ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ - КАФИЛИ АМАЛӢ ГАРДИДАНИ ҲАДАФҲОИ МИЛЛӢ
Озодӣ ва истиқлол дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳуввият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошанд. Гузашта аз ин, истиқлол мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, замонати ҳастии воқеӣ ва шарофату эътибори ҷаҳонии миллат аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти сиёсӣ мустақлият ва истиқлоли худро баъд аз таназзули Иттиҳоди Шуравӣ ба даст овард. Раванди фарорасии истиқлоли давлатӣ ва худро ҷумҳурии мустақилу субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ эълон намудани Тоҷикистон аз рӯи расмият ба дигар ҷумҳуриҳои тозаистиқлол шабоҳат дошта бошад ҳам, ҷараёни минбаъдаи он дигаргуниҳои ҷиддӣ, махсусан муқовимату ихтилофи шадиди иҷтимоӣ ва ниҳоят ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба бор овард. Дар чунин марҳалаи ҳассос ва тақдирсоз 9-уми сентябри соли 1991 истиқлоли давлатии Тоҷикистон расман эълон шуд. Ин яке аз воқеаи бузургтарин дар таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик буд, зеро имкони амалии таъсиси давлати озод ва мустақили миллӣ баъди садсолаҳо аз нав фароҳам омад. Рушди маънавиёти миллат ва пойдориву шукуфоии давлат пас аз имзо шудани санади «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» хеле вусъат ёфт ва дар зеҳну шуури мардум арзишҳои миллӣ ҷои хоссаро ишғол карданд. Бо шарофати истиқлоли давлатӣ миллати тоҷик имкон пайдо кард, ки бо таърихи кӯҳанбунёди худ беҳтару бештар ошно шавад, решаҳои тамаддуни гузаштаро ҷустуҷӯ карда, онро барои таҳкими ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори миллии мардум ва тақвияти пояҳои давлати соҳибистиқлол истифода намояд.
Муҳимтарин чораҳои дар амал татбиқ намудаи Ҳукумати Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлол ин тарҳрезӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлат ба хотири рушди устувор ва зиндагии шоистаи мардум ба шумор меравад. Таърих гувоҳи он аст, ки аз охири солҳои 90-ум сар карда, ба хотири мустаҳкам намудани истиқлоли давлатӣ ва амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ роҳи ислоҳотҳои иқтисодию иҷтимоӣ пеш гирифта шуд. Устувории истиқлоли давлату миллати тоҷик, пеш аз ҳама аз амалӣ гардидани ана ҳамин ҳадафҳои стратегӣ вобастагии зиёд дошт. Аз бунбасти комуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва саноаткунонии босуръати мамлакат ин ҳама аз ташаббусҳои саривақтии Тоҷикистон дар роҳи рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар тули 35 сол се ҳадаф қариб амалӣ гардида, ҳадафи чаҳорум бо як суръати хосса дар роҳи амалишавӣ қарор дорад.
Ҳамчунин, баробари ба даст овардани истиқлол ҳукумати навташкил роҳи ислоҳоти сиёсӣ, яъне сохтори давлатдориро пеш гирифт. Яке аз муваффақиятҳои бузург дар ин самт тарҳрезӣ ва ба таври раъйпурсии умумихалқиӣ қабул кардани Конститутсия буд, ки роҳи ояндаи давлати нав ба истиқлолрасидаро ба таври мушаххас муайян мекунад. Маҳз қабули Конститутсия заминаи асосии аз бӯҳрони сиёсӣ баровардани мамлакат ва истиқрори сулҳу субот гардид. Қонуни асосии нав муайян кард, ки Тоҷикистон роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва ҷомеаи шаҳрвандиро пеш гирифтааст. Ин санади тақдирсоз дурнамои рушди ҷомеаро дар тамоми самтҳо муайян кард.
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои таърихи навини кишвар як марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, ҷустуҷӯ ва созандагӣ буда, дар ин давра Тоҷикистон на танҳо низоми сиёсиву иқтисодии навро ташаккул дод, балки роҳи душвори барқарорсозии иқтисод, бунёди инфрасохтор, рушди истеҳсолот ва пайдо кардани самтҳои нави рушди миллиро тай намуд. Имрӯзҳо аз дастовардҳои иқтисодии кишвар сухан мегӯем, пеш аз ҳама, бо арқому далелҳои бузург рӯбарӯ мешавем ва миллиардҳо сомонӣ аз маҳсулоти дохилӣ, корхонаҳои нав, неругоҳҳо, роҳҳо, ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра пеши рӯйи мо меояд. Ногуфта намонад, ки паси ҳар рақам ва дастовард талоши пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарҷамъӣ ва заҳмати мардум, солҳои пурмашаққати барқарорсозӣ ва талошҳои пайваста барои расидан ба суботи иқтисодӣ қарор мегирад.
То имрӯз дар заминаи истиқлол қабули як қатор сандаҳои тақдирсози миллӣ боварӣ ва эътимоди кишварҳои ҷаҳон ба Тоҷикистон зиёд гардид. Ҳамин аст, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардида бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибат ба роҳ мондааст. Дар тайи 35 соли истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон бо зиёда аз 75 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ҳамкориҳои судманро роҳандозӣ намудааст. Имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ эътироф гардидааст.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки 25 июли соли 2025 қатъномаи махсуси Тоҷикистон зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ бо иттифоқи онро қабул намуданд. Ҳамзамон, 31 августи соли 2026 Маҷмаи Умумии СММ бо ташаббуси Тоҷикистон қатънома қабул кард, ки тибқи он аз соли 2027 сар карда, ҳар сол 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил мегардад, ки боиси ифтихори мо тоҷикон мебошад. Ташаббусҳои ҷониби Тоҷикиктсон дар роҳи муборизаи самаранок бар зидди терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳалли масъалаҳои экологӣ ва махсусан, ба оби тоза таъмин намудани сокинони сайёра аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш қабул гардид. Маҳз баромаду ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, махсусан СММ кишвари моро дар сатҳи ҷаҳонӣ чун субъекти мустақил ва ташаббускор муаррифӣ ва маъмул гардонид. Имрӯз рисолати ҳар як узви ҷомеаи соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию давлатӣ ва ҳифзи якпорчагии Ватан бо тамоми ҳастӣ маҳсуб меёбад. Бояд гуфт, ки истиқлоли миллат дар заминаи хирад ва ваҳдати миллӣ устувор мегардад, аз ин рӯ якдилии миллат ва якпорчагии Ватан бояд шиори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бошад.
Мусаллам аст, ки бахши воқеии иқтисоди миллӣ низ сол то сол тамоюли устувори рушдро касб намуда, соҳаи саноат ба яке аз самтҳои афзалиятнок ва стратегии рушди кишвар табдил ёфт. Тибқи маълумоти оморӣ, шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 1 329 адад дар соли 2000 то 3 972 адад дар соли 2025 афзоиш ёфта, дар муқоиса бо соли 2000 қариб се баробар зиёд шудааст. Ҳамзамон, дар баробари афзоиши шумораи корхонаҳои саноатӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ ба таври назаррас афзоиш ёфта, аз 5 739 млн сомонӣ дар соли 2000 то 66 726 млн сомонӣ дар соли 2025 расидааст. Яъне, дар ин давра, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 11,6 баробар зиёд гардида, аз тавсеаи иқтидори истеҳсолӣ ва таҳкими мавқеи соҳаи саноат дар иқтисоди миллӣ шаҳодат медиҳад.
Нишондиҳандаҳои иқтисодии даврони соҳибистиқлолӣ бозгӯи равшани тамоюли рушди онҳо дар солҳои охир миқёси тағйироти мусбатро дар иқтисоди миллӣ ба таври возеҳ нишон медиҳад. Масалан, тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД) кишвар аз 1 786,8 млн сомонӣ дар соли 2000 то 176 919 млн сомонӣ дар соли 2025 афзоиш ёфта, дар маҷмуъ, нисбат ба соли 2000 қариб 99 баробар зиёд шудааст. Танҳо дар шаш моҳи соли 2026 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 81,7 млрд сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,9 млрд сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон, нишондиҳандаи муҳимми муваффақияти сиёсати иҷтимоии кишвар афзоиши даромади пулии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Агар дар соли 2000 ҳаҷми даромади пулии аҳолӣ 1 004,6 млн сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2025 ба 165 100,1 млн сомонӣ расида, дар маҷмуъ, беш аз 164 маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон, сатҳи бекорӣ низ тамоюли коҳишёбӣ дошта, аз 2,7 фоиз дар соли 2000 то 1,8 фоиз дар соли 2025 паст гардидааст.
Яке аз ҳадафҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат паст намудани сатҳи камбизоатӣ ба ҳисоб рафта, аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ин самт тадбирҳои пайгирона ва ҳадафманд амалӣ мегарданд. Дар натиҷаи татбиқи чунин тадбирҳо сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз 81 фоиз дар соли 2000 то 19,2 фоиз дар соли 2025 коҳиш ёфта, дар давоми 25 соли охир муттаносибан 61,8 банди фоизӣ паст шудааст.
Истиқлоли давлатӣ на танҳо рамзи озодӣ, балки сарчашмаи пешрафт ва зиндагии шоистаи ҳар як сокини кишвар мебошад. Сарбаландиву xушбаxтии мo мардуми шарифи Тоҷикистон дар oн аст, ки тақдири имрӯзу фардoи ватанамoн дар иxтиёри xудамoн мебoшад ва ҳар фарди бoнангу нoмуси миллат ҳастӣ ва ҳаёти xудрo ба xoтири oзoдиву пешрафти сарзамини аҷдoдӣ баxшидааст.
Мо ҷавонон аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлат ва ҳукумати кишвар истифода карда, ба қадри сулҳу осоиштагӣ, суботи сиёсӣ ва якпорчагии ватани азизамон бирасему ба сўйи фардои дурахшон сарбаландона пеш рафта, ба наслҳои баъди як меросӣ хубу ғание боқи гузорем.
Аҳлиддин МИРЗОЗОДА,
доктори фалсафа (PhD), устоди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Тоҷ
Рус
Eng