МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ИҶТИМОИИ ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОН
Коррупсия чун беморӣ афзоиш дорад ва таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки ҳеҷ вақт ба пуррагӣ наметавон онро аз байн бурд. Дар мубориза бо он иродаю майли ба он мубориза кардан, қонунҳои дахлдору мақомоти ба он ваколатдор ва афкори ба он созгор доштан шарт ва зарур аст.
Маълум аст, ки шароити мавҷудаи мубориза алайҳи коррупсияро дар Тоҷикистон аз вазифаҳои имрӯзу фардо мешуморад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ба ин мушкилот ҳамавақт таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Бахусус, аз соли 1999 шуруъ карда, кӯшишҳои зиёде дар самти мубориза бар зидди коррупсия андешида шуда истодааст. Ин заминаҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» Кодекси ҷиноятӣ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» ҷой дода шудааст. Меъёрҳои зиддикоррупсионӣ, инчунин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ», «Дар бораи хусусигардонии амволи давлатӣ», «Дар бораи хариди мол, кор ва хизматрасонӣ» ва ғайра мавҷуд аст.
Дар ҷаҳони имрӯза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон коррупсия мебошад. Коррупсия рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ояндаи ҷавононро барҳам мезанад, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад.
Коррупсия ба яке аз таҳдидҳои олами муосир табдил ёфтааст, ки амнияти кишварҳо ва минтақаҳоро зери хатар мегузорад. Он кулли мамлакатҳои оламро фаро гирифта, дар ҳар макону замон дар сатҳи мухталиф намоён мешавад. Ҳам дар мамлакатҳои пешрафта ва ҳам дар мамлакатҳои сустинкишофёфта ба таври хоса коррупсияро зоҳир мегардад.
Пӯшида нест, ки коррупсия чун унсури манфии ҷамъият, новобаста ба дараҷаи тараққиёти он мисли худи ҷомеа хеле куҳан буда, заминаҳои пайдошавӣ ва рушди худро дорад.
Коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаби ҷамъиятӣ буда, дар замони қадим пайдо шуда, то имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Дар замонҳои қадим коррупсия ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонда ва фурӯхтани мансаб маънидод шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлол гаштан ба як қатор душвориҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию, фарҳангӣ рӯ ба рӯ гардид, ки мубориза бо коррупсия яке аз онҳост. Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо ба ҳисоб меравад. Он боиси коҳиши эътимоди мардум ба сохторҳои давлатӣ, пастшавии сатҳи зиндагӣ ва кам шудани сармоягузорӣ мегардад.
Аз ин лиҳоз, дар шароити имрӯзаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо коррупсия масъалаи муҳим ва рӯзмарра маҳсуб меёбад. Пеш аз ҳама, барои мо зарур аст, то миёни аҳли ҷомеа ва хизматчиёни давлативу ҷамъиятӣ фаҳмишеро тақвият бахшем, ки коррупсия зуҳуроти хатарнок барои амнияти давлати миллати мо мебошад. Имрӯз аз проблемаҳои замони муосир ин мубориза бо коррупсия мебошад, ки дар масири солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бисёр фикру ақидаҳо пешкаш шудаанд, ки на танҳо давлатро зери хатар мегузорад, балки тамоми ҷомеаро фарогир намуда, рушди онро халалдор мекунад.
Мубориза бо коррупсия вазифаи муҳими давлат ва ҷомеа мебошад. Дар Тоҷикистон барои муқовимат бо он як қатор қонунҳо қабул гардиданд, ки Агенти назорати давлатӣ ва молиявӣ ва мубориза бо коррупсия онҳоро роҳандозӣ менамояд. Ҳамчунин, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз роҳҳои асосии мубориза маҳсуб меёбанд. Мубориза бо ин амали номатлуб танҳо тавассути амалҳои муштараки давлат, яъне ҳар як шаҳрванди мамалакат имконпазир аст. Ҳар яки мо барои пешгирии ин кирдори номатлуб ҳиссагузор бошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо коррупсия як қатор тадбирҳои муҳим андешидааст. Аз ҷумла, қабули Стратегияи муқовимат бо коррупсия, ташкили Агентии назорати давлатиии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, роҳандозии рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ, ки имконияти муносибатҳои коррупсиониро коҳиш медиҳад.
Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия вазифаи танҳо як ниҳод ё як шахс нест, балки масъулияти умумимиллӣ мебошад. Танҳо бо иштироки ҷомеа, давлат ва шаҳрвандон метавонем онро решакан намоем ва барои рушди устувор, адолати иҷтимоӣ ва давлатдории шаффоф замина гузорем.
Бо назардошти он ки коррупсия ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, мубориза бо он бояд дар маркази таваҷҷуҳи давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як шахси масъул қарор гирад. Бартараф намудани заминаҳои пайдошавии коррупсия тақвияти ниҳодҳои давлатӣ, боло бурдани шаффофияти фаъолияти онҳо ва таъмини дастрасии омма ба иттилооти давлатӣ аз ҷумлаи омилҳои асосии муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб мебошад.
Дар баробари ин, омӯзиши фарҳанги зиддикорупсионӣ аз синни наврасӣ, ворид намудани мавзуъҳои марбут ба ҳуқуқ ва ахлоқ ба барномаҳои таълимӣ, баргузории чорабиниҳои оммавӣ ва иттилооти мунтазам бо ҷалби ҷомеа метавонад дар ташаккули маърифати зиддикорупсионӣ нақши муассир бозад. Ҳамзамон, бояд таъкид намуд, ки татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ натанҳо аз қабули қонунҳо, балки аз амалишавии босамари онҳо дар тамоми сатҳҳои идоракунии давлатӣ вобаста аст. Дар ин раванд, шаффофияти низоми интихоб, таъйин ва пешбарии кадрҳо, масъулиятшиносии мансабдорон ва иҷрои одилонаи вазифаҳо аҳамияти калиди доранд.
Пурзӯр кардани чораҳои мубориза бар зидди коррупсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорату иҷроиши онҳо яке аз муҳимтарин масъалаҳо мебошад. Пас, аз ин ҷо бармеояд, ки мавҷуд будани норасоиҳо дар қонунгузорӣ боиси содиршавии амалҳои содиршавии амалҳои коррупсионӣ мегардад. Дар ин замина, таҳкими қонунгузории зиддикорупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат аз болои мақомоти давлатӣ оид ба иҷрои вазифаҳои худ, баланд бардоштани шуури ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон яке аз роҳҳои решакан кардани амалҳои коррупсиони дар ҷомеа мебошад.
Таҳкими волоияти қонун ва таъмини баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун - қадами устувор ба сӯи ҷомеаи бе фасод аст. Ин раванд ба баланд бардоштани эътимоди мардум ба ҳокимият ва ниҳодҳои давлатӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷамбаст метавон гуфт, ки мубориза бо коррупсия як омили асосӣ дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ, рушди устувории иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Барои муваффақ шудан дар ин ҷода ҳамкории мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва худи мардум аҳамияти бузург дорад. Фақат бо кӯшиши дастҷамъона метавонем ҷомеаи шаффоф, одилона ва бидуни коррупсия бунёд намоем.
Муминзода Сабурҷон Маҳмад ва Самариддини Шоҳназар,
ассистентони кафедраи андозбандӣ ва суғурта
Тоҷ
Рус
Eng