ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР
Мо бояд аз ҳарвақта бештар кор кунем, рӯзии худ ва аҳли хонадонамонро бо меҳнати ҳалол муҳайё намоем ва дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиб гузорем.
Эмомалӣ Раҳмон
Аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли яке аз масъалаҳои муҳим ва таъхирнопазир - таъмини амнияти озуқаворӣ ба миён омад. Омили асосии ба вуҷуд омадани ин масъала, аз як тараф, канда шудани занҷираи иқтисодиёти ягонаи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ буд, ки он замон 15 давлати тозаистиқлол бо мушкилоти дохилии худ рӯ ба рӯ гардиданд. Дар ин миён, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно набуд. Ҳар яке аз кишварҳои навистиқлол дар фикри ба роҳ мондан ва рушди иқтисоди миллии худ гардиданд.
Мутаассифона, дар кишвари мо мушкилоти дигаре низ пеш омад, ки вазъи мавҷударо боз ҳам мураккабтар кард. Ин оғози ҷанги таҳмилии бародаркуш буд. Иқтисодиёти кишвар фалаҷ гардида, ба мардум камчинии маводи озуқа, яъне гуруснагии воқеӣ таҳдид мекард. Махсусан, дар ноҳияҳои минтақаи ҷануби Тоҷикистон мардум бо мушкилоти сангин рӯ ба рӯ гардиданд.
Боиси хушбахтии мардуми кишвари азизамон буд, ки ба сари қудрати сиёсӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданд. Дар қатори ду ҳадафи дигари стратегии кишвар таъмини амнияти озуқаворӣ низ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат эълон гардид.
Амнияти озуқаворӣ - вазъи иқтисодии давлат мебошад, ки дар натиҷаи он аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ бехатарии озуқавории кишвар таъмин гардида, дастрасии воқеии аҳолӣ ба маводи озуқавории зарурӣ барои ҳаёти солиму фаъол ва рушди демографии тамоми аҳолӣ таъмин карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба амнияти озуқаворӣ» аз 27 ноябри соли 2014, таҳти №1158).
Аз ҷумлаи аввалин иқдомҳои Ҳукумати кишвар ҷустуҷӯи роҳҳо ва ҳалли масъалаи таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа буд. Дар ин росто, бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои бениҳоят душвори солҳои 1992-1998 барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум дар маҷмуъ, 75 ҳазор гектар қитъаи замин ба аҳолӣ ҳамчун хоҷагии ёрирасони шахсӣ ҷудо гардид. Ин заминҳо айни ҳол низ аз ҷониби сокинони мамлакат пурсамар истифода шуда, дар онҳо зироатҳои гуногун кишт карда мешаванд.
Қитъаҳои замин тибқи тартиби муқарраршуда ба сокинони мамлакат дар заминҳои обёришаванда то 0,15 гектар ва дар заминҳои лалмӣ то 0,50 гектар тақсим карда шуданд.
Зимнан, зикр намудан ба маврид аст, ки дар замони нооромиҳои солҳои 90-уми асри гузашта, вақте ки кишвар дар буҳрони иқтисодӣ қарор дошт, тақсими «заминҳои президентӣ» барои беҳтар гардидани шароити зисти мардум мусоидат намуд.
Бо барқарор гардидани сулҳ дар ҷумҳурӣ вазъи таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ овард. Барқарор намудани иқтидори мавҷуда ва ба кор даровардани корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба роҳ монда шуд. Вале шароити кӯҳистонии кишвар имкон намедиҳад, ки ҳамаи маҳсулоти зарурии озуқаворӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ истеҳсол карда шаванд. Қисми зиёди маводи озуқа ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд.
Аз ҷониби дигар, аҳолии кишвар низ рӯ ба афзоиш дорад. Солона аҳолӣ ҳудуди 2 фоиз зиёд мешавад ва ба ҳолати 1 январи соли 2026 шумораи он 10 миллиону 720,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон рӯз ба рӯз баланд гардидани нархи молу хизматрасониҳо ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба маводи хушсифату дастрас Ҳукумати мамлакат чораҳои дигарро низ рӯи кор овард.
Масалан, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» қабул гардид, ки яке аз ҳадафҳои асосии он баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, зиёд намудани ҳаҷми умумии содирот ва кам намудани ҳиссаи молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ дар ҳаҷми умумии воридот арзёбӣ мегардид.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани чораҳои пешбинигардида шумораи корхонаҳои истеҳсол ва коркарди маводи озуқаворӣ дар мамлакат сол то сол зиёд гардида истодааст. Ҳаҷми маводи озуқае, ки қаблан аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд, низ тадриҷан коҳиш меёбад.
Тавре аз омори Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, шумораи корхонаҳои саноати хӯрокворӣ дар Тоҷикистон дар соли 2025 нисбат ба соли 1991 беш аз даҳ баробар афзоиш ёфтааст. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 90 корхонаи саноати хӯрокворӣ фаъолият мекард, то соли 2025 шумораи онҳо ба 921 адад расидааст.
Зиёд гардидани шумораи корхонаҳо, дар навбати худ, ба таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, афзоиши ҳаҷми андозҳои ба буҷети давлат воридшаванда, фароҳам овардани шароити мусоид барои коркарди ашёи хоми ватанӣ ва беҳтар гардидани сифати маҳсулоти озуқаворӣ мусоидат менамояд.
Татбиқи ин ҳадафҳо тавассути коҳиш додани талафот бо роҳи рушди инфрасохтори зарурии логистикӣ, такмили низоми стандартҳо, ба роҳ мондани истеҳсоли ҳаҷми зиёди маҳсулот бо истифода аз техника ва технологияҳои замонавӣ, дастгирии молиявии корхонаҳои истеҳсоли маводи озуқа аз ҷониби давлат ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ аз ҷониби аҳолӣ амалӣ карда мешавад.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар сурати сари вақт ва босифат иҷро гардидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт сол то сол сатҳу сифати маҳсулоти озуқаворӣ барои аҳолӣ беҳтар гардида, ҳаҷми рӯзафзуни истеҳсолот ба ғайр аз таъмини талаботи дохилӣ, барои афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар низ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
И. НЕЪМАТОВ,
мудири кафедраи менеҷменти ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng