СУЛҲ, ДОНИШ ВА ОЯНДАИ МИЛЛАТ
Мусоҳибаи ихтисосии сардори шуъбаи иттилоот ва нашри Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Очилдиев бо ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муҳтарам Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ба ифтихори ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ДДМИТ дар арафаи Рӯзи сулҳу дониш.
Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик танҳо оғози марҳилаи нави давлатдорӣ набуд, балки оғози бозгашт ба худ, таърих, ҳувият ва масъулияти сарнавиштсоз дар назди оянда гардид. Аммо роҳи истиқлол барои Тоҷикистони навин осон набуд. Миллати тоҷик рӯзҳои пурошӯбро аз сар гузаронд, аз имтиҳонҳои сангини таърих гузашт ва танҳо баъди расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ тавонист роҳи бунёдкорӣ, созандагӣ ва рушди устуворро пеш гирад.
Имрӯз, ки Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии худро ҷашн мегирад, ҷомеаи мо бо эҳсоси ифтихор ба роҳи тайшуда назар мекунад. Ин сию панҷ сол на танҳо солҳои бунёди роҳҳо, неругоҳҳо, корхонаҳо, шаҳру деҳоти нав, балки солҳои таҳкими давлатдорӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ, рушди маорифу илм ва ташаккули насли нави соҳибмаърифату ватандӯст мебошанд.
Дар ҳамин соли таърихӣ Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ 30-солагии таъсисёбии худро таҷлил мекунад. Ин муассисаи олии таълимӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996 таъсис ёфта, имрӯз ба яке аз марказҳои муҳими омодасозии кадрҳои соҳавӣ ва рушди афкори иқтисодиву молиявии кишвар табдил ёфтааст.
Ҳамзамон, соли 2026 дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон дар партави ғояҳои сулҳ, дониш, худшиносӣ ва созандагӣ аҳамияти махсус касб мекунад. Дар ҳамин замина, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ низ танҳо анъанаи оғози соли таҳсил набуда, ҳамчун рамзи пайванди амиқи сулҳ, дониш, худшиносӣ ва ояндасозӣ арзёбӣ мешаванд.
Зеро сулҳ муҳити дониш аст ва дониш неруи пойдории сулҳ.
Маҳз ҳамин масъалаҳо: пайванди сулҳу дониш, нақши маорифу илм дар таҳкими давлатдорӣ, фарҳанги сулҳофарӣ, рисолати донишгоҳ ва вазифаҳои насли ҷавон дар арафаи ду санаи бузурги таърихӣ, яъне 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон меҳвари суҳбати мо бо ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон муҳтарам Бобоҷон Сатторзода гардид.
-Муҳтарам Бобоҷон Абдуҷаббор! Тоҷикистон имрӯз 35-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил мекунад. Ба андешаи Шумо, муҳимтарин сабақе, ки миллат аз роҳи тайкардаи соҳибистиқлолӣ омӯхт, кадом аст?
-Ба назари ман, муҳимтарин сабақи сию панҷ соли соҳибистиқлолӣ дар он таҷассум меёбад, ки миллат арзиши давлат, сулҳ, ваҳдат ва масъулияти шаҳрвандиро амиқтар дарк кард.
Истиқлол ба мо имконият дод, ки сарнавишти давлатдории худро мустақилона муайян кунем, сиёсати миллӣ ва самтҳои рушди худро бо дарназардошти манфиатҳои мардум ба роҳ монем, арзишҳои таърихиву фарҳангии худро эҳё созем ва дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр мавқеи худро пайдо намоем. Вале бояд эътироф кард, ки роҳи истиқлол барои мо роҳи ҳамвор набуд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо имтиҳонҳои бисёр сахт рӯ ба рӯ гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ давлат ва ҷомеаро дар назди хатари воқеии аз байн рафтани ҳастии миллӣ қарор дод. Дар ҳамин марҳилаи бисёр ҳассос масъалаи сулҳу оштии миллӣ ба масъалаи тақдирсоз табдил ёфт.
Бузургтарин сабақи таърихӣ ҳамин аст, ки давлатдорӣ бе ваҳдат пойдор намемонад, рушд бе сулҳ имконнопазир аст ва ояндаи миллат бе худшиносӣ ва дониш таъмин намегардад.
Дар ҳамин ҷо мехоҳам махсус таъкид намоям, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи давлатдории миллӣ, расидан ба сулҳу субот ва таҳкими Ваҳдати миллӣ бисёр бузург ва таърихӣ мебошад. Маҳз сиёсати хирадмандона, иродаи устувор ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат барои муттаҳид сохтани ҷомеа ва ба роҳ мондани раванди сулҳ заминаи асосии гузариши кишвар аз солҳои душвори низоъ ба марҳилаи созандагиву пешрафт гардид.
Имрӯз мо ба гузашта танҳо ҳамчун таърих нигоҳ намекунем, балки аз он сабақ меомӯзем. Муҳимтарин дарси таърихи соҳибистиқлолии мо ҳамин аст: Сулҳу субот неъмати худ аз худ бадастомада нест. Он арзишест, ки бояд ҳамеша ҳифз карда шавад.
Маҳз ҳамин аст, ки дар арафаи 35-солагии Истиқлол ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан ҷавонон, бояд дар назди худ савол гузоранд: ман барои ҳифзи давлат, сулҳ, ваҳдат ва рушди Ватан чӣ саҳм гузоштаам ва ё мегузорам.
-Шумо аз сулҳ ҳамчун яке аз дастовардҳои бузурги миллӣ ёд кардед. Имрӯз «Дарси сулҳ»-ро чӣ гуна бояд фаҳмид? Оё он танҳо ёдоварии воқеаҳои гузашта аст?
-Албатта, не. Агар мо «Дарси сулҳ»-ро танҳо ба нақли рӯйдодҳои гузашта маҳдуд созем, ба моҳияти аслии он намерасем.
«Дарси сулҳ» пеш аз ҳама дарси шинохти арзиши зиндагии осоишта аст.
Сулҳ барои мо танҳо набудани ҷанг нест.
Сулҳ имкони ба мактаб рафтани кӯдак аст.
Сулҳ имкони донишҷӯ шудани ҷавон аст.
Сулҳ фаъолияти озоди омӯзгор, олим ва муҳаққиқ аст.
Сулҳ сохтани мактаб, донишгоҳ, корхона, китобхона ва марказҳои илмӣ мебошад.
Сулҳ имкони андешидан дар бораи фардо аст.
Бинобар ин, вақте мо дар бораи «Дарси сулҳ» ҳарф мезанем, бояд ҷавононро ба дарки ҳамин ҳақиқат расонем, ки сулҳ танҳо мероси гузашта нест, балки масъулияти имрӯз ва вазифаи фардо мебошад.
Мавқеи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар масъалаи Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ аз ҳамин ҷаҳонбинии амиқ сарчашма мегирад. Дар суханрониҳои Сарвари давлат дониш ҳамчун омили муҳими рушди устувор ва зиндагии осудаи инсон арзёбӣ мешавад. Яъне, сулҳ ва дониш ҳамчун ду арзиши ба ҳам пайванддида дар сиёсати давлатӣ ҷойгоҳи муҳим доранд.
Ин, ба назари ман, масъалаи бисёр муҳим аст. Зеро сулҳ муҳити дониш аст ва дониш фарҳанги сулҳро пойдор месозад.
Дар ҷомеаи бесубот рушди маориф ва илм мушкил мегардад. Аммо ҷомеаи донишмеҳвар низ худ метавонад яке аз сипарҳои муҳими сулҳу субот бошад. Чун инсон ҳар қадар босаводтар, ҷаҳонбиниаш васеътар ва тафаккураш солимтар бошад, ҳамон қадар ба ҷаҳолат, таассуб, хушунат ва андешаҳои харобиовар камтар роҳ медиҳад.
Аз ҳамин рӯ, «Дарси сулҳ» бояд ҳамзамон дарси маърифат, таҳаммул, муколама ва масъулияти шаҳрвандӣ бошад.
-Муҳтарам Сатторзода, дар суханронии имсолаи худ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба масъалаи пайванди истиқлол, сулҳу субот ва рушди маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамзамон ҷавононро ба донишандӯзӣ, касбу ҳунаромӯзӣ, истифодаи дурусти технологияҳои муосир ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҳидоят карданд. Ба андешаи Шумо, муҳимтарин паём ва дарси ин суханронӣ барои ҷомеаи донишгоҳӣ, махсусан донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, дар чӣ ифода меёбад?
-Ба андешаи ман, суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ танҳо як муроҷиати анъанавӣ ба аҳли маориф набуда, балки барномаи фарогири андеша ва амал барои тарбияи насли нави Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Дар меҳвари ин суханронӣ як ҳақиқати бисёр муҳим қарор дорад: ояндаи давлат пеш аз ҳама ба сифати инсон, сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, маърифат ва масъулияти шаҳрвандони он вобаста аст.
Пешвои миллат дар суханронии худ бори дигар бо далелҳои мушаххас нишон доданд, ки ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла, пешрафтҳои бузурги соҳаи маориф, маҳз самараи истиқлол, сулҳу суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ мебошанд. Аммо муҳимтар аз сохтмони биноҳо, ба назари ман, сохтани инсон аст.
Мактаб бунёд кардан муҳим аст, вале дар он ба камол расонидани инсони донишманду соҳибмаърифат муҳимтар мебошад.
Донишгоҳ сохтан зарур аст, вале муҳим он аст, ки донишгоҳ тавонад насли навро барои зиндагӣ ва фаъолияти созанда дар ҷаҳони пуртағйиру пуррақобати имрӯз омода созад. Маҳз ҳамин нуқтаи назар суханронии Пешвои миллатро барои ҷомеаи донишгоҳӣ бисёр муҳим ва саривақтӣ мегардонад.
Имрӯз ҷаҳони муосир ба марҳилаи нави рушди илму технология ворид шудааст. Рақамикунонӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ ва навоварӣ ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеа табдил ёфтаанд. Пешвои миллат низ дар суханронии худ ба ҷавонон тавсия доданд, ки донишҳои муосир, технологияҳои нав, забонҳои хориҷӣ ва касбу ҳунарҳои замонро ҳамаҷониба аз худ намоянд. Барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ин масъала аҳамияти махсус дорад. Зеро иқтисодиёти ҷаҳонӣ имрӯз бо суръати бесобиқа тағйир меёбад. Мутахассиси молия, иқтисодчӣ, муҳосиб, менеҷер ва соҳибкор дигар танҳо бо донишҳои анъанавӣ наметавонад ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад. Ӯ бояд иқтисоди рақамиро донад, бо технологияҳои муосир кор карда тавонад, тафаккури таҳлилӣ дошта бошад, аз равандҳои ҷаҳонӣ огоҳ бошад ва муҳимтар аз ҳама, донишро ба ҳалли масъалаҳои воқеӣ табдил дода тавонад. Аммо суханронии Пешвои миллат танҳо ба масъалаи донишҳои касбӣ маҳдуд намешавад. Дар он масъалаи бисёр муҳим: масъулияти маънавии насли ҷавон низ ҷойгоҳи марказӣ дорад. Яъне ҷавони имрӯз бояд на танҳо донишманд, балки соҳибфарҳанг, ватандӯст, дорои ахлоқи ҳамида ва эҳсоси баланди масъулият бошад.
Пешвои миллат махсусан ба масъалаи истифодаи дурусти телефонҳои ҳушманд, шабакаҳои иҷтимоӣ, интернет ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ карданд. Ин масъала воқеан аз муҳимтарин масъалаҳои замони мост. Зеро технология худ ба худ на хуб асту на бад. Ҳама чиз аз он вобаста мебошад, ки инсон онро чӣ гуна истифода мекунад. Агар интернет барои донишандӯзӣ, мутолиа, тадқиқот ва рушди малака истифода шавад, он метавонад ба яке аз абзорҳои муҳими пешрафти шахсият табдил ёбад. Аммо агар инсон вақти худро беназорат дар фазои маҷозӣ сарф кунад, аз мутолиа дур шавад ва ба таъсири иттилооти бардурӯғу ғаразнок қарор гирад, технология метавонад ба монеаи рушди маънавӣ ва зеҳнии ӯ табдил ёбад. Аз ҳамин рӯ, ба назари ман, яке аз муҳимтарин паёмҳои суханронии Пешвои миллат барои ҷавонон чунин аст:
-Дар ҷаҳони технологияҳо танҳо истифодабарандаи технология набошед, соҳиби дониш ва фарҳанги истифодаи технология бошед.Яъне ҷавонон бояд тавонанд иттилоотро таҳлил кунанд, хабарҳои воқеиро аз иттилооти бардурӯғ фарқ намоянд, дар муқобили ғояҳои харобиовар масунияти маънавӣ дошта бошанд ва аз технология барои омӯзишу созандагӣ истифода баранд.
Дар ҳамин ҷо боз ба масъалаи «Дарси сулҳ» бармегардем.
Ба андешаи ман, имрӯз Дарси сулҳ танҳо дарси таърих нест. Он дарси зиндагӣ дар ҷаҳони пуртаҳаввул ва пурихтилофи имрӯз мебошад.
Чунки дар шароите, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ҷангу низоъҳо идома доранд, вақте ҳазорон инсон ҷони худро аз даст медиҳанд ва миллионҳо нафар маҷбур мешаванд манзили худро тарк намоянд, қадри сулҳу суботро бештар бояд дарк кард. Маҳз ба ҳамин маъно таъкидҳои Пешвои миллат дар бораи ҳифзи истиқлол, сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои давлатдорӣ барои ҳар як ҷавони тоҷик бояд ҳамчун дарси масъулияти шаҳрвандӣ қабул гарданд.
Имрӯз аз ҳар донишҷӯ танҳо пурсидан кифоя нест, ки «чӣ мехонӣ?». Саволи муҳимтар ин аст:
Барои чӣ мехонӣ ва дониши худро ба нафъи кӣ истифода мекунӣ?
Агар ҷавон дониши худро бо эҳсоси масъулият дар назди Ватан, ҷомеа ва миллат пайванд диҳад, дониш ба неруи воқеии созанда табдил меёбад.
Ба андешаи ман, маҳз ҳамин андеша барои ҷомеаи донишгоҳии мо аҳамияти махсус дорад. Мо бояд донишҷӯеро тарбия кунем, ки танҳо барои гирифтани диплом таҳсил намекунад. Ӯ бояд барои соҳибкасб шудан, соҳибфикр шудан, ба ҷомеа нафъ расондан ва дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоштан омӯзад.
Дар умум, суханронии Пешвои миллат дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бори дигар ба мо ёдрас мекунад, ки истиқлол танҳо мероси насли гузашта нест. Истиқлол масъулияти ҳар як насли имрӯз ва фардо мебошад.
Мантиқан андешем, мо сулҳро ба мерос гирифтем, бояд онро ҳифз кунем;
-Мо давлатро соҳиб шудем, вале бояд онро боз ҳам қавӣ гардонем.
-Мо имкони таҳсил дорем, вале бояд онро ба дониш ва донишро ба созандагӣ табдил диҳем.
Аз ин рӯ, агар мо бихоҳем паёми асосии суханронии Пешвои миллатро барои ҷомеаи донишгоҳӣ дар як ҷумла ҷамъбаст намоем, метавон гуфт:
-Сулҳро ҳифз кунед, дониш омӯзед, технологияро бо фарҳанг истифода баред, соҳибкасб шавед ва тамоми донишу тавони худро барои ободӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созед.
Аз ҳамин зовия, ба назари ман, имрӯз маҳз чунин ҷавон, ҷавони донишманду соҳибкасб, худшиносу ватандӯст, дорои фарҳанги баланди иттилоотӣ ва эҳсоси масъулияти миллӣ — метавонад воқеан вориси сазовори Истиқлол ва идомадиҳандаи роҳи созандагии давлату миллат бошад.
-Пас, метавон гуфт, ки миёни «Рӯзи дониш» ва «Дарси сулҳ» пайванди амиқ вуҷуд дорад?
-Бешубҳа. Ман ҳатто мегӯям, ки ин ду мафҳумро аз ҳам ҷудо тасаввур кардан душвор аст.
Зеро сулҳ муҳити дониш аст ва дониш неруи маънавии пойдории сулҳ. Дар муҳити сулҳу субот инсон меомӯзад, меандешад, тадқиқ мекунад ва месозад. Аммо дониш ба инсон қудрати шинохти воқеият, таҳлили масъалаҳо, эҳтироми андешаи дигар ва интихоби роҳи созандаро медиҳад. Бинобар ин, пайванди сулҳ ва дониш тасодуфӣ нест. Маҳз ҳамин ҷо моҳияти аслии донишмеҳварӣ ошкор мегардад. Ҷомеаи донишмеҳвар танҳо ҷомеае нест, ки дар он шумораи муассисаҳои таълимӣ зиёд бошад. Ҷомеаи донишмеҳвар ҷомеаест, ки дар он ақл, далел, таҳлил, таҳаммул ва фарҳанги муколама ҷойгоҳи баланд дошта бошад. Аз ин рӯ, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар амиқи маъно як паёми бузург доранд: бе сулҳ рушди воқеии дониш имконнопазир аст ва бе дониш фарҳанги пойдори сулҳ ташаккул намеёбад.
-Дар ин раванд нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди маориф, илм ва ташаккули ҷомеаи донишмеҳвар чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
-Ин масъала аз муҳимтарин масъалаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.
Дар сиёсати давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф ва илм ҳамчун заминаи асосии рушди инсон, таҳкими давлатдорӣ ва таъмини ояндаи кишвар мавқеи меҳварӣ пайдо намудаанд.
Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки дар асри технология ва рақобати шадид сарвати асосии давлат на танҳо захираҳои табиӣ, балки пеш аз ҳама инсони донишманд мебошад. Аз ҳамин рӯ, таваҷҷуҳи доимии давлат ба рушди маориф, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, беҳтар намудани шароити таҳсил, омода кардани кадрҳои баландихтисос, дастгирии ҷавонони боистеъдод, рушди илмҳои дақиқу табиатшиносӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ сиёсати дорои аҳамияти стратегӣ мебошад.
Маҳз ҳамин ҷаҳонбинӣ имрӯз ба сиёсати рушди миллии Тоҷикистон рӯҳу мазмуни тоза мебахшад.
Вазифаи мост, ки ин сиёсатро дар амал бо тарбияи ҷавонони соҳибдониш, соҳибкасб, худшинос ва ватандӯст идома диҳем.
Мусоҳиб: Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ,
сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng