ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР
Экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм яке аз масъалаҳои меҳварии амнияти замони муосир ба шумор мераванд. Истилоҳи «экстремизм» аз калимаи лотинии extremus гирифта шуда, маънои «охирин», «канорӣ» ва ё «тунд»-ро дорад ва пайравӣ намудан ба ақидаву амалҳои тундрав ва канориро ифода менамояд, ки аз меъёрҳои қабулшудаи ҷомеа, ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ шахсро берун месозад.
Моҳият ва маънои ин зуҳуроти номатлуб дар инкор ва рад намудани дигар андешаҳо ва истифодаи зӯроварӣ барои расидан ба ҳадафҳои номатлуб, ки ба ҷомеа хатарноканд, ифода меёбад. Хусусиятҳои асосии ин зуҳурот чунин мебошанд:
Радикализм (тундравӣ) - дар ин ҳолат шахси экстремист ғайр аз ақидаи худ ягон андешаи дигарро дуруст намешуморад, яъне бо чунин шахс компромисс имконнопазир аст.
Истифодаи зӯроварӣ - шахси экстремист ба ҷойи мубоҳисаи солим таҳдид, фишори равонӣ ва зӯроварии ҷисмониро ҳамчун воситаи асосӣ интихоб мекунад.
Тафриқаандозӣ - дар ин ҳолат шахси экстремист ҷомеаро ба гурӯҳҳои «худӣ» ва «бегона», «дӯст» ва «душман» ҷудо намуда, боиси пайдоиши адовати миллӣ, мазҳабӣ ва динӣ мегардад.
Намудҳои асосии экстремизм динӣ, сиёсӣ ва миллатгароӣ мебошанд. Дар чунин ҳолатҳо гурӯҳҳои ифротӣ барои тарғибу ташвиқи бадбинӣ ва зӯроварӣ номи динро нодуруст истифода бурда, бо роҳҳои ғайриқонунӣ кӯшиш мекунанд дар ҳокимияти давлатӣ иштирок намоянд ва бартарии як миллатро нисбат ба миллатҳои дигар тарғиб кунанд. Ин зуҳуроти номатлуб дар ҳама гуна ҳолат кӯшиш мекунад, ки ба сохти конститутсионӣ ва суботи давлатдорӣ халал ворид намояд.
Моҳияти экстремизм дар таҳаммулнопазирӣ (интолерантност) ифода ёфта, он заминаи асосии пайдоиши терроризм мебошад. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуб ба ваҳдати миллӣ ва амнияти кишвар хатари ҷиддӣ дорад.
Маъно ва моҳияти терроризм ҳамчун зинаи ниҳоии ифротгароӣ яке аз ҷиноятҳои вазнинтарин дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Он дар истифодаи зӯроварии даҳшатнок (ҳамчун воситаи асосӣ), таъсири равонӣ (тарсонидани аҳолӣ) ва ҳадафҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ (бор кардани ақидаҳои ботил ба мардум) ифода меёбад. Моҳияти хоси терроризм дар он аст, ки қурбониёни он аксаран одамони одӣ мебошанд, ки ба ҳадафҳои террористон иртибот надоранд ва танҳо воситаи фишор ба ҳукумат мегарданд.
Моҳияти терроризм ҳеҷ гоҳ бо арзишҳои динӣ, махсусан дини мубини ислом алоқамандӣ надорад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Террорист ватан, миллат ва дин надорад».
Дар ҷаҳони муосир экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи хатарноктарин таҳдидҳо ба амнияти миллӣ ва глобалӣ ба шумор рафта, на танҳо ба сохти давлатдорӣ, балки ба ҳаёти ҳар як инсон ва арзишҳои умумибашарӣ таҳдид мекунанд.
Омилҳое, ки боиси ҷалби ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо мегарданд, гуногунанд, аз ҷумла паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва динӣ (набудани дониши кофӣ имкон медиҳад, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз номи дин истифода бурда, ҷавононро гумроҳ созанд); фазои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ (имрӯз интернет ба минбари асосии таблиғоти ифротӣ табдил ёфтааст), мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ (бекорӣ ва мушкилоти моддӣ), ноустувории равонӣ ва набудани таҷрибаи ҳаётӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва дур будан аз муҳити солим.
Терроризм ва экстремизм боиси фалаҷ гардидани низоми давлатдорӣ, харобшавии инфрасохтор, қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва тафриқаандозӣ дар байни миллатҳо ва пайравони динҳои гуногун мегарданд. Онҳо ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки ваҳдати миллиро халалдор намоянд.
Мубориза бар зидди ин зуҳурот танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Танҳо бо роҳи баланд бардоштани савияи дониш ва худшиносии миллӣ метавон дар муқобили идеологияи ифротӣ истодагарӣ намуд. Ҳар як шахс бояд дар фазои интернет эҳтиёткор бошад ва ба ҳар гуна навор ва даъватҳои шубҳанок бовар накунад.
Оила ва мактаб дар ташаккули ахлоқи ҳамида ва ҳисси ватандӯстии насли ҷавон нақши муҳим доранд. Танҳо бо роҳи иттиҳод, маърифатнокӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ метавон ҷомеаро аз ин «вабои аср» ҳифз намуд.
Имрӯз гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ҷавононро ҳамчун қувваи асосӣ истифода мебаранд, зеро ин табақаи ҷомеа дорои неруи зиёд ва эҳсосоти баланд мебошад. Шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Telegram, TikTok, Instagram ва Facebook ба воситаи асосии тарғибот табдил ёфтаанд.
Таблиғотгарони экстремистӣ усулҳои гуногунро истифода мебаранд: психологияи мақсаднок (ҷалби ҷавонони танҳо ё рӯҳан осебдида), наворҳои ҷолиб (бо мусиқии таъсирбахш) ва тафсири нодурусти дин (баровардани ояту ҳадисҳо аз контекст). Набудани таҷрибаи ҳаётӣ имкон намедиҳад, ки ҷавонон оқибатҳои фоҷиабори ин роҳро дуруст дарк намоянд.
Аз ин лиҳоз, ҳар гуна маводи диниву сиёсиро бояд танҳо пас аз санҷиш қабул намуд ва ба манбаъҳои боэътимод такя кард. Омӯзиши таърих ва фарҳанги миллӣ, инчунин интихоби муҳити солим аҳамияти калон дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Қонунҳои дахлдор ва стратегияҳои миллӣ асосҳои ҳуқуқии ин муборизаро муайян менамоянд. Тибқи қонунгузорӣ, барои иштирок дар фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Дар шароити имрӯза, пешгирӣ (превенсия) яке аз муҳимтарин воситаҳои мубориза ба ҳисоб меравад. Ташаккули тафаккури интиқодӣ, назорати фаъолияти ҷавонон дар интернет ва тарбияи ватандӯстӣ аз ҷумлаи роҳҳои муассир мебошанд.
Нақши илмҳои дақиқ, махсусан математика дар ин раванд хеле муҳим аст. Онҳо тафаккури мантиқӣ ва таҳлилӣ ташаккул дода, ҷавононро аз таъсири таблиғоти бардурӯғ муҳофизат мекунанд. Илова бар ин, математика ва технологияҳои иттилоотӣ дар таҳлили шабакаҳо, пешгӯии хатарҳо ва ҳифзи амнияти иттилоотӣ нақши асосӣ доранд.
Хулоса, экстремизм ва терроризм хатарҳои ҷиддӣ ба ҷомеа мебошанд. Мубориза бар зидди онҳо танҳо бо қувваи давлатӣ маҳдуд намешавад, балки ба сатҳи маърифат ва масъулияти ҳар як шахс вобаста аст. Танҳо бо роҳи дониш, ваҳдат ва ватандӯстӣ метавон ҷомеаро аз ин таҳдидҳо эмин нигоҳ дошт.
Бахтиёр САИДОВ,
н.и.ф.м.,
дотсенти кафедраи математикаи олии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng