ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МАСЪАЛАҲОИ ЭКОЛОГӢ ВА ОБ
Мо бояд фаромӯш насозем, ки масъалаи об, бинобар аҳаммияти ҳаётӣ ва хусусияти хоси худ, ҳамеша бояд чун масъалаи афзалиятнок боқӣ монад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки ба ҷаҳон ва зиндагиҳо тароват, зебоӣ, сарсабзӣ ва шукуфоӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот ва инсон ба об вобастагӣ дорад.
Инсон обро барои нӯшидан, пухтани хӯрок, тозагии манзил, обёрии заминҳо истифода мебарад. Инчунин, тавассути об роҳҳои нақлиётӣ истифода шуда, заврақу киштиҳо бор ва мусофиронро интиқол медиҳанд. Об дар неругоҳҳои барқии обӣ барои истеҳсоли неруи барқ хизмат мекунад. Дар саноат низ об маводи муҳим ба ҳисоб меравад, дар фабрикаву заводҳо он барои рангкунӣ, коркарди матоъ, пӯст, истеҳсоли коғаз, собун, нонпазӣ ва нӯшокиҳо истифода мешавад.
Мо, тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини худ бояд ифтихор намоем. Тоҷикистон дорои тақрибан 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаҳои оби ширину маъданӣ ва обанборҳои зиёд мебошад. Дар қаламрави кишвар дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон ва Панҷ ҷорӣ мешаванд, ки на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои ҳамсоя Узбекистон ва Туркманистонро низ шодоб мегардонанд.
Ду дарёи бузурге, ки аз кӯҳҳои баланди Тоҷикистон сарчашма мегиранд, ба пуршавии баҳри Арал мусоидат мекунанд, ки хушкшавии он имрӯз ба минтақа таъсири ҷиддӣ расонида истодааст.
Бе об зиндагӣ имконнопазир аст. Аз қадимулайём дар китобҳои муқаддас низ об ҳамчун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чор унсур об, хок, оташ ва бод асоси мавҷудияти табиат мебошанд.
Азбаски об асоси зиндагии тамоми мавҷудот аст, мо вазифадорем онро эҳтиром намоем, тоза нигоҳ дорем ва аз ифлосшавӣ муҳофизат кунем. Набояд ба он партов партоем ё ба захираҳои он зарар расонем. Чуноне ки гуфтаанд:
Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Об ганҷинаи табиат аст, онро ҳифз кунед ва азиз доред».
Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2003 “Соли оби тоза” эълон гардид. Солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” ва солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” эълон шудаанд.
Инчунин, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ пешбарӣ гардида, 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон шуд. Дар назди СММ, инчунин таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва баргузор намудани конфронси байналмилалӣ дар Душанбе пешбинӣ гардид.
Қатъномаи мазкур аҳаммияти пиряхҳоро ҳамчун қисми муҳими даври гидрологӣ таъкид намуда, таъсири обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор нишон медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги оби тоза мебошад ва ин захираҳо барои рушди иқтисоди кишвар нақши муҳим доранд. Ҳоло тақрибан 95% неруи барқ дар Тоҷикистон аз неругоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мешавад. Об дар кишоварзӣ, саноат, моҳипарварӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ нақши муҳим дорад.
Бо назардошти афзоиши аҳолии ҷаҳон, талабот ба об низ меафзояд. Имрӯз дар ҷаҳон миллиардҳо нафар ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасии комил надоранд. Ин вазъ нигаронкунанда мебошад.
Гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии иқлим боиси кам шудани пиряхҳо, хушксолӣ ва офатҳои табиӣ гардида истодааст. Ин омилҳо ба амнияти озуқаворӣ ва рушди иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ пайваста масъалаҳои об ва иқлимро баррасӣ намуда, ташаббусҳои муҳими ҷаҳонӣ пешниҳод мекунанд. Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари пешсаф дар масъалаи об ва ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон шинохта шудааст.
Хулоса, об манбаи ҳаёт ва омили асосии рушди устувор мебошад. Ҳифзи он вазифаи ҳар як инсон аст.
Т. ҲАЗРАТЗОДА,
н.и.и., муаллими калони кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ
Тоҷ
Рус
Eng