ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ-ТАҲАВВУЛОТИ СИЁСӢ ВА ТАШАККУЛИ МОДЕЛИ МУОСИРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Истиқлоли давлатӣ яке аз муҳимтарин арзишҳои сиёсию ҳуқуқии ҷомеаи муосир ва заминаи асосии ташаккули давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. 9 сентябри соли 1991 оғози марҳилаи нави таърихӣ буда, барои ташаккули давлати мустақил, муайян намудани самтҳои сиёсати дохилӣ, хориҷӣ ва бунёди низоми мустақили институтҳои давлатӣ имкониятҳои нав фароҳам овард, ки ин сана барои таҳлили илмӣ-назариявии таҷрибаи давлатсозии миллӣ аҳамияти хос дорад.
Аз нуқтаи назари сиёсатшиносӣ, Истиқлолият танҳо ба даст овардани соҳибихтиёрии ҳуқуқии давлат набуда, пеш аз ҳама қобилияти мустақилонаи давлатро дар ташаккули институтҳои сиёсӣ, муайян намудани ҳадафҳои миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ, ҳифзи тамомияти арзӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ ифода мекунад. Аз ин рӯ, 35 соли истиқлолро метавон ҳамчун давраи ташаккул, таҳким ва таҳаввули модели давлатдории миллии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
Дар марҳилаҳои минбаъда масъалаи таҳкими институтҳои давлатӣ ва такмили низоми идоракунии давлатӣ аҳамияти бештар пайдо кард. Низоми мақомоти давлатӣ, қонунгузорӣ ва механизмҳои идоракунӣ тадриҷан инкишоф ёфтанд.
Дар натиҷаи таҳаввулоти сиёсии 35-сола аз ташаккули асосҳои давлатдории соҳибистиқлол то таҳкими институтҳои сиёсӣ ва рушди механизмҳои муосири идоракунӣ идома ёфтааст.
Мафҳуми «модели давлатдорӣ» маҷмуи принсипҳо, институтҳо ва механизмҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва идоракуниро дар бар мегирад. Модели муосири давлатдории Тоҷикистон дар асоси принсипҳои соҳибихтиёрӣ, ягонагии давлат, волоияти қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дигар меъёрҳои конститутсионӣ ташаккул ёфтааст.
Яке аз хусусиятҳои муҳими давлатдории муосир қобилияти мутобиқшавии институтҳои давлатӣ ба тағйироти ҷомеа мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва тағйироти иқтисодию иҷтимоӣ давлат бояд механизмҳои идоракунии худро пайваста такмил диҳад.
Дар ин замина модернизатсияи сиёсӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Модернизатсияи сиёсӣ раванди такмил додани институтҳои сиёсӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, рушди механизмҳои қабули қарорҳо ва мутобиқ намудани фаъолияти давлат ба талаботи нави ҷомеа мебошад.
Яке аз самтҳои муҳими модернизатсияи имрӯза рақамикунонии идоракунии давлатӣ мебошад. Истифодаи технологияҳои рақамӣ метавонад дастрасии шаҳрвандонро ба хизматрасониҳои давлатӣ беҳтар намуда, суръати коркарди иттилоот ва самаранокии идоракуниро баланд бардорад.
Дар баробари ин, барои ташаккули модели муосири давлатдорӣ рушди сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти хизматчиёни давлатӣ, таҳкими фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ва рушди илмҳои сиёсӣ низ аҳамияти калон доранд.
Яке аз масъалаҳои муҳим дар таҳлили давлатдории Тоҷикистон робитаи байни Истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Дар таҷрибаи давлатҳои муосир суботи сиёсӣ яке аз омилҳои асосии рушди институтҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Барои Тоҷикистон низ таъмини сулҳу субот шарти муҳими гузариш аз марҳилаи буҳронӣ ба марҳилаи давлатсозӣ ва рушди устувор гардид.
35-солагии Истиқлоли давлатӣ на танҳо санаи муҳими ҷашнӣ, балки имконияти илмӣ барои арзёбии таҷрибаи 35-солаи давлатсозӣ ва муайян намудани вазифаҳои марҳилаи минбаъдаи рушди давлатдорӣ мебошад.
Дар шароити муосир самтҳои муҳими рушди давлатдорӣ баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, рушди технологияҳои рақамӣ, такмили хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани фарҳанги сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандонро дар бар мегиранд.
Дар ин марҳила робитаи илм ва сиёсати давлатӣ низ бояд тақвият дода шавад. Қарорҳои сиёсӣ ва идоракунӣ дар ҷомеаи муосир бояд бештар ба таҳлили илмӣ, маълумоти оморӣ ва натиҷаҳои таҳқиқоти соҳавӣ такя намоянд. Чунин муносибат метавонад ба баланд гардидани сифати қабули қарорҳои давлатӣ ва самаранокии идоракунии ҷамъиятӣ мусоидат намоянд.
Таҳлили илмӣ-назариявии 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки Истиқлолият барои ташаккули давлати мустақил ва низоми нави сиёсию ҳуқуқӣ заминаи асосӣ фароҳам овард.
Ҳамин тариқ, 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ҳамчун марҳилаи муҳими ташаккул ва таҳкими модели муосири давлатдории миллӣ арзёбӣ намуд. Агар истиқлол заминаи ҳуқуқию сиёсии давлатдориро фароҳам оварда бошад, пас рушди пайвастаи институтҳои сиёсӣ, такмили низоми идоракунӣ, таҳкими суботи сиёсӣ ва мутобиқшавӣ ба талаботи нави ҷомеа шароити муҳими таҳкими минбаъдаи давлатдории миллӣ мебошанд.
А. АСОЕВ,
мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng