ИСТИҚЛОЛИЯТ - МЕҲВАРИ АСОСИИ ДАВЛАТ ВА РУШДИ БОЗОРИ СУҒУРТА
Истиқлолият яке аз меҳварҳои асосии давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули 35 соли ба даст овардани истиқлолият дар рушди бозори молияви ба дастовардҳои бузурге ноил гардидааст. Аз ҷумла фароҳам овардани низоми иқтисодӣ ва молиявии давлат мебошад, ки барои устуворсозии иқтисодии давлат барои таҳким ва густариш додани низоми молияви кушишҳои зиёде намудааст. Барои Тоҷикистон, ки таърихи чандҳазорсолаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ дорад имкони эҳёи арзишҳои миллӣ ва муарифии онҳо ба ҷаҳониёнро фароҳам овардааст, ки Тоҷикистон дар тули 35 соли истиқлолияти худ ба дастоварҳои назаррасе ноил гардидааст ва арзишҳои милии худро то ба имрӯз ҳифз менамояд ва ба ҷаҳониён муарифи мекунад.
Яке аз бахшҳои муҳими дастовардҳои замони истиқлолияти кишварамон ин метававон ба соҳаи илму маориф марбут дониста шавад ва бо шарофати истиқлолият ватани маҳбубамон ҳамасола 9-уми сентиябрро бо тантана ҷашн мегирем ва аз дастовардҳои истиқлолият ва рушду нумуи онро ба ҷаҳониён муарифи менамоем.
Дар солҳои аввали ба дат овардани истиқлолият дар Тоҷикистон зарурият ба миён омад, ки бозори суғуртаро рушдиҳанд ва ин ба манфиати кор дониста мешавад ва рушди суғурта дар замони истиқлолият тавонис, ки ба дастовардҳои наззаррасе ноил гардад ва барои муносибатҳои бозори ва соҳибкори муҳим дониста шуд ва фаъолияти ширкатҳои суғуртави марҳила ба марҳила устувор гардида истодааст.
Дар замони 35 соли истиқлолият ширкатҳои суғуртави ба 17 ширкат омада расид ин шаҳодат аз он медиҳад, ки бозори суғуртаи малакат рушд карда истодааст ва барои дигар соҳаҳои иқтисоди муҳим дониста мешавад ва барои танзими муносибатҳои суғуртавӣ заминаҳои ҳуқуқи фароҳам оварда шуда, қонунҳо ва дигар санадҳои дахлдор қабул гардидааст.
Яке аз самтҳои муҳими рушди соҳаи суғурта дар замони соҳибистиқлоли ин зиёд намудани хизматрасониҳои суғуртави дониста мешавад, ки имрӯз суғуртаҳои бонкӣ, саломати, молумулки аҳоли, нақлиёт ва дигар намуди бастани шартномаҳои суғуртави рушд карда истодаанд аз ҷумла рушди соҳибкори ва фаъолияти соҳибкории хурду миёна барои васеъ гардидани бозори суғурта мусоидат карда истодааст.
Суғурта на танҳо воситаи ҳифзи молиявии шаҳрвандон, яке аз унсурҳои муҳими рушди иқтисодӣ миллӣ ба ҳисоб меравад ва маблағҳои ҷамшуда тавасути фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ метавонад ба рушди бозори молияви мусоидат намояд. Ҳаминтавр дар даврони Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи суғурта марҳилаи муҳими ташшакулро аз сар гузаронидааст таҳкимбахши ва устуворсозии бозори суғурта дар даврони истиқлолият дониста шуда барои нигоҳдории хавфҳо бастани шартномаҳои суғуртави муҳим дониста шуда ва худро аз хатар ба восидаи бастани шартнома эмин нигоҳ медорад ва хатарро метавонад ба осони паси сар намояд худро эмин нигоҳ дорад.
Гуфтан ба маврид аст, ки мустақилияти давлат дар нигоҳ доштани ягонагӣ ва волоияти ҳокимияти давлатӣ дар қаламрави мамлакат ва соҳибихтиёри дар субектони иқтисодию молияви ифода меёбад ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилали ҳамчун давлати соҳибистиқлол мешиносанд ва бо ибтикори Пешвои миллат эҳтиромаш мегузоранд.
Истиқлолият ба мардум имконият фароҳам овард, ки сарнавишти давлату миллатро мустақилона муаян намояд ва барои ободии Ватан ва таъмини зиндагии шоистаи мардум имкониятҳо фароҳам оварад.
М. ҲУСАЙНОВ, н.и.и. дотсент
М. СУЛТОНОВ, н.и.и. дотсент.
Тоҷ
Рус
Eng