Истиқлолият барои ҳар як миллат бузургтарин неъмати таърихӣ ва асоси ҳастии давлату давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, ин дастовард барои миллати тоҷик рӯйдоди сарнавиштсоз, марҳилаи нави таърихию давлатдории миллиро оғоз намуд.

9 сентябри соли 1991 дар таърихи давлатдории тоҷикон муҳимтарин санаи таърихӣ боқӣ мондааст. Дар ин рӯз Тоҷикистон роҳи мустақили давлатдориро интихоб намуда, ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид, ба мардуми тоҷик имконият фароҳам овард, ки тақдири давлату миллатро мустақилона муайян намуда, барои бунёди ҷомеаи нав ва рушди кишвар замина гузоранд.

Роҳи тайкардаи Тоҷикистон давоми 35 сол роҳи осон набуда, бо мушкилоти зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид, аммо бо талошҳои пайвастаи Роҳбари давлат ва мардуми шариф сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таҳким ёфт.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт ва соҳибкорӣ рушд карда, дар кишвар иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд гардида, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои гуногун амалӣ шуданд.

Яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлол эҳёи худшиносии миллӣ ва арзишҳои фарҳангии тоҷикон, забони давлатӣ, таърихи пурғановати миллат, адабиёт, фарҳанг, анъана ва расму оинҳои миллӣ бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи давлат дар таҳкими истиқлолият нақши муҳим доранд. Имрӯз барои ҷавонон имкониятҳои бештар ҷиҳати таҳсил, омӯзиши илм, технологияҳои муосир, соҳибкорӣ ва фаъолияти ҷамъиятӣ фароҳам оварда мешаванд. Насли ҷавон бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, дониш, ҷаҳонбинии васеъ ва масъулияти шаҳрвандӣ барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузорад.

35-солагии Истиқлолият на танҳо ҷашни як санаи таърихӣ, балки фурсати муносиб барои андеша дар бораи роҳи тайкардаи давлат, вазифаҳои оянда, меҳнати содиқона, риояи қонун, эҳтироми арзишҳои миллӣ, ҳифзи сулҳу субот ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватанро талаб намуда, моро водор месозад, ки ба гузашта бо эҳтиром ва ба оянда бо умеду боварӣ қадам гузорем.

 

Маҳтоб ҲАМИДОВА,

муаллими калони кафедраи менеҷменти ДДМИТ