ИСТИҚЛОЛИЯТ - ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Истиқлолият барои миллати тоҷик рӯйдоди бузурги таърихиест, ки муҳтавои садсолаҳои талоши миллат барои ҳифзи ҳувият, арзишҳои миллӣ ва давлатдории мустақилро дар худ таҷассум кардааст. Истиқлол ҷамъбасти талошу муборизаҳо, худфарсоӣ ва ҷоннисориҳои абармардони миллат дар роҳи озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва бунёди давлати миллӣ мебошад, ки дар баробари ҷашни миллӣ будан, як фурсати муҳими омӯзиши таърих, шиносоӣ бо гузаштаи пурифтихори ниёгон ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ дар назди Ватан ба ҳисоб меравад. Зеро бе омӯзиши таърих ва дарки арзиши давлатдории миллӣ наметавон моҳият ва асолати Истиқлолиятро ба таври комил дарк кард.
Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлат ва миллати тоҷик ба шумор меравад, ки мардуми Тоҷикистон имкониятҳои навро дар самти таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ фароҳам овард. Даврони истиқлолият роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизро ба сӯи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд.
Имрӯз ҳар як сокини ин сарзамин дар симои давлати соҳибистиқлол ҳуқуқу озодиҳои худ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва омили татбиқи манфиатҳои ҳаётан муҳими ҷомеаро мебинад. Ин воқеият, пеш аз ҳама, натиҷаи раванди ташаккули давлатдории миллӣ ва татбиқи сиёсати созанда дар даврони истиқлолият мебошад. Дар ин замина, нақши роҳбарияти сиёсии мамлакат дар таъмини сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди минбаъдаи давлат назаррас мебошад.
Тоҷикистон дар давоми 35 соли Истиқлолият дар партави сиёсати созанда ва ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист мавқеи шоистаи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшад. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар равандҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъол дошта, ташаббусҳои он дар масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳифзи захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудаанд. Маҳз дар заминаи Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам омад, ки Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ манфиатҳои миллии худро муаррифӣ ва ҳимоя намуда, чун муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ, худшиносии мардум, ваҳдати ҷомеа ва рушди устувори Тоҷикистон нақши асосӣ дорад.
Ҳамин тавр, дастовардҳои бузурге, ки Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба онҳо ноил гардидааст, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдати миллӣ нақши муҳим доранд. Истиқлолият ба шаҳрвандони кишвар имконият фароҳам овард, ки худро ҳамчун соҳибони ҳақиқии давлати мустақил, ки дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ шудааст, эҳсос намуда, дар бунёди ҷомеаи нав ва рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими Истиқлолият вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Дар маҷмуъ, таҷрибаи 35-солаи Истиқлолияти давлатӣ нишон медиҳад, ки давлатсозӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, рушди инфрасохтор ва таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон равандҳои ба ҳам пайвастаи давлатдории миллӣ мебошанд. Ҳамаи ин дастовардҳо заминаи устувореро барои рушди минбаъдаи кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум фароҳам меоранд.
Абдурасул РАҲИМЗОДА,
омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng