ДАСТОВАРДҲО ДАР МАСИРИ 35-СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як халқу миллат санади ҳуқуқӣ, сиёсӣ, заминаи маънавии рушди минбаъдаи ҷомеа мебошад. Истиқлолият барои мардуми мо имконият дод, ки давлатдории худро аз нав барқарор намуда, роҳи мустақилонаи рушдро интихоб кунанд ва дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешрафта эътироф гардад.
Марҳилаи ибтидоии Истиқлолият бо мушкилоти шадиди иқтисодӣ, аз ҷумла коҳиши истеҳсолот ва вайроншавии робитаҳои истеҳсолии давраи шуравӣ ҳамроҳ буд. Бо вуҷуди ин, тайи солҳои минбаъда Ҳукумати Тоҷикистон стратегияҳои мушаххаси рушди иқтисодиро таҳия ва амалӣ намуд, ки ҳадафи асосии онҳо гузариш аз иқтисоди марказонидашуда ба иқтисоди бозоргонӣ буд. Дар ин раванд ислоҳоти соҳаи молиявию бонкӣ, рушди бахши хусусӣ, беҳдошти фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ҷойгоҳи муҳим доранд. Тоҷикистон ба созмонҳои муҳими байналмилалии молиявию иқтисодӣ, аз ҷумла Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ шомил гардид, ки ин барои васеъ намудани ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои ҷаҳон мусоидат кард. Дар баробари ин, самти дигари муҳими сиёсати иқтисодӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар — ба яке аз афзалиятҳои стратегӣ табдил ёфт.
Соҳаи энергетика дар сиёсати давлатии Тоҷикистон ҳамчун яке аз афзалиятҳои калидии рушд муайян гардидааст. Бо назардошти захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, кишвар кӯшиш намуд, ки истиқлолияти энергетикии худро таъмин намояд ва аз воридоти энергия дар давраи зимистон раҳо ёбад. Дар ин самт лоиҳаҳои калони гидроэнергетикӣ, аз ҷумла сохтмон ва такмили нерӯгоҳҳои барқи обӣ амалӣ гардиданд, ки минбаъд на танҳо талаботи дохилии кишварро дар соҳаи барқ таъмин намуданд, балки имконияти содироти энергияи барқ ба кишварҳои ҳамсояро низ фароҳам оварданд. Ҳамзамон, корҳо оид ба барқарор ва навсозии хатҳои интиқоли барқ, васеъ намудани шабакаҳои энергетикӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар идома доранд, ки ин барои рушди устувори соҳаҳои саноат ва хоҷагии қишлоқ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар давраи Истиқлолият низоми илмии кишвар низ марҳилаи такмил ва навсозиро аз сар гузаронд. Самтҳои афзалиятноки илмӣ, аз ҷумла омӯзиши захираҳои табиӣ, гидроэнергетика, кишоварзӣ, тиб ва технологияҳои иттилоотӣ, мавриди таваҷҷуҳи хосаи давлат қарор доранд. Ҳамкории байналмилалии илмӣ, иштироки олимони тоҷик дар конфронсу семинарҳои ҷаҳонӣ ва рушди грантҳои илмӣ ба густариши иқтидори илмии кишвар мусоидат намуданд. Дар баробари ин, дар солҳои охир диққати ҷиддӣ ба рушди технологияҳои раќамӣ ва инноватсионӣ дода мешавад, ки барои муосиршавии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт заминаи муҳим фароҳам меорад.
Таҳлили масири 35-солаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки кишвар тавонист аз марҳилаи мураккаби ибтидоии давлатсозӣ гузашта, ба сохтани давлати муосир, ҳуқуқбунёд ва рӯ ба рушд ноил гардад. Дастовардҳо дар соҳаҳои давлатдорӣ, иқтисодиёт, энергетика, инфрасохтор, маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, сиёсати хориҷӣ ва таъмини амният далели он мебошанд, ки Тоҷикистон дар масири Истиқлолият роҳи созандагиро интихоб намудааст. Дар айни замон, раванди рушд ҳамеша бо вазифаҳои нав ҳамроҳ аст ва идомаи ислоҳот, ҷалби сармоягузорӣ, рушди сармояи инсонӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйироти ҷаҳонӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки таваҷҷуҳи минбаъдаи давлат ва ҷомеаро талаб мекунанд. Таҷрибаи 35-соли Истиқлолият собит менамояд, ки бо ваҳдати миллӣ ва меҳнати созанда, Тоҷикистон қодир аст, ки ба ҳадафҳои банақшагирифтаи худ дар оянда низ комёб гардад.
Меҳроҷиддин НОСИРОВ,
Меҳроб ҶАЛИЛОВ,
омӯзгорони кафедраи забони тоҷикии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng