Ҳар миллат дар масири таърихи худ ба рӯзе мерасад, ки сарнавишташро бо дасти худ муайян мекунад. Барои халқи тоҷик чунин марҳилаи тақдирсоз оғози давраи соҳибистиқлолии кишвар гардид. Истиқлолият ба Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки ҳамчун давлати мустақил роҳи рушди худро интихоб намуда, манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои таърихию фарҳангии худро дар шароити нав ҳифз ва таҳким бахшад.

Ба даст овардани истиқлол танҳо тағйири мақоми сиёсии давлат набуд. Он барои ҷомеаи тоҷикон оғози масъулияти бузург дар назди таърих ва наслҳои оянда гардид. Давлати соҳибистиқлол бояд ҳамзамон пояҳои иқтисодии худро мустаҳкам созад, амнияти шаҳрвандонро таъмин намояд, низоми идоракуниро такмил диҳад ва барои рушди маънавию иҷтимоии ҷомеа шароити муносиб фароҳам оварад.

Сию панҷ соли истиқлол барои Тоҷикистон як давраи пур аз воқеаҳо, таҷрибаҳо ва дигаргуниҳои муҳим буд. Дар ин муддат кишвар марҳилаҳои душворро паси сар карда, тадриҷан ба роҳи созандагӣ ва пешрафт ворид гардид. Имрӯз таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ имконияти муносибест, ки ба роҳи тайшуда назар андозем, дастовардҳои бадастомадаро арзёбӣ кунем ва вазифаҳои минбаъдаро муайян намоем.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои кишвар пеш аз ҳама барқарор намудани оромӣ ва суботи ҷомеа зарур буд. Низоъҳои дохилӣ ба ҳаёти мардум таъсири сахт расонида буданд ва идомаи чунин вазъ метавонист ба ояндаи давлат хатари ҷиддӣ эҷод кунад. Ба даст омадани сулҳу ваҳдати миллӣ дар таърихи навини Тоҷикистон гардиши муҳим ба вуҷуд овард ва шароити заруриро барои оғози корҳои созанда фароҳам сохт.

Бо барқарор шудани фазои сулҳу оромӣ имкониятҳои рушди соҳаҳои гуногун васеъ гардиданд. Давлат тавонист неру ва захираҳои худро ба барқарорсозии иқтисод, сохтмони инфрасохтор ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ равона созад. Маҳз суботи сиёсӣ яке аз заминаҳои асосии пешрафти минбаъдаи мамлакат гардид.

Дар ин давраи муҳим роҳбарияти давлат барои таҳкими сохторҳои давлатӣ, ҳифзи якпорчагии кишвар ва мустаҳкам намудани асосҳои давлатдории миллӣ тадбирҳои зарурӣ андешид. Имрӯз таҷрибаи тайшуда нишон медиҳад, ки бунёди давлати устувор бе суботи сиёсӣ, ваҳдати ҷомеа ва масъулияти шаҳрвандон ғайриимкон аст.

Ҳамзамон, дар солҳои истиқлол барои ҳифзи марзу буми кишвар низ заминаҳои зарурӣ ташаккул ёфтанд. Таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди сохторҳои марзбонӣ барои таъмини амнияти миллӣ аҳамияти калон дошт. Муҳофизати сарҳад ва ҳифзи амнияти давлат аз вазифаҳои муҳимтарини ҳар давлати соҳибистиқлол ба шумор меравад.

Собирова Адиба, ассистенти кафедраи забонҳои хориҷӣ