ТАРАФҲОИ МУСБАТ ВА МАНФИИ ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛӢ
Дар замони муосир телефонҳои мобилӣ ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти инсон табдил ёфтаанд. Агар чанд даҳсола пеш доштани телефон як чизи нодир ҳисоб мешуд, имрӯз ҳатто кӯдакони хурдсол низ аз он истифода мебаранд. Пешрафти технология имкон дод, ки телефон на танҳо воситаи гуфтугӯ, балки як дастгоҳи бисёрфунксионалӣ гардад.
Аз муҳимтарин бартариҳои телефонҳои мобилӣ ин осон гардидани муошират мебошад. Имрӯз мо метавонем дар ҳар вақт бо хешу табор, дӯстону ҳамкорон тамос гирем. Инчунин, телефон имкон медиҳад, ки маълумоти гуногунро нигоҳ дорем: аксҳо, видеоҳо, ёддоштҳо ва ҳатто ҳуҷҷатҳои муҳим.
Телефонҳои муосир ба компютерҳои хурд монанд шудаанд. Онҳо бо интернет пайваст шуда, имкон медиҳанд, ки маълумоти заруриро зуд пайдо кунем, таҳсил намоем ё корҳои худро анҷом диҳем. Барои соҳибкорон телефон воситаи муҳимест, ки ба онҳо имкон медиҳад дар ҳар ҷо қарор дошта, масъалаҳои кориро ҳал намоянд.
Яке аз имкониятҳои муҳими телефон - барномаҳои паёмрасон мебошад. Барномаҳои мисли WhatsApp, Telegram, Viber ва дигарҳо муоширатро осон ва арзон гардонидаанд. Тавассути онҳо мо метавонем паём, акс, видео ва ҳатто зангҳои видеоӣ анҷом диҳем.
Инчунин, камераи телефонҳо имрӯз ба дараҷае рушд кардааст, ки метавонад ҷойгузини камераҳои алоҳида гардад. Бо он метавонем лаҳзаҳои муҳимро сабт намоем.
Бо вуҷуди ҳамаи ин бартариҳо, телефонҳои мобилӣ таъсири манфӣ низ доранд. Яке аз мушкилоти асосӣ таъсири онҳо ба саломатии инсон мебошад. Истифодаи зиёд метавонад боиси дарди сар, хастагӣ, асабоният ва мушкилоти хоб гардад.
Ҳамчунин, истифодаи тӯлонӣ ба чашм зарар мерасонад, зеро экранҳои хурд чашмро зери фишор қарор медиҳанд. Илова бар ин, баъзе тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки мавҷҳои электромагнитии телефон метавонанд ба фаъолияти майна ва дигар узвҳо таъсир расонанд.
Мушкили дигар истифодаи нодурусти вақт мебошад. Бисёре аз ҷавонон вақти зиёди худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бозиҳо ё тамошои видеоҳо сарф мекунанд, ки ба рушди онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Хуллас, телефонҳои мобилӣ ҳам фоида доранд ва ҳам зарар. Агар мо онҳоро дуруст ва бо меъёр истифода барем, метавонанд зиндагии моро осон ва самаранок гардонанд. Аммо, истифодаи аз ҳад зиёд метавонад ба саломатӣ ва тарзи ҳаёти мо таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки ҳар як шахс фарҳанги дурусти истифодаи телефонро омӯзад.
Мустафо АРБОБОВ,
донишҷӯйи курси 1-уми ихтисоси иқтисоди ҷаҳони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng