин мекунад.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба мушкилоти мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ ва низои дохилӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар чунин шароит қабули Конститутсия дар соли 1994 яке аз қадамҳои муҳим ва тақдирсоз дар роҳи барқарорсозии сохтори давлатдорӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими пояҳои давлат ба шумор мерафт.

Конститутсия барои фароҳам овардани заминаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ мусоидат намуда, дар раванди расидан ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расид, нақши муҳим бозид.

Маҳз арзишҳои сулҳҷӯёна, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва масъулияти шаҳрвандӣ, ки дар заминаи меъёрҳои конститутсионӣ таҳким ёфтанд, барои барқарорсозии ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа мусоидат карданд.

Яке аз дастовардҳои муҳимтарини Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф ва кафолат додани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Мувофиқи моддаи 5-и Конститутсия, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ин меъёр инсонро дар маркази сиёсати давлатӣ қарор дода, масъулияти давлатро дар назди шаҳрвандон муайян мекунад.

Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, аз ҷумла озодии сухан, виҷдон ва эътиқод, ҳуқуқ ба меҳнат, таҳсил, ҳифзи саломатӣ, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин ҳуқуқи таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиро муқаррар намудааст.

Ҳамин тариқ, Конститутсия барои ҳифзи шаъну шарафи инсон, таъмини баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд заминаи устувор фароҳам меорад.

Конститутсия дар ташаккул ва рушди муносибатҳои нави иқтисодӣ низ нақши муҳим дорад.

Конститутсия шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти давлатӣ ва хусусиро эътироф намуда, ҳифзи ҳуқуқии онҳоро кафолат медиҳад. Ин раванд барои ташаккули муносибатҳои бозорӣ, рушди рақобати солим ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Меъёрҳои конститутсионӣ барои рушди соҳибкорӣ, ташаббуси озоди иқтисодӣ, ташаккули иқтисоди бозорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор заминаи ҳуқуқӣ ба вуҷуд овардаанд.

Ҳамзамон, муқаррароти Конститутсия дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини ҳуқуқ ба меҳнат, таҳсил, истироҳат ва ҳифзи саломатӣ барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва рушди соҳаҳои иҷтимоӣ аҳаммияти муҳим доранд.

Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ принсипҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро низ муайян намуда, барои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.

Эътирофи арзишҳои умумибашарӣ, эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳо, баробарҳуқуқӣ ва ҳамкории байналмилалӣ ба таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир, риояи меъёрҳои конститутсионӣ, таҳкими қонуният ва волоияти қонун барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти давлат аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунад.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамчун маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқӣ, санади сарнавиштсоз ва роҳнамои стратегии рушди давлату ҷомеа хизмат намудааст. Он кафили асосии ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.

Дар замони муосир Конститутсия паймони муҳими иҷтимоӣ байни давлат ва ҷомеа, ифодагари иродаи халқ ва заминаи ҳуқуқии рушди устувори мамлакат ба ҳисоб меравад. Маҳз эҳтиром, риоя ва иҷрои талаботи он метавонад барои таъмини амният, адолати иҷтимоӣ, ҳифзи қадру қимати инсон ва пешрафти ҳамаҷонибаи давлату миллат мусоидат намояд.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки Конститутсияро ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва давлатдории навини тоҷикон эҳтиром намуда, дар ҳаёти ҳаррӯза меъёрҳои онро риоя кунад. Зеро эҳтиром ба Конститутсия эҳтиром ба давлат, миллат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

 

Бахтиҷамоли Раҳимзода,

ассистенти кафедраи забони тоҷикии ДДМИТ