КИТОБХОНА - МАКОНИ МАЪРИФАТ, ХУДШИНОСӢ ВА ТАРБИЯИ АНДЕШАИ ҶАВОНОН
Бо мақсади мутолиаи китобҳои дарсӣ ва бадеӣ ба Китобхонаи илмии ДДМИТ ташриф овардам. Нияти ман густариш додани ҷаҳонбинӣ ва ғанӣ гардонидани маърифати шахсӣ тавассути мутолиаи осори арзишманди адабӣ буд, аммо дар ҷараёни будубош дар ин маркази муҳими маърифат манзарае диққати маро ба худ ҷалб намуд ва маро водор сохт, ки бештар ба арзишҳои миллӣ ва аҳамияти мутолиа андеша намоям.
Ҳангоми гузаштан аз назди рафҳои китобхона чашмам ба як қатор китобҳое афтод, ки бо тартиби махсус гузошта шуда буданд. Ман нохост назди он китобҳо истодам. Онҳо мисли як манзараи ягона тарҳрезӣ шуда буданд ва дар рӯи онҳо тасвири бинои муҳташами давлатӣ ва суханони пурмазмуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи истиқлолият ва арзишҳои миллӣ навишта шуда буданд. Мазмуни ин суханон аҳамияти истиқлолият, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва масъулияти шаҳрвандон, бахусус ҷавононро дар роҳи рушди минбаъдаи Ватани азизамон равшан ифода менамуд.
Ман дар ҳамон лаҳза андеша кардам: мо, ҷавонон, хушбахтем, ки дар даврони истиқлол зиндагӣ мекунем ва таҳсил менамоем. Тамоми имкониятҳои зарурӣ барои аз худ намудани дониш, рушди ҷаҳонбинӣ ва такмили малакаҳои касбӣ фароҳам оварда шудаанд ва мо имкони мутолиаи чунин китобҳоро дорем. Инчунин, истиқлолият барои мо танҳо як калима нест, балки неъмати бузургест, ки бо шарофати он имрӯз мо дар фазои сулҳу субот зиндагӣ мекунем, таҳсил менамоем ва орзуҳои худро месозем. Пештар ба китобхона бештар барои гирифтани китобҳои дарсӣ меомадам, аммо ин навбат бори дигар дарк кардам, ки китобхона танҳо макони иҷрои вазифаи таълимӣ нест. Китобхона макони тарбияи инсон, макони рушду камоли андеша ва макони бедории ҳисси ватандӯстист.
Ин манзара маро водор сохт, ки ба аҳамияти истиқлолият ва нақши он дар ҳаёти ҳар як шаҳрванди кишвар бори дигар бо назари амиқтар андеша намоям. Албатта, чунин шароити мусоид, пеш аз ҳама, самараи истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти кишвар мебошад.
Ман яке аз ҷилдҳои ин маҷмуаро ба даст гирифта, чанд саҳифаи онро мутолиа намудам. Дар он андешаҳои муҳиму созанда вобаста ба нақши ҷавонон дар ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати ҷомеа ва саҳм гузоштан дар рушду пешрафти мамлакат баён гардида буданд. Ин суханон дар дили ман ҳисси масъулият ва ифтихор аз Ватанро боз ҳам бештар тақвият бахшиданд.
Он лаҳза дар китобхона эҳсос кардам, ки китоб танҳо маҷмуи саҳифаҳо нест. Китоб роҳнамои инсон аст. Китоб инсонро ба фикр кардан, муқоиса намудан ва хулоса баровардан водор месозад. Китоб инсонро ба худшиносӣ мебарад. Ҳамзамон, дарк намудам, ки китобхона танҳо макони гирифтани китобҳои дарсӣ нест. Китобхона макони муҳими тарбияи маънавии ҷавонон ба ҳисоб меравад. Дар баробари мутолиаи китобҳои дарсӣ, ки барои аз худ намудани донишҳои тахассусӣ муҳим мебошанд, мутолиаи китобҳои бадеӣ низ барои рушди ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ нақши муҳим мебозад. Зеро китобҳои бадеӣ инсонро бо таърих, фарҳанг, ахлоқ ва арзишҳои миллӣ бештар ошно месозанд. Ҳар боре ки ба китобхона меоям, кӯшиш мекунам на танҳо китобҳои дарсӣ, балки китобҳои бадеиро низ варақ занам, то ҷаҳонбинии худро васеъ намоям.
Ман ба китобхона ба нияти мутолиаи китобҳои дарсӣ омада будам, аммо аз он ҷо бо эҳсоси тоза ва андешаҳои ҷиддитар баргаштам. Бори дигар боварӣ ҳосил намудам, ки китобхона яке аз муҳимтарин маконҳои ташаккули шахсияти ҷавонон мебошад. Зеро маҳз тавассути мутолиа инсон метавонад сатҳи маърифат, ҳисси масъулиятшиносӣ ва муҳаббати худро нисбат ба Ватан боз ҳам тақвият бахшад.
Бо итминон метавон гуфт, ки истифодаи самараноки имкониятҳои китобхона ва мутолиаи пайвастаи китобҳои дарсӣ ва бадеӣ ҷавононро ба роҳи дурусти донишандӯзӣ, худшиносӣ ва хизмат ба ҷомеа ҳидоят менамояд.
Бо чунин таассуроти нек ва андешаҳои тоза аз Китобхонаи илмии ДДМИТ баргашта, ба худ қавл додам, ки минбаъд мутолиаро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи роҳи донишандӯзӣ ва худшиносии миллӣ идома хоҳам дод. Зеро мутолиаи пайвастаи китобҳои дарсӣ ва бадеӣ ба инсон имкон медиҳад, ки сатҳи маърифат, ҷаҳонбинӣ ва ҳисси масъулиятшиносии худро дар назди ҷомеа ва Ватани азиз боз ҳам тақвият бахшад.
Бовар дорам, ки ҳар як ҷавони соҳибмаърифат бо истифодаи самараноки имкониятҳои китобхона метавонад дар роҳи рушди шахсӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти ҷомеа қадамҳои устувор гузорад.
Солиҳзода Муборакшоҳи Мираҳмад,
донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси технологияи иттилоотии ҳисоби бухгалтерии факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ
Тоҷ
Рус
Eng