ОБ ҲАСТУ ҲАЁТ ПОЙДОР АСТ!
Яке аз муҳимтарин захираҳои табиии кураи Замин об ба шумор рафта, асоси ҳастии тамоми мавҷудоти зинда мебошад. Об ҳамчун унсури муқаддас дар ҳамаи давру замон барои зиндагии инсоният нақши ҳалкунанда дорад, зеро ин сарвати табииро дар пешрафту инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ истифода бурдан имконпазир аст.
Аввалин нишонаҳои пайдоиши ҳаёт низ дар об ба вуҷуд омадаанд, зеро об дар таркиби ҳуҷайра ва бофтаҳои ҳар як мавҷудоти зинда мавҷуд мебошад. Об, ҳамчунин дар таркиби пайвастагиҳои мураккаби химиявӣ иштирок дошта, дар раванди Фотосинтез, ки дар растаниҳои сабз мегузарад, нақши муҳим мебозад. Дар натиҷаи ин раванд, моддаҳои органикӣ ҳосил гардида, атмосфера бо гази оксиген бой мегардад.
Ҳар қадаре, ки сатҳи тараққиёти ҳаёт баланд бошад, ҳамон қадар истеъмоли об низ зиёд мегардад. Ба ҳисоби миёна, дар як шабонарӯз барои як нафар 4-5 литр оби нӯшокӣ зарур аст. Миқдори об дар кураи Замин яксон нест: тақрибан 97 фоизи онро обҳои уқёнусҳо, қариб 2 фоизро обҳои пиряхҳо ва танҳо 1 фоизро обҳои дигари барои истифода мувофиқ ташкил медиҳанд.
Тавассути об баъзе бемориҳои гузарандаи одамон ва ҳайвонот, аз ҷумла сӯхтаи сибирӣ, брутселлёз, пастереллёз, вабо ва ғайра паҳн мешаванд. Аз ин рӯ, тозагии об яке аз омилҳои муҳими ҳифзи саломатии ҷомеа мебошад.
Мояи ифтихори миллати тоҷик аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи дарёҳо ва пиряхҳои бузурги ҷаҳон ҷойгир буда, аз ҷиҳати захираҳои обӣ яке аз кишварҳои пешсаф ба ҳисоб меравад. Тавре Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Захираҳои об на танҳо неъмати бебаҳо, балки меҳвари асосии рушди устувор мебошанд».
Захираҳои обии Тоҷикистон на танҳо барои рушди иқтисоди миллӣ, балки барои муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ низ аҳамияти калон доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати дороии захираҳои обӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум, дар миқёси кишварҳои ИДМ ҷойи дуюм ва дар Осиёи Марказӣ ҷойи якумро ишғол менамояд.
Истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои обӣ вазифаи муҳим мебошад. Яке аз роҳҳои самараноки истифодаи онҳо бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ба ҳисоб меравад, ки барои рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини истиқлоли энергетикӣ аҳамияти калон доранд.
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028), ки бо ташаббуси Тоҷикистон эълон гардидааст, барои муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи захираҳои обӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Дар ин замина, ҳар яки мо вазифадорем, ки барои расидан ба ҳадафҳои ин ташаббус саҳми худро гузорем.
Об ба ҷаҳон ва зиндагӣ таровату зебоӣ, сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Норасоии оби тоза имрӯз ба яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тамаддунҳои бузурги ҷаҳонӣ низ дар канори дарёҳои калон ташаккул ёфтаанд, зеро бе об ҳаёт имконнопазир аст.
Мутаассифона, баъзан мо ба қадри ин неъмати бебаҳо намерасем. Масалан, бе зарурат кушода мондани ҷӯякҳои об, исрофкорӣ ва беэҳтиётӣ метавонад ба камшавии захираҳо оварда расонад. Дар ҳоле ки кӯдакон аз рафтори калонсолон ибрат мегиранд.
Аз қадим инсоният чор унсури асосии ҳаёт - об, оташ, бод ва хокро муқаддас медонист. Об дар байни онҳо мавқеи хоса дорад. Таърих нишон медиҳад, ки барои ба даст овардани об байни халқҳо муборизаҳои сахт сурат гирифтааст.
Об неъмати бебаҳо буда, бе он ҳаёт вуҷуд дошта наметавонад. Тамоми олами набототу ҳайвонот ба об ниёз доранд. Зиёда аз 70 фоизи бадани инсон аз об иборат аст. Инсон ҳамарӯза обро барои нӯшидан, шустан ва тозакорӣ истифода мебарад. Абуалӣ ибни Сино гуфтааст: «Сарчашмаи давои ҳамаи бемориҳо об мебошад».
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати чашмаҳои шифобахш низ бой мебошад. Ин чашмаҳо дар ноҳияҳои Варзоб, Дарвоз, Исфара ва дигар минтақаҳо ҷойгир шудаанд. Дар Тоҷикистон тақрибан 1300 кӯл мавҷуд буда, масоҳати умумии онҳо 705 км²-ро ташкил медиҳад. Аксари онҳо дар кӯҳҳои Помиру Олой, дар баландии 3500-5000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд. Яке аз кӯлҳои нодири ҷаҳон Кӯли Сарез мебошад, ки бо оби тозаи худ машҳур аст.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо шиорҳои «Об - манбаи ҳаёт» ва «Об барои рушди устувор» аҳамияти обро бештар дарк намуда истодааст. Об на танҳо барои ҳаёт, балки барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ аҳамияти стратегӣ дорад.
Бо вуҷуди фаровонии умумии об дар кураи Замин, на ҳамаи он барои истеъмоли инсон мувофиқ аст. Қисми зиёди он шӯр буда, ё дар минтақаҳои дастнорас ҷойгир аст. Илова бар ин, фаъолияти саноатӣ ва ифлосшавии муҳити зист ба камшавии оби тоза оварда мерасонад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани истиқлолият масъалаи истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, аз ҷумла об, ба яке аз самтҳои муҳим табдил ёфт. Ташаббусҳои роҳбарияти давлат дар сатҳи байналмилалӣ низ ба ҳалли масъалаҳои об равона шудаанд.
Олимон муайян кардаанд, ки инсон бе ғизо метавонад то 3 моҳ, вале бе об танҳо 2-3 рӯз зиндагӣ кунад. Организми кӯдак 80,6%, миёнсолон 75,9% ва калонсолон 60-70% аз об иборат аст. Инсон дар як сол тақрибан 60 тонна об истеъмол мекунад.
Муҳофизати захираҳои обӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини замони муосир мебошад. Барои ин истифодаи сарфакоронаи об, ҳифзи манбаъҳои обӣ аз ифлосшавӣ, сохтани иншооти тозакунӣ ва рушди энергетикаи «сабз» зарур аст.
Об на танҳо манбаи ҳаёт, балки омили муҳими рушди иқтисод ва иҷтимоии кишвар мебошад. Дар минтақаҳое, ки об фаровон аст, рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ низ беҳтар ба роҳ монда мешавад.
Бо назардошти аҳамияти об Тоҷикистон ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро пешниҳод намуд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.
Аз тамоми шаҳрвандони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ин неъмати бебаҳоро сарфакорона истифода бурда, онро барои наслҳои оянда ҳифз намоянд. Об асоси ҳаёт буда, тозагӣ ва ҳифзи он вазифаи ҳар як инсон аст.
Хулоса, об гавҳари қиматбаҳо ва манбаи асосии ҳаёт дар рӯи Замин мебошад. Эҳтиром ва ҳифзи он кафолати зиндагии солим ва рушди устувори ҷомеа аст.
Об бошад гавҳари қиматтар аз лаълу гуҳар,
Покии ҳар қатраи он - покии хайрулбашар.
Мавҷуда ДАВЛАТОВА,
сармутахассиси раёсати ташкилию тарбиявии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng