Истиқлолияти давлатӣ, бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, Тоҷикистонро чун давлати соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ муаррифи сохт.

Солҳои аввали Истиқлол барои Тоҷикистон давраи хеле душвор буда, мушкилоти сиёсию иқтисодӣ, нооромии ҷомеа ва ҷанги шаҳрвандӣ ба суботу якпорчагии кишвар таҳдид мекард. Дар чунин шароити ҳассос Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарии давлат омад ва масъалаи нигоҳ доштани давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳу субот ва таҳкими истиқлолиятро аз вазифаҳои асосии худ қарор дод. Яке аз вазифаҳои муҳим ташаккул додани пояҳои давлати мустақил буда, пас аз барқарор гардидани сулҳу субот барои рушди иқтисодиёти мамлакат имкониятҳои бештар фароҳам омада, сохтмони иншооти иҷтимоӣ, роҳҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар объектҳои инфрасохторӣ вусъат пайдо карданд.

Рушди маориф, илм, фарҳанг ва ҳифзи мероси миллӣ низ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба роҳ монда шуда, ба мардуми тоҷик имконият дод, ки забон, фарҳанг, анъана ва арзишҳои миллии худро бештар эҳё ва инкишоф диҳанд.

Имрӯз ҳифзи истиқлолият, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар буда, насли ҷавон бояд таърихи давлати соҳибистиқлолро хуб омӯхта, ба Ватан эҳтиром гузошта, дар ободии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

 

Нилуфар НУСРАТУЛЛОЗОДА,

омӯзгори ДДМИТ