ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАХИРАҲОИ ОБ
Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, гиромӣ донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони соҳибфарҳанг мебошад, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рушноӣ маҳсуб меёбад. Об ҳасту ободӣ низ ҳаст, мегӯянд дар урфият. Об аст, ки кулли мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумуъ ва пояндагӣ қарор доранд.
Тағйири иқлими сайёра, кам шудани захираҳои об, масоҳати ҷангалҳо, шикори ғайриқонунии намудҳои нодири ҳайвонот ва парандаҳо, истифодаи номаҳдуди сарватҳои табиӣ, ки ба муҳити зисти одамон, олами набототу ҳайвонот зарар мерасонанд, аҳамияти вазифаи экологиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро боло мебаранд. Ҳифзи табиат ва муҳити зист вазифаи ҷомеаи башар мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи захираи об дар қатори давлатҳои аввали ҷаҳон қарор дорад. Дар Тоҷикистон 60% захираи оби Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад. Аз ин хотир, вазифаи экологӣ дар бахши истифодаи оқилонаи об самти муҳими фаъолияти давлатҳо, аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амалӣ намудани ин вазифа эътибори ҷиддӣ медиҳад. Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор ташаббусҳои муфид оид ба истифодаи оқилонаи об аз минбари СММ баромад намуданд. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи СММ «Соли байналмилалии оби тоза» (соли 2003), даҳсолаи байналмилалии «Амалиёти об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (соли 2013) эълон шуданд. Моҳи декабри соли 2016 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбари СММ «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028»-ро эълон намуданд.
Тибқи маълумоти мутахассисон, дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор пиряхҳо дар ҳаҷми 850 километри кубӣ вуҷуд доранд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар 25 соли наздик (то соли 2050) дар натиҷаи тағйири иқлим ин ҳаҷми пиряхҳо ба андозаи 50% кам гардад. Дар баромади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи умумии СММ 20 сентябри соли 2017 қайд гардид, ки аз 13 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон дар тӯли 30 соли охир беш аз ҳазор пиряхҳо кам шудаанд.
Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъкид мешавад, ки сармояи табиӣ асоси рушди индустриалӣ ва инноватсионии кишварро ташкил медиҳад. Иқтидори азими гидроэнергетикӣ, оби тоза, замин ва иқлими мусоид, олами наботот, захираҳои назарраси меҳнатӣ, захираҳои бойи минералӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок барои инкишофи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, бунёди бахшҳои муосири саноати истихроҷ ва коркард, металлургияи сиёҳ ва ранга, комплекси агросаноатии аз ҷиҳати экологӣ тоза имкониятҳои навро фароҳам меоваранд.
Рушди минбаъдаи иқтидорҳои гидроэнергетикӣ ва амалисозии лоиҳаҳои минтақавии нақлиётию коммуникатсионӣ ба Тоҷикистон имконияти табдилёбӣ ба кишвари пешсафи минтақа дар истеҳсол ва интиқоли неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, вусъатдиҳии имкониятҳои транзитии кишвар фароҳам меоварад. Таҳдидҳои назарраси демографӣ ва экологӣ, ки бо онҳо кишвар рӯ ба рӯ шудааст, талабот ба шароитҳои манзилу маиширо афзуда, ифлосшавии муҳити зист ва сатҳи пасти идоракунии экосистемаҳо, нигоҳдории гуногунии биологӣ, харобшавии заминҳо, осебпазирӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим, дастрасӣ ба оби тоза ва санитария, аз ҷумла нобудкунии партовҳои маиширо дар бар мегиранд.
Ҳамин тавр, модоме ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшандиҳанда ва сарвати бебаҳои зиндагӣ эҳтиром намуда, оқилонаву сарфакорона истифода намоем, онро ҳамеша тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе ин муъҷизоти бузургро ифлос гардонад, ё ягон амали носазоеро нисбати он раво бинад.
Беҳрӯз ЮНУСОВ,
Савриддин ЯТИМОВ,
устодони кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng