ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНОН ВА ФАРДОИ РАҚАМӢ
Истиқлолият барои ҳар як миллат имконияти сохтани сарнавишти худ бо дасти худ аст. Барои Тоҷикистон 35 сол пеш, 9 сентябри соли 1991 ин имконият ба воқеият табдил ёфт. Имрӯз дар остонаи ин ҷашни бузург, савол на танҳо дар бораи он аст, ки мо чӣ роҳро тай кардем, балки дар бораи он аст, ки насли наврас ва ҷавонони Тоҷикистон бо кадом ҷаҳонбинӣ ба пешвози фардои рақамии Ватан мераванд.
Масъалаи ҷавонон дар сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷои хоса дорад. Тавре ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таъкид гардидааст, таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ нисбат ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон маҳз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор гирифтааст, зеро ҷавонон неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва омили муҳими суботи сиёсии кишвар маҳсуб мешаванд.
16 декабри соли 2025 ҳангоми пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар Пешвои миллат соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон намуданд. Сарвари давлат дар ин Паём инчунин иброз доштанд, ки бо назардошти вазъи буҳрониву ноороми ҷаҳони муосир, ҳифзи истиқлолу озодӣ ва заҳмат ба хотири пешрафти давлат вазифаи ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси мамлакат маҳсуб мешавад.
Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки бо мақсади соҳибкасб гардонидани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон зарур аст, ки барномаҳои мушаххаси тайёр кардани кадрҳои касбӣ аз ҳисоби ҷавонон, бо назардошти талаботи воқеии бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ таҳия ва амалӣ карда шаванд. Супорише, ки маҳз заминаи барномаҳои имрӯзаи омодасозии кадрҳои ҷавон дар соҳаи технологияҳои муосир гардидааст.
Дар солҳои охир рақамикунонӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030-ро ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намуданд. Дар пайи ин ташаббус, Ҳукумати кишвар «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030»-ро таҳия намуд, ки самтҳои афзалиятнок ва вазифаҳои мушаххасро дар ин роҳ муайян мекунад.
Дар баробари ин, Тоҷикистон нахустин Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040-ро дар минтақаи Осиёи Марказӣ қабул намуд ва бо ташаббуси Пешвои миллат 31 август аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон гардид.
Маҳз Истиқлолият ба Тоҷикистон имкон дод, ки роҳи худро дар технология низ мустақилона интихоб намояд, на аз рӯи нусхабардорӣ, балки бо такя ба манфиатҳои миллӣ ва иштироки фаъол дар шаклгирии меъёрҳои ҷаҳонӣ. Дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ кишвар аз давлати вобаста ба буҳронҳои дохилӣ ба иштирокчии фаъоли гуфтугӯи ҷаҳонӣ дар мавзуъҳои муосир, аз об ва экология то зеҳни сунъӣ табдил ёфт. Ин роҳ бидуни субот, ваҳдати миллӣ ва сармоягузорӣ дар насли ҷавон имконнопазир мебуд.
Фардои рақамии Тоҷикистон дар дасти ҷавонони имрӯза аст. Истиқлолияти давлатӣ на танҳо озодии сиёсиро ба миллати тоҷик ато кард, балки имконияти интихоби роҳи мустақили рушдро низ фароҳам овард, роҳе, ки имрӯз бо технологияҳои муосир, иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ идома дорад.
Истиқлолият асос аст, ҷавонон ояндаанд ва технология роҳи мустақим ба он оянда.
Фахриддин ШАМСОВ,
ассистенти кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт
Тоҷ
Рус
Eng